logo

президент

ТАҒЙИРОТИ КАДРӢ ДАР ВАЗОРАТУ ИДОРАҲО

24 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як қатор кадрҳоеро, ки ба вазифаҳои масъул ва роҳбарии сохторҳои қудратӣ ва муассисаҳои иттилоотию фарҳангӣ таъйин гардиданд, ба ҳузур пазируфт.

Муовини якум ва муовинони вазири мудофиа, сардори раёсати иктишофи (разведкаи) ҳарбии Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ин вазифаҳо озод карда шуданд.
Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Собирзода Эмомалӣ Абдураҳим, ки то ин вақт фармондеҳи Қӯшунҳои хушкигарди Қувваҳои Мусаллаҳ буд, муовини якуми вазири мудофиа - сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ таъйин гардид.
Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғуломзода Абдулҳошим, Латифзода Асрор Қурбон ва Холзода Солеҳ Ҳусайн муовинони вазири мудофиа таъйин карда шуданд.
Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Бобоҷони Абдуқодир фармондеҳи Қӯшунҳои хушкигарди Қувваҳои Мусаллаҳ таъйин шуд.
Дар мувофиқа бо Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон  Шарипов Ҷалолиддин Маҳсиддинович сардори раёсати иктишофи (разведкаи) ҳарбии Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гашт.
Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзоев Бадриддин Қиёмиддинович муовини сардори Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ оид ба корҳои тарбиявӣ ва Носиров Одилбек Раҳмонович муовини сардори сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ оид ба аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ таъйин шуданд.
Сардорони шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ, шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи  Восеи вилояти Хатлон, ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе иваз карда шуданд.
Таъйиноти дигари кадрӣ ба таври зайл сурат гирифт:
- Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор - муовини вазири рушди иқтисод ва савдо;
- Қурбонов Абдулло Абдураҳимович - сардори Хадамоти давлатӣ оид ба назорат дар соҳаи энергетика;
- Асозода Маҳмадумар Шамсулло - муовини якуми раиси ШСХК “Барқи Тоҷик”;
- Убайдуллозода Ғолиб Хонҷон - муовини раиси ШСХК “Барқи Тоҷик”;
- Холиқзода Мавҷуда - муовини раиси ШСХК “Барқи Тоҷик”;
- Маҷидов Рустам Абдуразоқович - сардори сарраёсати молиявӣ - иқтисодии ШСХК “Барқи Тоҷик”;
- Одиназода Шоҳона Сулаймон - сармуҳаррири маҷаллаи Бонувони Тоҷикистон;
- Файзуллозода Хуршед Мирзо - директори Муассисаи давлатии “ТВ - Варзиш”;
- Набизода Набӣ - директори Муассисаи давлатии “ТВ-Синамо”;
- Исмоилзода Зиннатуллоҳ Бурҳон - директори Муассисаи давлатии Академияи васоити ахбори омма;
- Шарифзода Манучеҳр Муртазо - директори Муассисаи давлатии Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ;
- Наҷотзода Мутеъулло Абдулқосим - муовини директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Мӯсоев Маҳмуд Мардонович - муовини директори генералии ҶДММ “Зарафшон”.
Ҳамчунин, Ҷамшед Бобозода аз вазифаи муовини якуми раиси ШСХК “Барқи Тоҷик”, Баҳром Ализода аз вазифаи муовини раиси ШСХК “Барқи Тоҷик”, Мавҷуда Холиқзода аз вазифаи сардори Хадамоти давлатӣ оид ба назорат дар соҳаи энергетика, Шаҳло Насриддинова аз вазифаи сармуҳаррири маҷаллаи “Бонувони Тоҷикистон” ва Шоҳона Одиназода аз вазифаи муовини директори Муассисаи давлатии “ТВ Сафина” озод гардиданд.
Бояд зикр намуд, ки то фарорасии соли 2016 дар фазои иттилоотии  Тоҷикистон боз ду шабакаи нави телевизионӣ – “ТВ - Варзиш” ва “ТВ - Синамо” ба фаъолият шурӯъ мекунанд.
 Академияи васоити ахбори омма низ моҳҳои наздик ба кор даромада, дар таълиму тарбия ва бозомӯзии кормандони ин соҳа саҳмгузор хоҳад шуд. Бозомӯзии кормандон дар Академияи васоити ахбори омма, асосан дар ихтисосҳое ба роҳ монда мешавад, ки то имрӯз дар хориҷи кишвар омӯзонда мешаванд. 
Зимни суҳбат бо кадрҳои ба вазифаҳои номбурда таъйиншуда ба масоили вобаста ба ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва таъмини амнияту субот таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз вазъи ноустувору зуд - зуд тағйирёбанда ва пешгӯинашавандаи минтақа ва ҷаҳон, ба низоъҳои таҳмилӣ гирифтор шудани як гурӯҳ кишварҳои мустақил  ва хусусан аз хиёнати нанговару нобахшидании як зумра собиқ низомиёни тоҷик ёдовар шуда, ҳозирон ва дар симои онҳо роҳбарият ва кулли кормандони сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартиботро ба хизмати содиқонаю софдилона, поквиҷдонӣ  ва матонату ҷасорат дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ ҳидоят намуд. Таъкид гардид, ки таъмини амнияту осоиши ҷомеа, боло гузоштани манфиатҳои давлату миллат аз ҳама манофеи дигар, роҳ надодан ба амалҳои коррупсионӣ аз вазифаҳои муҳимтарин аст. Ҳамчунин, аз ҳар як узви ҷомеа даъват карда шуд, ки дар муқобили таҳдиди хатарҳои терроризму ифротгароӣ ва чолишҳои дигари замони муосир ҳушёру зирак бошанд ва бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот пайваста ҳамкорӣ намоянд.
Супоришҳои мушаххас ба роҳбарони ду муассисаи ба тозагӣ таъсисёфта - телевизионҳои “ТВ-Варзиш” ва “ТВ-Синамо” дода шуданд.
Дар назди кадрҳои соҳаҳои дигар низ доир ба ҷоннок намудани корҳо дар ҳамаи бахшҳои фаъолият вазифаҳои мушаххас гузошта шуд.
www.president.tj
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.11.15    №: 235-236    Мутолиа карданд: 15723
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед