logo

муҳоҷират

Муҳоҷирони шаҳри Турсунзода мадад Мехоҳанд

Мақолаи хабарнигор Убайдуллои Мурод «Муҳоҷирони шаҳри Турсунзода мадад мехоҳанд», дар ҷаласаи Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» мавриди муҳокима қарор гирифт.
Дар асоси банди 4-и Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 январи соли 2006, № 75 «Дар бораи кӯчонидани 1000 оилаи муҳоҷирони дохилӣ (ихтиёрӣ) аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба шаҳри Турсунзода» иҷрои корҳои бо оби нӯшиданӣ таъмин намудани муҳоҷирон, гузаронидани хати лӯлаҳои об ба маҳалли нави зисти муҳоҷирон дар шаҳри Турсунзода ба зиммаи Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор шуда буд.
КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» аз ин маъракаи муҳими аҳамияти ҷумҳуриявидошта дар канор намонда, тасмим гирифт, ки дар ду маҳал корҳои бо оби нӯшиданӣ таъмин намуданро аз ҳисоби маблағҳои мутамарказ ба зиммаи худ гирад. Соли 2007 корҳои тадқиқотӣ-лоиҳавӣ оғоз гардида, ҳуҷҷатҳои лоиҳавию харҷномавӣ таҳия шуданд.
Ҳаҷми корҳои иҷрошуда аз оғози кор то 1 апрели соли 2009 963,1 ҳазор  сомониро ташкил намуд,ки ин 31,8 фоизи арзиши умумии лоиҳавии иншооти мазкурро, ки 3024970 сомонӣ мебошад, ташкил менамояд.
Дар робита бо ин дар участкаҳои Ҳамадонии деҳаи Пахтабой ва Қизилюли деҳаи Ура-Ура корҳои сохтмонӣ - пармакунӣ, таҷҳизонидан, васлкунӣ ва ба истифодабарӣ омода намудани ду чоҳи об, сохтмони баъзе иншоотҳои ёрирасони пойгоҳҳои насосӣ, гузоштани ду адад трансформатори тамғаи КТП-60 ва иҷрои дигар намуди корҳо барои баровардани об аз ин ду чоҳ иҷро шуданд.
Дар сохтмони хати оби нӯшиданӣ аз деҳаи Ура-Ура то участкаи Қизилюл 1570 метр лӯлаи полиэтилении қутраш 160 мм, 1465 метр лӯлаи полиэтилении қутраш 110 мм ва 287 метр лӯларҳои оҳанини қутрашон аз 150 мм то 250 мм васл гашта, об то ҷӯйбори деҳаи Қизилюл бароварда шуд.
Инчунин дар ин деҳа барои сохтмони обанборҳо корҳои заминӣ (кандани чоҳбун-  котлован) ва девор гирифтани гирду атрофи қитъаи обтаъминкунии № 1 иҷро гардиданд.
Соли ҷорӣ дар чорчӯбаи маблағҳои ҷудошуда нисбати КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» барои иншооти бузург 450 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шудааст ва корҳои сохтмонӣ идома доранд.
Барои ба итмом расонидани сохтмони иншоотҳои ёрирасони системаҳо дар ин минтақа, мувофиқи ҳуҷҷатҳои таҳияшуда 1297,4 ҳазор сомонӣ маблағ лозим аст.
Дар сурати дастрас шудани маблағ иншоотҳои системаи обтаъминкунӣ дар  ин ду маҳаллаи муҳоҷирони шаҳри Турсунзода сохта, ба истифода супурда мешавад.

Р. БОБОКАЛОНОВ,
директори генералии КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и ҷумҳурӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 2472
30.07.2021


Миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Баҳрайн машварат доир шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

28.07.2021


Санаи сафари давлатии Пешвои миллат ба Туркманистон дақиқ шуд

ФУТЗАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Тамринҳои низомӣ дар марз бо Афғонистон бо иштироки 1,5 ҳазор нафар аз се кишвар

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҚАЛЪАИ ЯМЧУН БАРҚАРОР МЕГАРДАД

27.07.2021


Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

Варзиш

26.07.2021


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Варзиш

AFP: “ИМА амалиётҳои ҳавоиро дар Афғонистон дар сурати ҳамлаҳои нави “Толибон” идома медиҳанд”

Ҷаҳон дар як сатр

ВМКБ. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ МИНТАҚАВӢ БА 454,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед