logo

номаҳо

ҶАВОНОН ЧАРО БА «ТАКСӢ» РӮ ОВАРДААНД?

Ба ҷавононе, ки ба «таксӣ» рӯ оварда буданд, бо ин пурсиш муроҷиат кардам. Посухҳо гуногун буданд, аммо ташвишовар. Яке мегуфт: «Хуб таҳсил накардам. Нахостам, ки дар коллеҷу донишгоҳ дарди сари омӯзгор бишавам». Дигаре изҳор медошт: «Чанд сол кӯшиш намудам, ки донишҷӯ бигардам,  аммо бахтам омад накард». Савумӣ баён медошт: «Пас чӣ кор кунам?! Маълумоти олӣ гирифтам. Бо чандсад сомонӣ зиндагиро магар пеш бурдан мумкин аст? Падару модари пир дорам. Ба умеди дастмузди мананд. Ба ҷуз ин ҳанӯз хонадор нашудаам, яъне оила барпо накардаам». Яке аз ин ронандагони «таксӣ» дорушинос буд. Мегуфт, ки «бо ин касб ҷойи кор наёфтам. Ҳеҷ дорухонае, (албатта, мурод мудирони онҳост) маро ба кор қабул накард. Барои он ки ман барояшон бегона будам».
Ҳамин тавр, агар аз онҳо бипурсему посух бигирем, ба ин хулоса меоем, ки мо ҷавононро ба интихоби касби мувофиқ сари вақт ва дуруст ҳидоят карда натавонистаем. Ва ба ин ҳол дар оянда моро боз оқибати ногувортар интизор аст.
Чунин меандешам, ки ин падидаи нек нест. Пеши роҳи онро бояд бигирем. Вале чӣ гуна? Ба ин пурсиш бояд посух дошта бошем, агар надорем, бояд биҷӯем.

Ҳасан ФАЙЗУЛЛОЕВ, ноҳияи Рӯдакӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.12.14    №: 243    Мутолиа карданд: 3423
23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

15.07.2021


347 шаҳрванди Афғонистон дар Тоҷикистон паноҳ бурд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ТОКИО – 2020

Сухане чанд дар бораи СҲШ

Ҷаҳон дар як сатр

14.07.2021


Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Покистон

Аз нишастҳои матбуотӣ

ХАТЛОН. МУБОРИЗА БО COVID-19 ПУРЗӮР МЕГАРДАД

КРИШТИАНУ РОНАЛДУ СОҲИБИ "БУТСИИ ТИЛЛОӢ" ГАРДИД

СММ: «Аз даҳ як ҳиссаи аҳолии ҷаҳон нимгуруснаанд»

Ҷаҳон дар як сатр

13.07.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Суҳбати телефонии Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон

ХОНАНДАГОНИ ДУШАНБЕ АЗ БЕҲТАРИНҲО ЭЪТИРОФ ШУДАНД

«Толибон» шарти оташбасро дар Афғонистон зикр карданд

Ҷаҳон дар як сатр

12.07.2021


ВОДИИ РАШТ

12 ИЮЛ - ДАВРИ ИЛОВАГИИ ИМТИҲОНҲОИ ММТ

Вазири корҳои хориҷии Чин дар бораи муносибот бо Россия сухан гуфт

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед