logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015»

Моддаи 1. Ба моддаи 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 ноябри соли 2014 «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2014, № 11, мод. 642; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 апрели соли 2015; № 1203; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 майи  соли 2015; № 1204; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июни соли 2015, № 1205; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 июни соли 2015, № 1206) қисми 11 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«11. Дар соли 2015 иҷрои кор ва хизматрасонӣ аз ҷониби фармоишгар ва пудратчиёни сохтмони муассисаҳои таълимӣ: барои 1200 ҷойи нишаст дар маҳаллаи 104 ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, барои 1200 ҷойи нишаст дар деҳаи Элоки Ҷамоати деҳоти «Қалъаи Дашт» -и ноҳияи Файзобод, барои 640 ҷойи нишаст дар деҳаи Гулбуттаи ноҳияи Рӯдакӣ, барои 640 ҷойи нишаст дар деҳаи Чиртаки шаҳри Ваҳдат, барои 640 ҷойи нишаст дар мавзеи «Данғараи боло» -и ноҳияи Данғара ва сохтмону азнавтаъмиркунии 20 км роҳи автомобилгард дар ноҳияи Данғара аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда, андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард ва андоз аз фоида озод карда мешаванд.
Воридоти мол аз ҷониби фармоишгар ва пудратчии асосӣ барои сохтмони иншоотҳои мазкур тибқи номгӯй ва дар ҳаҷми тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда мешавад.».
Моддаи 2.  Қонуни мазкур аз 1 январи соли 2015 мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон    Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 26 июни соли 2015, № 1207


ҚАРОРИ Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015»

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон   Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 24 июни соли 2015, № 116


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 2.07.2015    №: 134    Мутолиа карданд: 1134
30.07.2021


Миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Баҳрайн машварат доир шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

28.07.2021


Санаи сафари давлатии Пешвои миллат ба Туркманистон дақиқ шуд

ФУТЗАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Тамринҳои низомӣ дар марз бо Афғонистон бо иштироки 1,5 ҳазор нафар аз се кишвар

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҚАЛЪАИ ЯМЧУН БАРҚАРОР МЕГАРДАД

27.07.2021


Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

Варзиш

26.07.2021


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Варзиш

AFP: “ИМА амалиётҳои ҳавоиро дар Афғонистон дар сурати ҳамлаҳои нави “Толибон” идома медиҳанд”

Ҷаҳон дар як сатр

ВМКБ. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ МИНТАҚАВӢ БА 454,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед