logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ ҶИНОЯТКОРИИ МУТАШАККИЛОНА»

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2013 «Дар бораи мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2013, № 12, мод. 882;   с. 2014, №11, мод. 650) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Ба муқаддимаи Қонун пас аз калимаҳои «шахсони ҳуқуқӣ,» калимаҳои «моликият, амнияти» илова карда шаванд.
2. Ба сархати чоруми моддаи 1 пас аз калимаҳои «асъори хориҷӣ» калимаҳои «, инчунин коғазҳои қиматнок,» илова карда шаванд.
3. Дар моддаи 3:
- ба сархати якум пас аз калимаҳои «шахсони ҳуқуқӣ,» калимаҳои «моликият, амнияти» илова карда шаванд;
- дар сархати чорум аломати нуқта ба аломати нуқтавергул «;» иваз карда шавад;
- сархати панҷум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- ба роҳ мондани ҳамкории байналмилалӣ бо мақсади огоҳонидан, ошкор намудан ва пешгирӣ кардани ҷиноятҳои хусусияти трансмиллидошта.».
4. Ба моддаи 6 сархати панҷум бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«- муқовимат ба ташкил намудани воҳидҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ;».
5. Сархатҳои шашум ва ҳафтуми қисми 2  моддаи 9 дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:
«- бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти иҷозатномадиҳанда, иҷозатдиҳанда ё ба суд оид ба бекор кардани амали иҷозатнома, ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ба намудҳои дахлдори фаъолият муроҷиат намоянд;
- бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба прокурори дахлдор барои ба суд даъво (пешниҳод, ариза) овардан дар бораи беэътибор донистани аҳдҳо, барҳам додани ташкилотҳои террористӣ, ташкилотҳое, ки тавассути онҳо савдои одамон ба роҳ монда шудааст, ташкилотҳои ба гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ, иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ) мусоидаткунанда ё онҳоро маблағгузоринамуда, инчунин мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)» оид ба манъ намудани фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ё динӣ, ки шахси ҳуқуқӣ ҳисоб намеёбанд ва фаъолияти экстремистиро амалӣ мегардонанд, муроҷиат намоянд.».
6. Моддаи 10 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти адлия, молия, андоз, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон (Департаменти мониторинги молиявӣ) ва ташкилотҳои қарзӣ, инчунин дигар мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои дахлдор дар доираи ваколатҳо, ҳуқуқ ва уҳдадориҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, дар мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона иштирок менамоянд.».
7. Дар ном ва матни моддаи 16 калимаҳои «риоя накардани» ба калимаҳои «вайрон кардани» иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон   Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 15 марти соли 2016, № 1286

Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона»
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон    Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 16 декабри соли 2015, № 279

Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона»-ро бар¬расӣ  намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси  Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон     М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 3 марти  соли 2016, № 183


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.03.2016    №: 56-57    Мутолиа карданд: 1062
03.08.2021


РАВҒАНИ МОҲӢ, КУНҶИТ ВА СИЁҲДОНА ДАР ШАКЛИ КАПСУЛА

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2021

02.08.2021


Нигаронӣ аз вазъи Афғонистон

ГЕОЛОГҲОИ ҶАВОНИ ТОҶИК БА ҲАМОИШИ ИДМ РОҲХАТ ГИРИФТАНД

БЕҲТАРИН ИХТИРОЪКОРОН ҚАДР ШУДАНД

ШАҲРИ РОҒУН. 110 ИНШООТИ ҶАШНӢ МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ГИРИФТ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

30.07.2021


Миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Баҳрайн машварат доир шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

28.07.2021


Санаи сафари давлатии Пешвои миллат ба Туркманистон дақиқ шуд

ФУТЗАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Тамринҳои низомӣ дар марз бо Афғонистон бо иштироки 1,5 ҳазор нафар аз се кишвар

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҚАЛЪАИ ЯМЧУН БАРҚАРОР МЕГАРДАД

27.07.2021


Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

Варзиш

26.07.2021


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Варзиш

AFP: “ИМА амалиётҳои ҳавоиро дар Афғонистон дар сурати ҳамлаҳои нави “Толибон” идома медиҳанд”

Ҷаҳон дар як сатр

ВМКБ. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ МИНТАҚАВӢ БА 454,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед