logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ДИГАР ПАРДОХТҲОИ ҲАТМӢ БА БУҶЕТ»

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июли соли 2006 «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2006, № 7, мод. 345; с. 2009, № 5, мод. 327; с. 2010, № 1, мод. 3; с. 2011, № 12, мод. 848; с. 2013, № 3, мод.191) иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Ба қисми 2 моддаи 4 сархати ҳаштум бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«- хироҷ барои гузоштани апостил;»
2. Боби 81 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«БОБИ 81. ХИРОҶ БАРОИ ГУЗОШТАНИ АПОСТИЛ
Моддаи 291. Муқаррарот оид ба ситонидани хироҷ барои гузоштани апостил
1. Барои баррасии ариза оид ба гузоштани апостил дар ҳуҷҷатҳои расмии мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хироҷ ситонида мешавад.
2. Маблағи хироҷ аз рӯи меъёрҳои муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то пешниҳоди ҳуҷҷатҳои дахлдор барои гузоштани апостил пардохта мешавад.
3. Маблағи пардохташудаи хироҷ баргардонида намешавад.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон   Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 23 ноябри соли 2015, № 1250

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ
МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ҚАБУЛ НАМУДАНИ ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ДИГАР ПАРДОХТҲОИ ҲАТМӢ БА БУҶЕТ»
МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ҚАРОР МЕКУНАД:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон         Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 9 октябри соли 2015, № 148

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ
МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
«ДАР БОРАИ ДИГАР ПАРДОХТҲОИ ҲАТМӢ БА БУҶЕТ»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет»-ро  баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 12 ноябри соли 2015, № 137
 
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.11.15    №: 235-236    Мутолиа карданд: 1788
30.07.2021


Миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Баҳрайн машварат доир шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

28.07.2021


Санаи сафари давлатии Пешвои миллат ба Туркманистон дақиқ шуд

ФУТЗАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Тамринҳои низомӣ дар марз бо Афғонистон бо иштироки 1,5 ҳазор нафар аз се кишвар

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҚАЛЪАИ ЯМЧУН БАРҚАРОР МЕГАРДАД

27.07.2021


Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

Варзиш

26.07.2021


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Варзиш

AFP: “ИМА амалиётҳои ҳавоиро дар Афғонистон дар сурати ҳамлаҳои нави “Толибон” идома медиҳанд”

Ҷаҳон дар як сатр

ВМКБ. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ МИНТАҚАВӢ БА 454,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед