logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТАЙЁРИИ ВАРЗИШӢ»

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тайёрии варзишӣ» аз 19 марти соли 2013 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2013, №3, мод.196) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 2:
- дар сархати якум калимаи «давраи» ба калимаи «зинаи» иваз карда шавад;
- дар сархати дуюм пас аз калимаҳои «стандартҳои давлатии тайёрии варзишӣ» калимаҳои «ва барномаҳои тайёрии варзишӣ» илова карда шаванд.
2. Дар моддаи 6:
- сархати панҷум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«-тасдиқи барномаҳои тайёрии варзишӣ дар асоси пешниҳоди федератсияҳои варзишӣ ва муассисаҳои тайёрии варзишӣ;»;
- дар сархати сеюм калимаҳои «дастаҳои мунтахаби варзишӣ» ба калимаҳои «дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба намудҳои варзиш» иваз карда шаванд;
- дар сархати чорум калимаҳои «ва барномаҳои тайёрии варзишӣ» хориҷ карда шаванд.
3. Дар моддаи 9:
- қисми 1 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«1. Тайёрии варзишӣ дар зинаҳои зерин амалӣ карда мешавад:
- варзишӣ-солимгардонӣ;
- тайёрии ибтидоии варзишӣ;
- машқӣ-варзишӣ;
- мукаммалгардонии маҳорати варзишӣ;
- варзиши маҳорати олӣ.»;
- дар қисмҳои 2 ва 5 калимаҳои «давра» ва «давраи» мувофиқан ба калимаҳои «зина» ва «зинаи» иваз карда шаванд.
4. Дар моддаи 10:
- дар қисми 1 калимаи «давраҳои» ба калимаи «зинаҳои» иваз карда шавад;
- аз қисми 2 калимаҳои «ва барномаҳои тайёрии варзишӣ, ки мақоми ваколатдори давлатӣ муқаррар кардааст, тасдиқ ва» хориҷ карда шаванд;
- аз қисми 3 калимаҳои «таҳия ва» хориҷ карда шаванд.
5. Дар қисми 2 моддаи 11 калимаҳои «мақоми ваколатдори давлатӣ» ба калимаҳои «Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» иваз карда шаванд.
6. Дар қисми 2 моддаи 12:
- аз сархати сеюм калимаҳои «барномаҳои тайёрии варзиширо таҳия ва тасдиқ кунад,» хориҷ карда шаванд;
- дар сархати шашум калимаҳои «барномаҳои тайёрии варзишии давраҳои» ба калимаҳои «стандартҳои давлатӣ ва барномаҳои тайёрии варзишии зинаҳои» иваз карда шаванд.
7. Дар сархати якуми қисми 3 моддаи 14 калимаи «давраҳои» ба калимаи «зинаҳои» иваз карда шавад.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон   Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 15 марти соли 2016, № 1296

Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тайёрии варзишӣ»
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тайёрии варзишӣ» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 27 январи соли 2016,  № 328

Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани  тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тайёрии варзишӣ»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани  тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тайёрии варзишӣ»-ро  баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани  тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тайёрии варзишӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон     М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 3 марти  соли 2016, № 193


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.03.2016    №: 56-57    Мутолиа карданд: 974
30.07.2021


Миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Баҳрайн машварат доир шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

28.07.2021


Санаи сафари давлатии Пешвои миллат ба Туркманистон дақиқ шуд

ФУТЗАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Тамринҳои низомӣ дар марз бо Афғонистон бо иштироки 1,5 ҳазор нафар аз се кишвар

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҚАЛЪАИ ЯМЧУН БАРҚАРОР МЕГАРДАД

27.07.2021


Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

Варзиш

26.07.2021


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Варзиш

AFP: “ИМА амалиётҳои ҳавоиро дар Афғонистон дар сурати ҳамлаҳои нави “Толибон” идома медиҳанд”

Ҷаҳон дар як сатр

ВМКБ. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ МИНТАҚАВӢ БА 454,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед