logo

маориф

РИСОЛАТИ ОМӮЗГОР ОЯНДАСОЗИСТ

Зиёда аз 35 сол аст, ки омӯзгори мактаб ҳастам. Дар ин муддат шогирдони зиёдеро дар роҳи зиндагӣ ба камол расондаам. Аксари онҳо ҳоло дар соҳаҳои гуногун кору фаъолият доранд. Ба ростӣ, аз касби хеш розӣ ҳастам ва онро дӯст медорам. Ҳамин буд, ки дар душвортарин лаҳзаҳо онро тарк накардам. Зеро омӯзгорӣ ишқ аст ва на ҳар кас омӯзгори асил шуда метавонад. Аммо баъзан вақт фориғ аз кор лаҳзае ба хаёл рафта, бидуни ихтиёр ғарқи андешаҳои печида мешавам. Ва худ ба худ мегӯям: «Дунёра бин, замона дигар шуду мо дигар шудем».
Замони шӯравӣ ба ин касби пуршараф ҳама меҳри беандоза доштанд. Ҷомеа аз омӯзгорони варзида танқисӣ намекашид. Қадру қимати омӯзгор, иззату эҳтиромаш низ хеле баланд буд. Ба муаллим, сару либоси вай бо ҳавас менигаристанд. Ҳатто бисёриҳо аз ӯ маслиҳат мепурсиданд ва мушкили хешро осон мегардониданд. Имрӯз чӣ? Эҳа, фарқ аз замин то осмон аст. Аз хонандаи мактабхон сар карда, то ҷавони донишҷӯй ба ин касби пуршараф чандон ҳавас надоранд. Хондани онҳо хасакӣ ва аз ноилоҷист. Соле ҳазорон нафар донишгоҳро хатм мекунанд, вале аксари онҳо бо вуҷуди талаботи сахти Вазорати маориф ва илм ба кори омӯзгорӣ рӯй намеоранд. Дар роҳи орзу интихоби касбу ҳунари дигарро боло медонанд.
Ба андешаи ман, ин амали онҳо сабабҳои зиёд дорад. Ҳамин аст, ки дар аксари мактабҳои деҳот ҳоло омӯзгорони ихтисосманд намерасанд. Ба шогирдон аз фанҳои дақиқ ва чанде дигар омӯзгороне дарс медиҳанд, ки дониши пухта надоранд. Магар мо бо ҳамин роҳ фардо шогирдони арзандаро тайёр карда метавонем? Не, ҳаргиз! Ҳар сол дар оғози соли хониш аз рӯйи одат ба синф медароям ва аз шогирдони хатмкунанда бо дили пурфараҳ мепурсам.
- Бачаҳо, оянда аз миёни шумо кӣ нияти омӯзгор шудан дорад?
- Дар синфе, ки зиёда аз 25 нафар хонанда дорад, якбора хомӯшӣ ба миён меояд ва гӯиё, ки ба даҳон ҳама об гирифта бошанд, касе ҷавоб намедиҳад. Ман лаҳзае хомӯш истода, боз мепурсам:
- Кӣ табиб шудан мехоҳад?
Мебинам, ки 5-6 нафар аз ҷой мехезанд.
- Бисёр хуб, - мегӯям ва боз пурсишро идома медиҳам:
- Кӣ милиса шудан мехоҳад?
Пеши чашм боз 4-5 нафари дигар аз ҷой хеста, орзуи ин касб мекунанд.
- Барои чӣ ин касбҳоро шумо орзу мекунед?- ба тагпурсӣ мегузарам ман. – Ё шояд ягон бартарие ҳаст?
- Бале, бо ифтихор мегӯянд онҳо.
- Чӣ хел? – боз мепурсам.
- Дар ин касбҳо айни замон нони худро тезтар меёбӣ, - гуфт шогирде ва афзуда илова кард.- Устод, замона ҳаминро талаб мекунад…
Аз пурсишҳо аён гардид, ки боқимонда яке тоҷиру дигар бозорнишин шуда, аробаи зиндагиро пеш бурданианд.
Ман баъди чунин посухҳои шогирдон маъюс шуда, худ ба худ мегӯям: «Ана, қадру қимати омӯзгор. Аз як синфи калон ақаллан талабае пайдо нашуд, ки ба касби омӯзгорӣ шавқ ё меҳру муҳаббате дошта бошад». Ба ростӣ, дар ин лаҳзаҳо басо нороҳат шуда, ба худ мепечаму оҳи сарде мекашам. Нафас дар гулӯям гиреҳ афтода, аранге хешро ба даст мегирам ва боз рӯ ба шогирдон оварда мепурсам:
- Бачаҳо, сабаб чист, ки аз миёни шумо касе оянда омӯзгор шудан намехоҳад?
- Сабабаш бисёр аст, - аз ҷой хеста мегӯяд шогирди миёнахоне ва илова мекунад. - Бародари ман Донишгоҳи омӯзгориро хатм намудааст. Лекин имрӯз савдогари бозор аст. Ҳар рӯз дусад ё сесад сомонӣ фоидаи соф ба даст меорад. Хулоса, дар се рӯз музди якмоҳаи омӯзгориро ба даст меорад.
- Устод, чӣ ҷои пинҳон аст? – инони суханро ба даст гирифта мегӯяд шогирди дигаре. –Дур нарафта, падари худамро, ки солҳо ҳамроҳи шумо кор мекард, мисол меорам. Агар шаш сол пеш ба Русия ба мардикорӣ намерафт, имрӯз мо - аҳли оила аниқ дар кӯча мемондем. Зеро дар хонаи иҷора умр ба сар мебурдем. Шукри Худо ҳоло соҳиби шароитҳои хуб ҳастем.
Ёд дорам. Се сол пештар дар маркази ноҳия машварати августии омӯзгорон баргузор гардида буд. Ман ба ҳайси вакил дар он иштирок доштам. Ҳамин ки музокираҳо ба миён омаданд, омӯзгори мактаби миёнаи таҳсилоти миёнаи № 13, Аълочии маорифи Тоҷикистон Одинашоҳ Ғаффоров ба минбар баромад. Суханронии ӯро ҳама бо мароқ гӯш карда, хуш пазируфтанд. Ӯ аз ҷумла гуфт: «Муаллим бояд озод бошад. То вақте ки ба ҷойи китобу қалам дар дасти ӯ дос, белу каланд аст, аз ӯ муаллими хуб намебарояд…».
Рости гап, мақсади ман санг задан ба ҳамкасбон нест. Дар ҳама давру замонҳо қадри муаллим баланд буд. Ӯ бояд ҳаргиз муҳтоҷ набошад. Мутаассифона, имрӯз садҳо омӯзгорони асил дар ғарибӣ ва дигар ҷойҳо ба ҳайси мардикор ё кори дигар дар талоши ҳаётанд. Шогирдон  бошанд, ба ин касби пуршараф меҳр надоранд. Пас, мо таълиму тарбияи насли минбаъдаро ба дасти кӣ месупорем? Ба муаллими асил ё каси дигар? Ба ростӣ, рӯйи коғаз овардани ин андешаҳо барои ман танҳо аз дарду алам аст. Охир мактаб даргоҳи хеле азиз ва муқаддас мебошад. Дар ин ҷо бояд омӯзгорони ҳақиқӣ ба шогирдон дарси адаб, мардонагӣ, далериву шуҷоат омӯзонанд. Шогирдонеро бояд ба камол расонем, ки пешбарандаи ҷомеаи ҳақиқатан ҳам демократӣ ва дунявӣ бошанд. Ҳоло чӣ? Дар аксари мактабҳои деҳоти кишвар омӯзгорони ихтисосманд намерасанд. Аламовар он аст, ки имрӯз ба шогирдон онҳое дарс медиҳанд, ки худ соҳибихтисос нестанд. Оё мо бо ҳамин ҳоли дардовар пеш рафта метавонем? Не, ҳаргиз!
Ояндаро тавассути омӯзгорон аз имрӯз месозем. Агар дар ҳалли ин масъала беҳавсалагӣ нишон диҳем, фардо моро намебахшанд.

Раҳими РАФЕЪЗОД,
омӯзгор, ноҳияи Восеъ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.09.2014    №: 184    Мутолиа карданд: 1848
30.07.2021


Миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Баҳрайн машварат доир шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

28.07.2021


Санаи сафари давлатии Пешвои миллат ба Туркманистон дақиқ шуд

ФУТЗАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Тамринҳои низомӣ дар марз бо Афғонистон бо иштироки 1,5 ҳазор нафар аз се кишвар

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҚАЛЪАИ ЯМЧУН БАРҚАРОР МЕГАРДАД

27.07.2021


Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

Варзиш

26.07.2021


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Варзиш

AFP: “ИМА амалиётҳои ҳавоиро дар Афғонистон дар сурати ҳамлаҳои нави “Толибон” идома медиҳанд”

Ҷаҳон дар як сатр

ВМКБ. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ МИНТАҚАВӢ БА 454,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед