logo

номаҳо

Вазифаи бачаҳо говчаронист?

Омӯзгорон дар маҷлисҳои умумии падару модарон ба диққати онҳо мерасонанд, ки «таълиму тарбия вазифаи бузургест. Мо бояд дар якҷоягӣ фарзандони шуморо тавре таълиму тарбия бидиҳем, ки дар оянда номбардори давлату миллатамон бошанд». Падару модарон «оре» гӯён тасдиқ мекунанд, аммо таътили тобистона, ки сар шуд, ҳамаро фаромӯш менамоянд. Дар ин фасл барои фарзандон, бахусус бачаҳо, машғулият меёбанд: говчаронӣ, алафдаравӣ, савдогарӣ ё шуғли дигар. Ҳадди ақал як моҳи тобистонро барои тамрини зеҳнашон  ва ё барои истироҳат намебахшанд. Шояд говчаронӣ ё молбонӣ ҳамчун шуғли наврасӣ ва ҷузъи машғулияти оилавӣ бошад, аммо дар зери офтоби тафсон ва даштҳо соатҳо гаштугузор кардан ба саломатии онҳо таъсири манфӣ мерасонад.
Омӯзгор мисли боғбон аст, ки барои ниҳолони бо умед ба замин шинондааш тамоми заҳматҳоро мекашад, то самараи хуб ба даст орад. Кӯдакон мисли ниҳолони наврустаанд, ки омӯзгорон бо муҳаббату самимият парвариш мекунанд. Парвариши ана ҳамин ниҳолони навруста дар таътили тобистона бар зиммаи падару модарон аст. Падару модарон ба онҳо чӣ гуна таълиму тарбия медиҳанд?
Ҷавоби ин суолро мо он вақт мефаҳмем, ки шогирдонамон пас аз таътили тобистона ба муассисаи таълимӣ меоянд. Аз бемасъулиятии баъзе аз падару модарон саводи азхудкардаи шогирдон коста мегардад. Акнун омӯзгор бояд, чанд моҳи дигар ранҷ кашад, то ҳушу ёди шогирдро ба дарс ва омӯзиш баргардонад.  Ҳоло, ки таътили тобистона аст, ростӣ, барои баъзе аз кӯдаконе, ки дар деҳа зиндагӣ мекунанд, хавотирам. Ҳар рӯз: аз  субҳ то шом як вазифаро иҷро мекунанд. Саҳарии барвақт говҳоро ба чарогоҳ  мебароранду бегоҳ меоранд.
Ҳайбӣ МАҚСУДОВА, муаллима, ноҳияи Рӯдакӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.07.2014    №: 143    Мутолиа карданд: 885
23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

15.07.2021


347 шаҳрванди Афғонистон дар Тоҷикистон паноҳ бурд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ТОКИО – 2020

Сухане чанд дар бораи СҲШ

Ҷаҳон дар як сатр

14.07.2021


Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Покистон

Аз нишастҳои матбуотӣ

ХАТЛОН. МУБОРИЗА БО COVID-19 ПУРЗӮР МЕГАРДАД

КРИШТИАНУ РОНАЛДУ СОҲИБИ "БУТСИИ ТИЛЛОӢ" ГАРДИД

СММ: «Аз даҳ як ҳиссаи аҳолии ҷаҳон нимгуруснаанд»

Ҷаҳон дар як сатр

13.07.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Суҳбати телефонии Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон

ХОНАНДАГОНИ ДУШАНБЕ АЗ БЕҲТАРИНҲО ЭЪТИРОФ ШУДАНД

«Толибон» шарти оташбасро дар Афғонистон зикр карданд

Ҷаҳон дар як сатр

12.07.2021


ВОДИИ РАШТ

12 ИЮЛ - ДАВРИ ИЛОВАГИИ ИМТИҲОНҲОИ ММТ

Вазири корҳои хориҷии Чин дар бораи муносибот бо Россия сухан гуфт

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед