logo

номаҳо

ҒАМХОРИРО ЭҲСОС МЕКУНЕМ

Ман ҳамчун собиқадори меҳнати мақомоти корҳои дохилии кишвар барои барқарор кардани саломатӣ, чанд сол инҷониб аз ноҳияи Файзобод ба шаҳри Хуҷанд рафта, дар муассисаи давлатии тандурустии «Маркази солимгардонӣ ва барқарорсозии саломатии маъюбон ва иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ» фароғат мебарам ва саломатиам беҳтар мешавад.
Шароитҳои истироҳату табобат дар ин муассиса хеле хуб аст. Тозаю озодагӣ ва муомилаю муносибати ғамхоронаи кормандони он ба кас рӯҳу неруи тоза ато менамояд. Сарварии ин муассисаи табобатию солимгардонӣ ба дӯши Соҳиб Исломов вогузор аст. Ӯ 11 сол боз сардухтур буда, таҳти роҳбариаш дар ин ҷо корҳои зиёди ободонӣ анҷом ёфта, сатҳи хизматрасонӣ бомаром боло меравад. Зимни суҳбат бо ин роҳбари кордону марди инсондӯст маълум гардид, ки танҳо дар давоми шаш моҳи соли ҷорӣ ин муассиса 919 нафар мизоҷро қабул кардааст, ки аксар маъюбону иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ мебошанд. Онҳо аз тамоми гӯшаю  канори кишвар ба ин ҷо омада, саломатиашонро барқарор карда, ба хонаҳояшон баргаштанд. Баъди анҷоми фароғату табобати имсола тасмим гирифтам тавассути рӯзномаи бонуфузи «Ҷумҳурият» арзи сипоси худро баён кунам. Чанд нафари дигар, аз ҷумла собиқадорони меҳнат Раҷабалӣ Сафаров, Бибиоиша Ғиёсова аз ноҳияи Рӯдакӣ, Ҷумъабой Беков, Маҳбуба Бекова аз шаҳри Душанбе, иброз намуданд, ки аз пазироӣ ва муносибату табобати роҳбарону кормандони муассисаи давлатии тандурустии «Маркази солимгардонӣ ва барқарорсозии саломатии маъюбон ва иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ»-и шаҳри Хуҷанд розию қаноатманданд.
 

Муҳаммадулло БЕКОВ,
собиқадори меҳнат


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.12.14    №: 248    Мутолиа карданд: 3326
30.07.2021


Миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Баҳрайн машварат доир шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

28.07.2021


Санаи сафари давлатии Пешвои миллат ба Туркманистон дақиқ шуд

ФУТЗАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Тамринҳои низомӣ дар марз бо Афғонистон бо иштироки 1,5 ҳазор нафар аз се кишвар

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҚАЛЪАИ ЯМЧУН БАРҚАРОР МЕГАРДАД

27.07.2021


Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

Варзиш

26.07.2021


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Варзиш

AFP: “ИМА амалиётҳои ҳавоиро дар Афғонистон дар сурати ҳамлаҳои нави “Толибон” идома медиҳанд”

Ҷаҳон дар як сатр

ВМКБ. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ МИНТАҚАВӢ БА 454,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед