logo

номаҳо

ХОНА ДОРАМУ БЕХОНААМ

Ман сокини шаҳраки Ғончӣ мебошам. Соли 1996 бо шаҳрванд Аброров Эҳром Зайниддинович (шаҳодатномаи ақди никоҳ, № 78 аз 30 октябри соли 1996) ба шавҳар баромадам. Аз ин никоҳ ду фарзанд: як духтару як писар дорем. Дар хонаи худ, ки дар гузари Файзобод буд, то соли 2005 зиндагӣ кардем. Бо сабаби вазнин будани рӯзгор ҳамсарам ба Русия рафт. Сипас модари ӯ ҳамроҳи ду фарзанди дигараш ба ин кишвар рафтанд. Баъд қисми зиёди сару либосамро дар хона гузошта, дарро маҳкам кардаму бачаҳоро ба модарам супурда, ба Русия ба ҷустуҷӯи ҳамсарам баромадам. Дар он ҷо камтар кор карда, ҳамсарамро, ки шиноснома надошт, ба зодгоҳ фиристодам ва пас аз шаш моҳ худам ҳам баргаштам. Ҳамсарам пас аз гирифтани шиноснома боз ба Русия рафт ва то имрӯз барнагаштааст. Ман ба назди шавҳарам боз ба Русия рафтаму кор карда омадам. Баъди вафоти модарам ба назди шавҳарам рафта натавонистам. Ман ба хонаи давраи арӯсиям омадам, вале аммаи шавҳарам «рафтӣ-мӣ, дигар набиё» гуфта, нагузошт, ки ба хона дароям. Падари шавҳарам дар он хона то соли 2013 зиндагӣ кард. Вақти зиндагиаш ман ва фарзандонам ҳар вақт омада ӯро хабар мегирифтем…
Ин хона ба аммаю амаки ҳамсарам тааллуқ надорад. Аммо аммаи ҳамсарам дар он як корманди ШКД-и ноҳияро иҷоранишин кардааст. Ин хонаро баъд раиси Ҷамоати шаҳраки Ғончӣ ва КФББТ-и шаҳри Истаравшан ба номи Аброр Салоҳуддинов, бобои ҳамсарам, номнавис кардаанд. Ҳол он ки ӯ соли 2008 вафот намудааст. Мани зинда бехонаю шахси аз олам рафта соҳиби хона.
Ман аз ин ноадолатиҳо ба суди ноҳиявӣ, вилоятӣ, прокуратураи ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ мактубҳо фиристодам. Вале пас аз ман аммаи ҳамсарам Мавлуда Салоҳуддинова ба он даргоҳҳо мераваду вазъро дигар карда меояд.
Ба гӯшаи «Розу ниёз»-и рӯзномаи «Ҷумҳурият» ин номаро бад-он хотир навиштам, то масъулон қазияро дуруст ва боадолатона ҳал бикунанд.
Санавбар Маматқулова, сокини ноҳияи Ғончӣ

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 4.06.2015    №: 115    Мутолиа карданд: 984
23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

15.07.2021


347 шаҳрванди Афғонистон дар Тоҷикистон паноҳ бурд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ТОКИО – 2020

Сухане чанд дар бораи СҲШ

Ҷаҳон дар як сатр

14.07.2021


Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Покистон

Аз нишастҳои матбуотӣ

ХАТЛОН. МУБОРИЗА БО COVID-19 ПУРЗӮР МЕГАРДАД

КРИШТИАНУ РОНАЛДУ СОҲИБИ "БУТСИИ ТИЛЛОӢ" ГАРДИД

СММ: «Аз даҳ як ҳиссаи аҳолии ҷаҳон нимгуруснаанд»

Ҷаҳон дар як сатр

13.07.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Суҳбати телефонии Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон

ХОНАНДАГОНИ ДУШАНБЕ АЗ БЕҲТАРИНҲО ЭЪТИРОФ ШУДАНД

«Толибон» шарти оташбасро дар Афғонистон зикр карданд

Ҷаҳон дар як сатр

12.07.2021


ВОДИИ РАШТ

12 ИЮЛ - ДАВРИ ИЛОВАГИИ ИМТИҲОНҲОИ ММТ

Вазири корҳои хориҷии Чин дар бораи муносибот бо Россия сухан гуфт

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед