logo

номаҳо

ЧАРО БАР ЗАРАРИ ХУД КОР МЕКУНЕМ?

Нағз дар хотир дорам, ки пеш аз истиқлолият, яъне замони шӯравӣ хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ чор ё панҷ сол галстук мебастанду халос. Ҳамин ки ба сафи комсомол, ё худ Созмони ҷавонон дохил мешуданд, бо галстуки пионерӣ (пешоҳангӣ) падруд мегуфтанд. Донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва олии касбӣ галстук намебастанд. Мурод ин аст, ки бастани он дар вақти дарс ҳатмӣ набуд, агарчи харидану бастани онро ба меъёр ҳам табдил медоданд, мамлакат зарар намедид. Чунки онро истеҳсол мекард, аз хориҷи кишвар ворид намесохт. Ҳоло бастани галстук дар тамоми зинаҳои таҳсилот ба ҳукми зарурӣ даромадааст. Хонандаву донишҷӯ ҳатман бояд онро банданд. Агар 2 миллион донишҷӯю хонанда, ҳол он ки шумораи онҳо хеле зиёд мебошанд, ҳатто ба қимати 5 сомонӣ барои худ галстук бихаранд, 10 миллион сомониро ташкил медиҳад. Намедонам, иқтисоддонҳо сари кадом масъалаҳо меандешанд. Чаро дар ин маврид изҳори андеша намекунанд? Ин миқдор пули кам нест. Он аз кишвар хориҷ мешавад. Фикр мекунам, беҳтар мебуд, бо ин зарар аз баҳри галстук бибароем. Он ба фарҳанги миллии мо ҳам иртиботе надорад. Ва ё истеҳсоли онро дар дохили кишвар ба роҳ бимонем ва дар он ҳатман рамзи кишвари мо таҷассум биёбад.
М.РАСУЛОВ,
шаҳри Чкалов


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 6.01.2015    №: 3    Мутолиа карданд: 1314
23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

15.07.2021


347 шаҳрванди Афғонистон дар Тоҷикистон паноҳ бурд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ТОКИО – 2020

Сухане чанд дар бораи СҲШ

Ҷаҳон дар як сатр

14.07.2021


Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Покистон

Аз нишастҳои матбуотӣ

ХАТЛОН. МУБОРИЗА БО COVID-19 ПУРЗӮР МЕГАРДАД

КРИШТИАНУ РОНАЛДУ СОҲИБИ "БУТСИИ ТИЛЛОӢ" ГАРДИД

СММ: «Аз даҳ як ҳиссаи аҳолии ҷаҳон нимгуруснаанд»

Ҷаҳон дар як сатр

13.07.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Суҳбати телефонии Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон

ХОНАНДАГОНИ ДУШАНБЕ АЗ БЕҲТАРИНҲО ЭЪТИРОФ ШУДАНД

«Толибон» шарти оташбасро дар Афғонистон зикр карданд

Ҷаҳон дар як сатр

12.07.2021


ВОДИИ РАШТ

12 ИЮЛ - ДАВРИ ИЛОВАГИИ ИМТИҲОНҲОИ ММТ

Вазири корҳои хориҷии Чин дар бораи муносибот бо Россия сухан гуфт

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед