logo

суханрониҳо

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Анҷумани ҳамоиши иқтисодӣ ва сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия, Душанбе, 29 майи соли 2009

Мӯҳтарам Ҷаноби Олӣ,
Ҳозирини гиромӣ.
Қабл аз ҳама, аз номи мардуми шарифи Тоҷикистон ва шахсан аз номи худам ба шумо ва бародарони Ҷумҳурии Туркия арзи салом  намуда, ба кори ҳамоиши имрӯзаи иқтисодӣ ва сармоягузорӣ бурдборӣ таманно менамоям.
Итминон дорам мулоқоти дар чаҳорчӯбаи ин ҳамоиш доиршаванда ба густариши муносибатҳои судманди иқтисодӣ ва рушди умумии муносибатҳои дӯстонаи кишварҳоямон мусоидати фаъол хоҳад намуд.
Мову шумо хуб медонем, ки омили муассир ва стратегии таҳким ва тақвияти муносибатҳои дӯстона ҳамкории васеъ, пеш аз ҳама, дар сатҳи муосири иқтисодӣ мебошад.
Он имкон медиҳад манфиатҳои амалии гурӯҳҳои васеъ пайванд ва омезиш ёбанд, шароити мусоид ва матлуби ҳамкории кишварҳо фароҳам гардад ва ҳадафи волои муштарак - рушди умумӣ ба манзури зиндагии шоистаи мардуми Тоҷикистону Туркия муваффақона амалӣ шавад.
Агар мо бо назардошти бӯҳрони молиявию иқтисодие, ки тамоми ҷаҳонро фаро гирифтааст, имконоту захираҳои ҳамкорӣ ва дурнамои иқтисоди ҷаҳониро амиқан арзёбӣ намоем, зарурати сатҳи амалан нави ҳамкории ду кишвар возеҳ аст.
Мо бояд ин тақозои таърихро оқилона санҷида ва дурандешона, бо диди стратегии созанда, бо созгорӣ ба ниёзҳои рӯзафзуни аср дар сатҳи шоиста амалӣ намоем.
Бояд қайд намуд, ки ҳоло шумораи кишварҳои хориҷие, ки бо Тоҷикистон муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ доранд, мунтазам меафзояд.
Мубодилаи мол дар панҷ соли охир ҳудуди дуюним маротиба боло рафт. Ҳаҷми гардиши савдои мутақобил бо Ҷумҳурии Туркия бошад, дар ҳамин давра қариб 2 миллиард доллари ИМА-ро ташкил дод. Аммо дар семоҳаи аввали соли 2009 бошад, ин нишондиҳанда нисбати ҳамин давраи соли гузашта 4 маротиба коҳиш ёфтааст.
Сатҳи нишондиҳандаҳои мазкур, албатта, мову шуморо қаноатманд карда наметавонад ва ҷиҳати рушди муносибатҳои тиҷоратии ду кишвари дӯст бо назардошти бӯҳрони молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ тамоми имкониятҳоро бояд васеъ истифода барем.
Мо дастовардҳои муҳим дар ин самт дорем ва дар маҷмӯъ аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки сиёсати иқтисодии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди минбаъдаи мамлакат ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум таҳкурсии мустаҳкам мегузорад.
Дӯстони арҷманд!
Ҳукумати Тоҷикистон ба такмили сохтори иқтисод бо таъсиси коргоҳҳои нави истеҳсолӣ ва босамар намудани фаъолияти корхонаҳои мавҷудаи саноатӣ, ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ,  ворид намудани технологияҳои нав таваҷҷӯҳи хос дорад.
Бинобар ин мехоҳам диққати шуморо ба барномаҳои афзалиятноки иқтисодӣ – сармоягузорӣ ҷалб намоям, ки манфиати бузург ва дарозмуддати иқтисодӣ хоҳанд дошт ва ҳамкории судманди дуҷонибаро ба сатҳи нав хоҳанд бардошт.
Барномаҳои энергетикии мо, бахусус бунёди нерӯгоҳҳои барқи обӣ дар шароити мо бартарии возеҳи иқтисодӣ ва стратегӣ доранд.
Ба барномаҳои мазкур лоиҳаҳои гуногуни бузургу миёна ва хурд шомил мебошанд, ки дар татбиқи онҳо сармоягузорони зиёд метавонанд ширкати фаъол варзанд.
Дар ин замина мо метавонем 527 млрд. кВт/ соат дар як сол нерӯи барқ истеҳсол намоем, вале, мутаассифона, айни ҳол танҳо 5 фоизи имкониятҳои мавҷуда истифода бурда шуда истодаанд.
Мо ба нақша гирифтаем, ки тавассути ҷалби сармояи хориҷиву ватанӣ истеҳсоли нерӯи барқро зиёд намоем ва дар натиҷа мо метавонем нерӯи барқро ба давлатҳои ҳамсоя содир намоем.
Дар як вақт ин имкон медиҳад бо истифодаи нерӯи арзони барқ сармоягузорон дар худи Тоҷикистон коргоҳҳои фоидаовари коркарди мева, сабзавот, пилла ва маҳсулоти дигар бунёд намоянд.
Дар кишвари мо, ки ашёи хоми хушсифат мавҷуд аст, Барномаи рушди саноати сабук пайгирона амалӣ мешавад. Имрӯз ҳамагӣ 20 дар сади нахи пахта пурра коркард шуда ба маҳсулоти ниҳоӣ табдил мешавад. Дар назар дорем силсилаи корхонаҳои коркарди пахта, пашм, пилла, меваҷотро бунёд намоем.
Ба назари ман ин шароити мусоиди ҳамкории сармоягузорони Тоҷикистону Туркия аст.
Чи тавре иттилоъ доред, кишвари мо ҳамаи навъҳои сангҳои қиматбаҳо, металлҳо ва ашёи заруриро дорост. Истихроҷ ва коркарди онҳо низ арсаи ҳамкории судовари иқтисодист.
Ширкатҳои Туркия метавонанд дар сохтмони биноҳо, истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ ва маводи хӯрока бо назардошти мавҷудияти имконият ва талабот ба ин маҳсулот фаъолияти имрӯзаи худро дар кишвари мо боз ҳам тақвият бахшанд.
Мо имрӯз ба созмондиҳии минтақаҳои озоди иқтисодӣ машғулем. Соли ҷорӣ аллакай ду минтақаи озоди иқтисодӣ дар ҷумҳурӣ ба фаъолият оғоз намуд.  Дар ин минтақаҳо барои фаъолияти васеи иқтисодӣ, молиявӣ, тиҷоратӣ ва иттилоотӣ, хидматрасонӣ ва ғайра шароити созгор ва ҳатто имтиёзӣ фароҳам хоҳад гардид.
Шумо, дӯстони гиромӣ, бартарӣ ва афзалиятҳои чунин минтақаҳоро хуб медонед. Ман итминон дорам, ки дар шароити кишвари мо, ки дар чорроҳии хушкии дунё воқеъ аст ва имконоту захираҳои матлубро дорост, ин минтақаҳо дурнамои нек ва дурахшон доранд.
Мо тасмим гирифтем ин минтақаҳоро бо иштироки васеъ ва амалии ширкатҳо ва субъектҳои давлатҳои дӯст ва муассисоти байналмилалӣ ташкил намоем. Онҳо муҳаррики ҳамкории сатҳи навин хоҳанд шуд.
Дар маҷмӯъ, мо метавонем дар ҳама арсаҳо ва соҳаҳо ба нафъи худ ва дӯстии таърихии ду кишвар ҳамкории васеъ намоем.
Ҳозирини гиромӣ!
Тавре ки мебинем, ҳадафҳои ҳамкории мо наҷибанд. Бар мост, ки бо иродаи возеҳ ва матин, бо талошу ғайрати аҷдодӣ ва амали неки созанда ҳамкориро таҳким бахшем.
Дар охир ба ҳамаи иштирокчиёни ҷаласаи мазкур бурдбориҳо орзумандам.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1891
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед