logo

номаҳо

БӮЙИ БАДИ КОРХОНА

Фасли гармосту гирду атрофи моро чангу ғубор фаро гирифтааст. Дар баробари ин, фаъолияти доимии корхонаву фабрикаҳо низ ҳавои атмосфераро, ки инсон аз он нафас мекашад, ифлос мекунад.   Заҳролудшавии манбаъҳои обӣ ва хок бошад, таъсири фаъолияти инсон буда,  ҳангоми риоя накардани меъёрҳои бехатарӣ ба амал меояд. Новобаста ба он ки дар ҷумҳурӣ солҳои охир бемориҳои саратони меъда, рӯда, ҷигар ва сактаи дил дар ҳоли афзоишанд, беназоратии  мутахассисони соҳаи ҳифзи муҳити зист ба манбаъҳои обию ҳавоӣ ва заҳрхимикатҳо дида мешавад.
Корхонаи истеҳсоли пӯст дар шаҳри Душанбе ҳамарӯза фаъолият мекунад. Азбаски он қоидаҳои экологиро риоя намекунад, бо коркарди пӯсту дигар ашёи хом, ҳавои дохили шаҳрро заҳролуд месозад. Масалан, 24 августи соли 2011 6 нафар корманди корхона ҳангоми кор заҳролуд шуда фавтиданд.  Имрӯз бошад, истиқоматкунандагони ноҳияи Фирдавсӣ  аз  бӯйи  бади  ин  корхона  ба  дод омадаанд. Онҳо наметавонанд дар берун ҳавои тоза  нафас  гиранд.  Ҳатто  шомгоҳон  дару тирезаи хонаҳояшонро мепӯшанд.
Ба гуфтаи истиқоматкунандагони ноҳия, бо вуҷуди ба масъулони соҳа муроҷиату шикоят кардан мушкили ҷойдошта ҳалли худро наёфта истодааст. Онҳо бар инанд, ки   ба фаъолияти корхона муқобил нестанд, ба ғайр аз бӯйи бадаш.
Чаро роҳбарони ин корхона воқеиятро нодида мегиранд ва бо тақдири одамон бозӣ мекунанд?    

Фирӯза НОРБУТАЕВА,
рӯзноманигор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 5.09.2014    №: 174    Мутолиа карданд: 825
23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

15.07.2021


347 шаҳрванди Афғонистон дар Тоҷикистон паноҳ бурд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ТОКИО – 2020

Сухане чанд дар бораи СҲШ

Ҷаҳон дар як сатр

14.07.2021


Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Покистон

Аз нишастҳои матбуотӣ

ХАТЛОН. МУБОРИЗА БО COVID-19 ПУРЗӮР МЕГАРДАД

КРИШТИАНУ РОНАЛДУ СОҲИБИ "БУТСИИ ТИЛЛОӢ" ГАРДИД

СММ: «Аз даҳ як ҳиссаи аҳолии ҷаҳон нимгуруснаанд»

Ҷаҳон дар як сатр

13.07.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Суҳбати телефонии Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон

ХОНАНДАГОНИ ДУШАНБЕ АЗ БЕҲТАРИНҲО ЭЪТИРОФ ШУДАНД

«Толибон» шарти оташбасро дар Афғонистон зикр карданд

Ҷаҳон дар як сатр

12.07.2021


ВОДИИ РАШТ

12 ИЮЛ - ДАВРИ ИЛОВАГИИ ИМТИҲОНҲОИ ММТ

Вазири корҳои хориҷии Чин дар бораи муносибот бо Россия сухан гуфт

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед