logo

номаҳо

Аз дамидани Сурхоб нигаронем

Деҳаи Кадучӣ, ки яке аз деҳаҳои калонтарини вилояти Хатлон ба ҳисоб меравад, ҳоло дар ҳолати ногувор қарор дорад. Махсусан шабу рӯзҳои боронӣ сокинони  онро ҳаргиз оромӣ нест. Оби дарёи Сурхоб, ки аз паҳлӯи деҳа мегузарад, мудом дамида ташвишро дучанд месозад. Дарё то андозае медамад, ки ба лаби соҳил баробар мешавад, садои ғурришаш касро ба воҳима меандозад. Оғози моҳи майи соли равон  аз боришоти зиёд сатҳи оби дарё ниҳоят баланд гардид. Сарбандро  рахна  карду ба бисёр заминҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ зиён расонд.
Борони сел шабу рӯз бо шиддат меборид ва мардум барои раҳидан аз офат тарки хонаву дари хеш мекарданд. Қисми дигар болои теппа хайма зада, аз туғёни даҳшатноки дарё чашм намеканданд. Роҳбарон ва соҳилбандони ноҳия бошанд, ба дарё чашм медӯхтанду халос. Нерӯи онҳо дар бастани соҳил камӣ мекард. Кубик ва харсангҳое, ки ба пеши дарё партофта мешуданд, дар як нафас нест мегардиданд…
Мардум нағз дар ёд дорад. Тахминан 20-25 сол пеш, онҳо дар якҷоягӣ бо соҳилбандони ноҳияи Восеъ ба ҳашар баромада, дар мустаҳкамкунии соҳилҳо саҳми хешро мегузоштанд. Ва аз таҳдиди дарёи Сурхоб осуда буданд. Аммо сад афсӯс, ки ҳоло чунин кори хайр ба ёди касе намерасад. Бархе аз бепарвоии шахсони масъул истифода бурда, баҳри сохтмони хонаҳои худ симбурҳои лаби соҳилҳоро канда, аз дохили он сангҳои чиндашударо бурдаанд.
Пеши роҳи офатҳои зиёдеро метавон гирифт. Фақат масъулон барои ин  бо ғамхорӣ бояд ташаббус зоҳир cозанд. Мардум омода аст, ки ёрӣ бирасонад.
Фикр мекунам, ки баъди омадани офату дидани зарари зиёд нафъи тасалло ва чораҷӯиҳо камтар аст.

Раҳими РАФЕЪЗОД,
деҳаи Кадучии ноҳияи Восеъ   

Сешанбе, 16 июни  соли  2009.  № 77 (21 584). Соли 85-уми нашр


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 2068
23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

15.07.2021


347 шаҳрванди Афғонистон дар Тоҷикистон паноҳ бурд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ТОКИО – 2020

Сухане чанд дар бораи СҲШ

Ҷаҳон дар як сатр

14.07.2021


Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Покистон

Аз нишастҳои матбуотӣ

ХАТЛОН. МУБОРИЗА БО COVID-19 ПУРЗӮР МЕГАРДАД

КРИШТИАНУ РОНАЛДУ СОҲИБИ "БУТСИИ ТИЛЛОӢ" ГАРДИД

СММ: «Аз даҳ як ҳиссаи аҳолии ҷаҳон нимгуруснаанд»

Ҷаҳон дар як сатр

13.07.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Суҳбати телефонии Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон

ХОНАНДАГОНИ ДУШАНБЕ АЗ БЕҲТАРИНҲО ЭЪТИРОФ ШУДАНД

«Толибон» шарти оташбасро дар Афғонистон зикр карданд

Ҷаҳон дар як сатр

12.07.2021


ВОДИИ РАШТ

12 ИЮЛ - ДАВРИ ИЛОВАГИИ ИМТИҲОНҲОИ ММТ

Вазири корҳои хориҷии Чин дар бораи муносибот бо Россия сухан гуфт

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед