logo

номаҳо

МАОРИФ: ДАСТОВАРДҲО НАЗАРРАСАНД

Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон!
Мо, маорифчиёни ноҳияи Спитамен, сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати ҷумҳуриро пурра ҷонибдорӣ намуда, аз эътибори таваҷҷуҳи рӯзафзуни Шумо нисбат ба соҳаи маориф муташаккир ва миннатпазирем. Маҳз ба туфайли сиёсати оқилона ва дурандешонаи Шумо, Ҷаноби Олӣ, соҳаи маорифи ҷумҳурӣ дар солҳои охир ба пешрафтҳои намоён ноил гардид, дар ҳамаи ҷабҳаҳо комёбиҳои назаррас ба амал омад. Инро мо дар мисоли ноҳияи худамон – Спитамен низ гуфта метавонем.
Ҳангоми сафари кориатон ба ноҳия барои ободонии он аз ҳисоби маблағҳои захираи президентӣ ду миллион сомонӣ ҷудо намудед, ки пурра ба соҳаи маориф масраф гардид ва якчанд мактабу кӯдакистон аз таъмири хушсифат баромад. Моҳи сентябри соли 2013 ба парваришгоҳи ноҳия, ки бо ҳидояти Шумо аз таъмири куллӣ бароварда, бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ таъмин гардида буд, ташриф овардед ва ба ин маскани тарбия 20 компутер ва 5 принтер туҳфа намудед. Бо супориши Шумо 3 нафар тарбиягирандаи ин парваришгоҳ тибқи квотаи президентӣ ба донишгоҳи олӣ дохил шуд. Ҳамзамон бо назардошти аз мутахассисони варзида танқисӣ кашидани муассисаҳои таълимӣ ба таври илова боз 60 квотаи Шумо, Ҷаноби Олӣ ба ноҳияи мо ҷудо гардид. Ин илова бар он 20 квотаи президентӣ буд, ки ноҳияи мо дар қатори дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ гирифта буд. Ин имкон дод, ки танҳо соли равон 83 нафар хатмкардагони болаёқати муассисаҳои таълимии ноҳия бо тариқи квотаи Шумо, Ҷаноби Олӣ, сазовори номи баланди донишҷӯ шаванд.
Мо, омӯзгорон ва падару модарон аз ин эътибору таваҷҷуҳи падаронаи Шумо дар ҳаққи фарзандони меҳнаткашон якумр миннатдорем, зеро дар як сол ҷудо шудани ин миқдор квотаи президентӣ барои хатмкунандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи мо дар таърихи ноҳияамон бори аввал аст. Ин имкон медиҳад, ки талаботи бо кадрҳои омӯзгорӣ доштаи ноҳия баъд аз чор-панҷ сол ҳалли  пурраи худро ёбад.
Ҷаноби Олӣ!
Мо итминон дорем, хонандагони бо ғамхории падаронаи Шумо ба донишгоҳҳои олии мамлакат дохилшуда пас аз хатми он бо меҳру муҳаббати бепоён ва дили саршор аз меҳр ва ифтихори Ватану ватандорӣ ба халқи хеш садоқатмандона меҳнат намуда, дар таълиму тарбияи насли наврас ба нишондиҳандаҳои бузург ноил мешаванд ва дар пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми муносиб ва арзандаи худро мегузоранд.
Мо, омӯзгорон ва волидон, аз ин ғамхориҳои падаронаи Шумо бениҳоят шод буда, миннатдории самимии худро  изҳор менамоем.
Аз номи омӯзгорон
ва падару модарони
хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи
умумии ноҳияи Спитамен


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 3.09.2014    №: 172    Мутолиа карданд: 986
23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

15.07.2021


347 шаҳрванди Афғонистон дар Тоҷикистон паноҳ бурд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ТОКИО – 2020

Сухане чанд дар бораи СҲШ

Ҷаҳон дар як сатр

14.07.2021


Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Покистон

Аз нишастҳои матбуотӣ

ХАТЛОН. МУБОРИЗА БО COVID-19 ПУРЗӮР МЕГАРДАД

КРИШТИАНУ РОНАЛДУ СОҲИБИ "БУТСИИ ТИЛЛОӢ" ГАРДИД

СММ: «Аз даҳ як ҳиссаи аҳолии ҷаҳон нимгуруснаанд»

Ҷаҳон дар як сатр

13.07.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Суҳбати телефонии Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон

ХОНАНДАГОНИ ДУШАНБЕ АЗ БЕҲТАРИНҲО ЭЪТИРОФ ШУДАНД

«Толибон» шарти оташбасро дар Афғонистон зикр карданд

Ҷаҳон дар як сатр

12.07.2021


ВОДИИ РАШТ

12 ИЮЛ - ДАВРИ ИЛОВАГИИ ИМТИҲОНҲОИ ММТ

Вазири корҳои хориҷии Чин дар бораи муносибот бо Россия сухан гуфт

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед