logo

маориф

МУШКИЛИ РӮЗ – ТАЪМИН БО ҶОЙИ КОР

Соли ҷорӣ Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимиро 2 671 донишҷӯ хатм карданд, ки аз ин 147 нафарашон дипломи сурх гирифтанд. Дар ин бора Ҳайдар Одинаев, ректори донишгоҳи мазкур, зимни нишасти матуботӣ иттилоъ дод.
- Ҳарчанд ҳусни таваҷҷуҳи идораву корхонаҳои гуногун ба хатмкунандагони донишгоҳи мо бад нест, масъалаи бо кор таъмин намудани хатмкунандагон яке аз масъалаҳои доғи рӯз буда, ҳанӯз ҳалли пурраи худро наёфтааст. Мо асосан хатмкунандагони гурӯҳҳои буҷавиро ба корхонаҳои давлатӣ бо роҳхат ба кор мефиристем. Онҳо бояд дар корхонаҳои давлатӣ се сол кор карда, баъд дипломашонро гиранд. Дар ин самт мушкилоти ҳалталаб зиёданд. Донишгоҳ  чораҳои мушаххас андешида истодааст, ки робитаро бо вазорату идораҳо ва корхонаҳои истеҳсолӣ дар шакли сифатан нав ба роҳ монда, вазъи  бо кор таъмин кардани хатмкунандагонро беҳтар намояд. Соли ҷорӣ устодони донишгоҳ аз рӯи 9 мавзӯи фармоиши буҷавии Вазорати маориф ва илм ва зиёда аз 130 мавзӯи таҳқиқотҳои фардӣ корҳои илмии таҳқиқотӣ анҷом доданд. Соли хониши ҷорӣ 59 донишҷӯ аз кишварҳои хориҷӣ – Чин, Покистон, Эрон, Афғонистон ва Қирғизистон ба донишгоҳ қабул шуданд, - иброз дошт Ҳайдар Одинаев.
Гуфта шуд, ки соли ҷорӣ донишгоҳ тибқи нақша 2160 донишҷӯро тавассути маркази миллии тестӣ қабул мекунад. Донишгоҳ ба факултети муштараки муҳандисӣ - техникии Тоҷикистону Беларус қабули довталабонро ба роҳ мондааст ва бояд наздик ба 100 донишҷӯ қабул кунад.

Ҳарамгули ҚОДИР


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.07.2014    №: 133    Мутолиа карданд: 950
30.07.2021


Миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Баҳрайн машварат доир шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

28.07.2021


Санаи сафари давлатии Пешвои миллат ба Туркманистон дақиқ шуд

ФУТЗАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Тамринҳои низомӣ дар марз бо Афғонистон бо иштироки 1,5 ҳазор нафар аз се кишвар

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҚАЛЪАИ ЯМЧУН БАРҚАРОР МЕГАРДАД

27.07.2021


Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

Варзиш

26.07.2021


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Варзиш

AFP: “ИМА амалиётҳои ҳавоиро дар Афғонистон дар сурати ҳамлаҳои нави “Толибон” идома медиҳанд”

Ҷаҳон дар як сатр

ВМКБ. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ МИНТАҚАВӢ БА 454,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед