logo

муҳоҷират

Ҳимояи ҳуқуқу манфиати муҳоҷиронро вазифаи асосии худ медонем

Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ ба муносибати созмон ёфтани «Иттиҳоди тоҷикистониёни Русия» бори дигар ҳимояи ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатиро аз масъалаҳои муҳими рӯз шумурда, таъкид ва изҳори боварӣ намуд, ки ин иттиҳод дар ҳамкорӣ бо сохторҳои расмии Федератсияи Русия  рушди муносибатҳои дӯстонаи ду кишвар, ҳимояи манфиатҳои тоҷикистониҳое, ки дар Русия кору зиндагӣ мекунанд, муттаҳид сохтани онон, нигоҳдорӣ ва густариши анъанаҳои миллӣ ва арзишҳои маданӣ, дастгирии шахсиятҳои эҷодкор ва комёб шудан ба дигар мақсадҳои олӣ кори шоистаеро ба анҷом мерасонад.
Татбиқи сиёсати давлат дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ, ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои онон дар кишвари мо бар дӯши Хадамоти муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ вогузор шудааст. Дар баробари ин дар Федератсияи Русия Намояндагии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон оид ба масъалаи муҳоҷират амал мекунад.
Фаъолияти Хадамоти муҳоҷират гуногунсоҳа буда дар ҳамкории доимӣ бо созмонҳо, ҷамъиятҳои тоҷикони муқими Русия, инчунин, Хадамоти федералии муҳоҷирати Федератсияи Русия, дигар мақомоти қудратӣ ва ниҳодҳои ҷамъиятӣ ба роҳ монда шудааст. Хусусан, бо Хадамоти федералии муҳоҷирати Федератсияи Русия робитаи зич дорем. Аз нимаи охири соли рафта то ин дам бо роҳбарияти ин мақомот 5 вохӯрии расмӣ баргузор намудем, ки дар онҳо силсилаи масъалаҳои муҳим –аз боздошти муваққатию депортатсия сар карда, то ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатии тоҷик муҳокима ва баррасӣ гардиданд. Дар баробари ин чандин маротиба роҳбарони Хадамоти федералии муҳоҷирати Федератсияи Русия бо даъвати мо ба кишварамон ташриф оварданд.
Яке аз чунин мулоқотҳои судманд 17 феврали соли равон бо ибтикори Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Маскав доир гашт, ки дар он кормандони ХФМ-и Федератсияи Русия, бо роҳбарии директори ин ниҳод К. Ромодановский, сафорати Тоҷикистон дар Русия, Хадамоти муҳоҷирати ВКД-и Тоҷикистон, раисони ҷамъиятҳои тоҷикони минтақаҳои Русия ширкат варзиданд. Мушкилоти муҳоҷирони меҳнатӣ ва роҳҳои ҳалли онҳо мавзӯи асосии вохӯрӣ буд.
Алҳол, ки ҷаҳон бори вазнини бӯҳрони молиявию иқтисодиро мекашад ва дар Тоҷикистон низ зарбаҳои шадиди он баръало эҳсос мешаванд, ташкили чунин вохӯриҳо аҳамияти дучанд пайдо мекунад.
Бо мақсади бо ҷойи кор таъмин намудани сокинони бекори кишвар бо ибтикори Хадамоти муҳоҷират дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд аввалин ярмаркаҳои ҷойҳои холии кор баргузор гардиданд. Ҳоло чунин ярмаркаҳо дар шаҳру ноҳияҳои кишварамон мунтазам доир шуда, дар онҳо миқдори зиёди бекорон дар дохил ва хориҷи кишвар ҷойи кор меёбанд.
Аз 20 то 23 апрели соли равон вакилони кишвари Краснодари Федератсияи Русия ба Тоҷикистон ташриф оварданд. Ба ин ҳайат намояндагони раёсати ХФМ ФР, вакилони Маҷлиси қонунгузор, сардорони корхонаю муассисаҳои азим ва гурӯҳи кордеҳони шаҳри Сочӣ шомил буданд. Дар Тоҷикистон ин ҳайат дар пойтахт, Хоруғ, дигар минтақаҳои кишвар бо мардум сӯҳбату вохӯрӣ ва ярмаркаҳои ҷойҳои холии кор доир намуда, барои беш аз 6000 сокини ҷумҳурӣ ҷойи кор муҳайё кард.
Дар нақша дорем, ки чунин мулоқоту ярмаркаҳоро бо иштироки намояндагони дигар кишварҳои хориҷӣ, ки ба нерӯи корӣ ниёз доранд ва дархост додаанд, гузаронем.
Самти дигари  фаъолияти ниҳоди мо боло бурдани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва касбии муҳоҷирони меҳнатӣ мебошад. Кормандони масъули мо дар якҷоягӣ бо кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти мамлакат, созмонҳои байналмилалии марбут ба муҳоҷират дар шаҳру ноҳияҳои кишвар бо сокинон корҳои фаҳмондадиҳӣ мебаранд. Ҳамкории мо, хусусан бо Созмони байналмилалӣ оид ба муҳоҷират, Созмони байналмилалӣ оид ба меҳнат, Агентии ҳамкории техникии АКТЕД, идораи швейтсарии рушд хуб ба роҳ монда шудааст. Чанде пеш, аниқтараш 18-24 май дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои мавсуф, инчунин созмони ғайриҳукуматии «Перспектива +» ба вилояти Самараи Русия сафари корӣ анҷом додем, ки натиҷаҳои онро хеле босамар арзёбӣ намудан месазад. Дар ҳама мулоқоту сӯҳбатҳо бо вакилони Думаи вилоятӣ, мақомоти қудратӣ, раёсати вилоятии ХФМ, ҷамъияти тоҷикони вилоят, муҳоҷирони меҳнатӣ ва оилаҳои онҳо масъалаи мушкилоти муҳоҷирон, ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо дар мадди аввал меистод. Баргузории чунин мулоқотҳоро дар соли равон дар вилоятҳои Краснодар ва Свердловски Федератсияи Русия ба нақша гирифтаем.
Бо мақсади ҳимояи ҳуқуқии муҳоҷирони меҳнатӣ бастани Созишномаҳои байналмилалӣ бо кишварҳое, ки ба муҳоҷирони меҳнатӣ ниёз доранд, низ аз самтҳои муҳими сиёсати давлат оид ба муҳоҷирати меҳнатӣ мебошад.
Дар шароити вусъатёбии равандҳои ҷаҳонишавӣ яке аз масъалаҳои мушкиле, ки дар назди на танҳо кишварҳои алоҳида, балки тамоми ҷомеаи байналмилалӣ меистад, ба низом даровардани муҳоҷирати ғайриқонунист. Тавре ки таҳлилҳо нишон медиҳанд, омилҳои асосии зуҳур ёфтани муҳоҷирати ғайриқонунӣ надонистани забон ва талаботи бозори меҳнат, сатҳи пасти маърифати ҳуқуқӣ ва касбӣ, ноогоҳӣ аз қоидаҳои одитарини муносибатҳои меҳнатӣ мебошанд, ки аҳволи муҳоҷиронро дар хориҷи кишвар дучанд мушкил намуда, боиси ба доми соҳибкорони бевиҷдон ва корчаллонҳои фиребгар афтодану ба муҳити ҷиноӣ наздик шудани онҳо мегарданд.


Сафиало ДЕВОНАЕВ,
сардори Хадамоти муҳоҷирати
Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ

Сешанбе, 9 июни  соли  2009. № 75 (21 582). Соли 85-уми нашр


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 2367
30.07.2021


Миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Баҳрайн машварат доир шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

28.07.2021


Санаи сафари давлатии Пешвои миллат ба Туркманистон дақиқ шуд

ФУТЗАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Тамринҳои низомӣ дар марз бо Афғонистон бо иштироки 1,5 ҳазор нафар аз се кишвар

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҚАЛЪАИ ЯМЧУН БАРҚАРОР МЕГАРДАД

27.07.2021


Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

Варзиш

26.07.2021


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Варзиш

AFP: “ИМА амалиётҳои ҳавоиро дар Афғонистон дар сурати ҳамлаҳои нави “Толибон” идома медиҳанд”

Ҷаҳон дар як сатр

ВМКБ. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ МИНТАҚАВӢ БА 454,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед