logo

номаҳо

Як посух ба ду матлаб

Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаҳои таҳлилии хабарнигор Сироншоҳи Диловар «Мурғимарҷонпарварӣ: мушкилиҳо садди роҳанд» ва «Ванҷ: занбӯриасалпарварӣ таҷдиди назар мехоҳад»-ро, ки дар саҳифаҳои «Ҷумҳурият» рӯзҳои 5 ва 17 феврали соли 2009 чоп шудаанд, мавриди омӯзиш қарор дод.
Гуфтан ба маврид аст, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 октябри соли 2006, № 451 «Барномаи рушди соҳаи парандапарварӣ барои солҳои 2007-2015» қабул шудааст, ки ба пешравии соҳа такони ҷиддие бахшид.
Ҳоло дар миқёси ҷумҳурӣ 20 корхонаи парандапарварӣ фаъолият дорад. Бо дастгирии бевоситаи Сардори давлат воридоти хӯрокаи омехта ба соҳаи парандапарварӣ аз пардохти боҷи гумрукӣ ва андози арзиши илова озод шуд.
Инчунин аз тарафи мутахассисон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи парандапарварӣ» таҳия гашт, ки дар он бештар ба масъалаи рушди мурғимарҷонпарварӣ дар минтақаҳои кӯҳистони ҷумҳурӣ диққат дода шудааст ва лоиҳа барои мувофиқа ва баррасӣ ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод мегардад.
Соҳаи занбӯриасалпарварӣ дар шароити кӯҳсори ҷумҳурӣ соҳаи сердаромад ба ҳисоб меравад. Ба ин мақсад бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 сентябри соли 2005, № 338 «Барномаи барқарорсозӣ ва рушди минбаъдаи соҳаи занбӯриасалпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2010» қабул шудааст.
Дар асоси Барномаи мазкур соли ҷорӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳурӣ барои  рушди соҳаи занбӯриасалпарварӣ 300 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гашт. Аз ин ҳисоб ба ноҳияи Ванҷ низ 40 оилаи занбӯр ҷудо гардид. Солҳои оянда низ барои рушди соҳаи занбӯриасалпарварӣ дар ноҳияи Ванҷ ва дигар минтақаҳои кӯҳистони ҷумҳурӣ ҷудо намудани миқдори муайяни оилаҳои занбӯр дар назар аст.

Қосим ҚОСИМОВ,
вазири кишоварзии Тоҷикистон
 

Сешанбе, 9 июни  соли  2009. № 75 (21 582). Соли 85-уми нашр


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 2246
30.07.2021


Миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Баҳрайн машварат доир шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

28.07.2021


Санаи сафари давлатии Пешвои миллат ба Туркманистон дақиқ шуд

ФУТЗАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Тамринҳои низомӣ дар марз бо Афғонистон бо иштироки 1,5 ҳазор нафар аз се кишвар

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҚАЛЪАИ ЯМЧУН БАРҚАРОР МЕГАРДАД

27.07.2021


Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

Варзиш

26.07.2021


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Варзиш

AFP: “ИМА амалиётҳои ҳавоиро дар Афғонистон дар сурати ҳамлаҳои нави “Толибон” идома медиҳанд”

Ҷаҳон дар як сатр

ВМКБ. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ МИНТАҚАВӢ БА 454,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед