logo

номаҳо

КОСАИ САБРАМОН ЛАБРЕЗ АСТ

Соли 2008 ба мо – эҳтиёҷмандон замини наздиҳавлигӣ доданд. Дар он хона ва дигар биноҳои заруриро сохтем. Баҳори соли 2010 сел онҳоро хароб кард, балки ҳамаро бо худ бурд. Комиссияи махсус ин ҳолатро санҷида баромад ва моро ба рӯйхати зарардидагон ворид намуд. Раиси ноҳия дар асоси он аз 10 июни соли 2010, таҳти рақами 269 қарор ба тасвиб расонд, ки ба мо замини наздиҳавлигӣ дода шавад. Ҳукумати кишвар барои эҳтиёҷмандони замини наздиҳавлигии шаҳри Исфара 20 га ҷудо намуд. Аммо аз ин заминҳо ба мо надоданд. Соли 2012 бо раиси вақти вилоят оид ба ин масъала муроҷиат кардем. Ба масъулон супориш дод, ки он мусбат ҳал гардад. Аммо то ба ҳол масъалаи мазкур роҳи ҳалли худро наёфтааст. Баҳонаву сабабҳои зиёд пеш меоранду ҳеҷ не, ки ба ваъда вафо бикунанд. Барои мо ҳар рӯз ғанимату қимат мебошад. Охир ҳар рӯз мебинем, ки нархи масолеҳи сохтмонӣ гаронтар мешавад. Бо ин ҳол мушкили мо, бештар мегардад. Аз ин рӯ, ба гӯшаи «Розу ниёз» - и «Ҷумҳурият»  муроҷиат менамоем. Шояд бо хондани ин нома масъулон дар бораи мо бияндешанд, ки косаи сабрамон лабрез гардидааст.
К. ШАРОФОВ, С. ТОШХӮҶАЕВ, М. ШАРИФОВА,
Х.САФАРОВ, Д.НАЗИРОВ, Х.РАЗЗОҚОВ, М.ТУРДИБЕКОВА,
деҳаи Ворухи шаҳри Исфара


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 6.01.2015    №: 3    Мутолиа карданд: 1091
23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

15.07.2021


347 шаҳрванди Афғонистон дар Тоҷикистон паноҳ бурд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ТОКИО – 2020

Сухане чанд дар бораи СҲШ

Ҷаҳон дар як сатр

14.07.2021


Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Покистон

Аз нишастҳои матбуотӣ

ХАТЛОН. МУБОРИЗА БО COVID-19 ПУРЗӮР МЕГАРДАД

КРИШТИАНУ РОНАЛДУ СОҲИБИ "БУТСИИ ТИЛЛОӢ" ГАРДИД

СММ: «Аз даҳ як ҳиссаи аҳолии ҷаҳон нимгуруснаанд»

Ҷаҳон дар як сатр

13.07.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Суҳбати телефонии Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон

ХОНАНДАГОНИ ДУШАНБЕ АЗ БЕҲТАРИНҲО ЭЪТИРОФ ШУДАНД

«Толибон» шарти оташбасро дар Афғонистон зикр карданд

Ҷаҳон дар як сатр

12.07.2021


ВОДИИ РАШТ

12 ИЮЛ - ДАВРИ ИЛОВАГИИ ИМТИҲОНҲОИ ММТ

Вазири корҳои хориҷии Чин дар бораи муносибот бо Россия сухан гуфт

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед