logo

туризм

МАСЪАЛАЕ, КИ КАМ ЁД МЕШАВАД

Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, раиси вилояти Хатлон, шеваи номуассири таҳияи туҳфаҳои рамзиро барои меҳмонони хориҷие, ки дар ҷашни “Кӯлоб - пойтахти фарҳангии ИДМ” ширкат доштанд, мавриди интиқод қарор дод.

Ба қавли раиси вилоят, ба чунин мақом мушарраф гардидани Кӯлоби бостонӣ боиси ифтихори кулли мардуми Тоҷикистон аст. «Аммо мо ҳатто китоби махсуси суратҳо (фотоалбом) пешниҳод накардем, ки бозгӯи фарҳангу тамаддун буда, аз иншооти таърихӣ ва мавзеъҳои тамошобоби Кӯлоб ҳикоят намояд. Дар дохили туҳфае, ки муовини мири шаҳри Воронеж ба ман дод, китоб, қалам, кулоҳ, пероҳан ва паймонае бо навиштаи “Пойтахти фарҳангии ИДМ” мавҷуд буд. Аз ҷониби мо бошад, ҷузвдонҳои пур аз лимӯ ва мағзу мавиз тақдим гардид. Бароямон одат шудааст, ки фақат баъд аз омадани меҳмон ба бозор давем ва фикр кунем, ки барояш чӣ туҳфа бихарем. Ҳол он ки ба ин гуна маъракаҳо қаблан омодагӣ мебинанд ва туҳфаҳоро барои муаррифии фарҳангу тамаддун истифода мебаранд», гуфт Д. Гулмаҳмадзода ҳангоми ҷаласаи вижа.
Раиси вилоят, зимнан, масъулони шаҳру ноҳияҳо, раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоятро муваззаф намуд, ки муаррифиномаи мусаввари ҳар як шаҳру ноҳияро бо чанд забон таҳия намоянд. Диққати соҳибкорону ҳунармандони маҳаллиро ба истеҳсоли туҳфаҳои рамзӣ, дар мисоли тоқию рӯймолҳои нақшин, китобу дафтару хомаҳои дорои навиштаҷоти махсус ва ҳоказо ҷалб карда, дастур дод, ки барои фурӯшашон дуконҳои махсус боз карда шаванд.
Дар ин росто, Беҳрӯз Бобоев, масъули риштаи сайёҳии Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон, зимни суҳбат эродҳои раиси вилоятро саривақтӣ дониста, изҳор дошт, ки истеҳсоли туҳфаҳои рамзӣ дар вилоят дар сатҳи ниҳоят паст қарор дорад. “Соҳибкорон то ҳол ба ин навъи тиҷорат ба таври бояду шояд аҳамият надодаанд. Аммо мо кӯшиш мекунем, ки ин камбудӣ ислоҳ гардад. Як сабаби заифии бахши сайёҳии вилоят маблағгузории нокифояи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ба барномаи амали ин ҷода мебошад. Алъон, дар пайи татбиқи дастури раиси вилоят таҳияи наворҳои видеоӣ доир ба ҷойҳои тамошобоби шаҳру ноҳияҳо ва омодасозии туҳфаҳои хотирмон оғоз гардидаанд”, - мегӯяд Б. Бобоев.
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, ҳамзамон гуфт, ки: “симои меъмории шаҳру ноҳияву деҳаҳо ҳамон гунае, ки солҳои 70 - уми асри гузашта буданд, бетағйир мондаанд. Меҳмонхонаҳо ба талаботи рӯз ҷавобгӯ нестанд. Моҳе баъд мо бояд дар шаҳри Кӯлоб ҳудуди 800 меҳмон қабул кунем. Онҳоро дар куҷо ҷой кунем, дар куҷо маҷлис гузаронем? Ин масъалаи ҷиддӣ буда, ҳалли худро тақозо дорад”.
Бори аввал аст, ки раиси вилоят ба масъалаи омодасозии туҳфаҳои рамзӣ барои меҳмонони хориҷӣ ва таъмини фароғати онҳо дар вилояти Хатлон дахл мекунад. Ба андешаи соҳибназарон ин фоли нек буда, барои рушди минбаъдаи иқтисодиёту сайёҳӣ заминаи мусоид хоҳад гузошт. То ин вақт агар меҳмони олиқадре ташриф меовард, дар аксар маврид роҳбарон барои ӯ ва ҳамроҳонаш як “сару пой”-и иборат аз ҷома ва тоқию миёнбанд тақдим мекарданд, ки дар маҷмӯъ арзишашон дар бозори дохилӣ чанд ҳазор сомонист. Аммо агар меҳмон бисёр бошад, чӣ? Биноан, ин пешниҳоду дастури Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, метавонад сарфи маблағҳоро дар вилоят мақсаднок намуда, ба сатҳи зарурӣ расонад. Яъне, ҳам меҳмон розӣ гардад ва ҳам тавассути туҳфаҳои начандон гарон мавзеъҳои таърихӣ, истироҳатӣ, ҳунарҳои миллии дастӣ ва захираҳои табиии диёр тарғиб шаванд.

Зокир ҲАСАН,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 1.05.2015    №: 89    Мутолиа карданд: 11416
23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

15.07.2021


347 шаҳрванди Афғонистон дар Тоҷикистон паноҳ бурд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ТОКИО – 2020

Сухане чанд дар бораи СҲШ

Ҷаҳон дар як сатр

14.07.2021


Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Покистон

Аз нишастҳои матбуотӣ

ХАТЛОН. МУБОРИЗА БО COVID-19 ПУРЗӮР МЕГАРДАД

КРИШТИАНУ РОНАЛДУ СОҲИБИ "БУТСИИ ТИЛЛОӢ" ГАРДИД

СММ: «Аз даҳ як ҳиссаи аҳолии ҷаҳон нимгуруснаанд»

Ҷаҳон дар як сатр

13.07.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Суҳбати телефонии Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон

ХОНАНДАГОНИ ДУШАНБЕ АЗ БЕҲТАРИНҲО ЭЪТИРОФ ШУДАНД

«Толибон» шарти оташбасро дар Афғонистон зикр карданд

Ҷаҳон дар як сатр

12.07.2021


ВОДИИ РАШТ

12 ИЮЛ - ДАВРИ ИЛОВАГИИ ИМТИҲОНҲОИ ММТ

Вазири корҳои хориҷии Чин дар бораи муносибот бо Россия сухан гуфт

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед