logo

барқияҳо

Барқияи шодбош ба Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай

19 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай барқияи шодбош ирсол намуд, ки дар он омадааст:
«Ҷалолатмаоб,
Ниҳоят хушнуд ва масрурам, ки Шумо ва мардуми дӯсти Афғонистонро ба ифтихори ҷашни фархундаи миллӣ – 95-умин солгарди истирдоди истиқлоли давлатии Афғонистон – сидқан табрику таҳният намоям.
Халқҳо ва кишварҳои мо пайвандҳои амиқи таърихӣ ва таҷрибаи арзишманди ҳамёрӣ ва ҳусни ҳамсоягӣ доранд.
Мо қаноатмандем, ки тайи солҳои охир дар рушд ва таҳкими равобит ва ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, маорифу фарҳанг ва амниятиву низомӣ ва дар маҷмӯъ дар тақвияти дӯстии Тоҷикистону Афғонистон муваффақиятҳои бузург ба даст овардем.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдори густариш ва тавсеаи ин равобити дӯстона ва ҳамкории мутақобилан судманди ду кишвари бародар мебошад ва ҷиҳати такони тоза бахшидан ба ин раванд тамоми кӯшишҳои заруриро ба харҷ хоҳад дод.
Бо истифода аз ин фурсат изҳори итминон мекунам, ки Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар ин марҳилаи тақдирсоз ба туфайли хирад ва талошҳои пайгиронаи роҳбарияти худ бо сарбаландӣ муваффақ хоҳад шуд, то аз имтиҳонҳои кунунӣ бо ҳамбастагию оромиш ва ваҳдати беш аз пеш берун ояд.
Дар ин рӯзи саид ба Ҷалолатмаоб, сиҳатии комилу саодат, ва ба мардуми дӯсти Афғонистон, субот, ваҳдати миллӣ, хушрӯзӣ ва пешрафти ҳамагонӣ орзумандам».
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.08.2014    №: 164    Мутолиа карданд: 993
23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

15.07.2021


347 шаҳрванди Афғонистон дар Тоҷикистон паноҳ бурд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ТОКИО – 2020

Сухане чанд дар бораи СҲШ

Ҷаҳон дар як сатр

14.07.2021


Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Покистон

Аз нишастҳои матбуотӣ

ХАТЛОН. МУБОРИЗА БО COVID-19 ПУРЗӮР МЕГАРДАД

КРИШТИАНУ РОНАЛДУ СОҲИБИ "БУТСИИ ТИЛЛОӢ" ГАРДИД

СММ: «Аз даҳ як ҳиссаи аҳолии ҷаҳон нимгуруснаанд»

Ҷаҳон дар як сатр

13.07.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Суҳбати телефонии Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон

ХОНАНДАГОНИ ДУШАНБЕ АЗ БЕҲТАРИНҲО ЭЪТИРОФ ШУДАНД

«Толибон» шарти оташбасро дар Афғонистон зикр карданд

Ҷаҳон дар як сатр

12.07.2021


ВОДИИ РАШТ

12 ИЮЛ - ДАВРИ ИЛОВАГИИ ИМТИҲОНҲОИ ММТ

Вазири корҳои хориҷии Чин дар бораи муносибот бо Россия сухан гуфт

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед