logo

маориф

ҚАБУЛИ ДОВТАЛАБОН ДУ БАРОБАР ЗИЁД МЕШАВАД

Хуршед Зиёев, ректори Донишкадаи забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти донишкада дар шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ иброз дошт, ки баҳри амалӣ намудани Барномаи давлатии такмили омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ барои солҳои 2015 – 2020 дастур шуд, ки лоиҳаи бинои нави иловагии  таълимӣ дар назди донишкада таҳия гардад. Дар ин самт корҳои банақшагирӣ ва сохтмон шуруъ шудааст ва   дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин ба итмом хоҳанд расид.
Соли таҳсили 2013 – 2014 аввалин маротиба магистратураи донишкадаро  13 нафар бо ихтисоси забони англисӣ, 540 нафар, аз ҷумла 335 нафар  бо  ихтисоси омӯзгорӣ ва 192 нафар бо ихтисоси тарҷумонӣ хатм намуданд. Тарбияи кадрҳои баландихтисоси забондон, тарҷумонҳо ва омӯзгорони оянда аз 10 забон дар 20 ихтисос ба роҳ монда шудааст.
Зикр шуд, ки дар самти фаъолияти илмӣ ва инноватсионӣ низ дастовардҳо  назаррасанд. Дар ин давра аз рӯи шаш самт корҳои илмӣ – тадқиқотӣ бурда шуд. 5 монография, 61 мақолаи илмӣ ва илмию методӣ, дастури таълимию методӣ  ба табъ расид.  6 рисолаи номзадӣ ва 1 рисолаи докторӣ барои дифоъ пешниҳод гардиданд.
Донишкада робитаҳои хориҷиро бо Хазинаи Сорос, маркази «Конфутсий», «Темпус», DAAD, Россотрудничество, ширкати чинии «China roud» ба роҳ мондааст. Ҷиҳати мустаҳкам намудани базаи моддию техникии донишкада лоиҳаи грантии  «Темпус» -  «Тавсеаи меъёрҳои лингвистӣ дар таҳсилот» бо маблағи 60 ҳазор евро амалӣ шуда истодааст.
- Бо мақсади зиёд намудани сафи омӯзгорони забони русӣ ва англисӣ тасмим гирифтем, ки соли ҷорӣ қабули довталабонро ду баробар зиёд намоем, - гуфт ректори донишкада.
Ш. ҚУРБОН


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.07.2014    №: 138    Мутолиа карданд: 1161
30.07.2021


Миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Баҳрайн машварат доир шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

28.07.2021


Санаи сафари давлатии Пешвои миллат ба Туркманистон дақиқ шуд

ФУТЗАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Тамринҳои низомӣ дар марз бо Афғонистон бо иштироки 1,5 ҳазор нафар аз се кишвар

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҚАЛЪАИ ЯМЧУН БАРҚАРОР МЕГАРДАД

27.07.2021


Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

Варзиш

26.07.2021


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Варзиш

AFP: “ИМА амалиётҳои ҳавоиро дар Афғонистон дар сурати ҳамлаҳои нави “Толибон” идома медиҳанд”

Ҷаҳон дар як сатр

ВМКБ. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ МИНТАҚАВӢ БА 454,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед