logo

туризм

ХОВАЛИНГ ЧАРО МАРКАЗИ САЙЁҲИИ ХАТЛОН НАБОШАД?

Ховалинг дар таҳҷойи шаҳри қадимаи Мунк (асрҳои IX – XII),  дар баландии 1500 метр аз сатҳи баҳр, ҷойгир аст. Масоҳати ноҳия 178, 8 ҳазор гектар буда, аҳолиаш ба 50 ҳазор нафар мерасад. Ховалинг қадимтарин музофоти Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ маҳсуб меёбад. Ин гӯшаи диёри тоҷикон таърихи 950 ҳазорсола дорад ва барои илми ҷаҳонӣ чун  маъхази бостоншиносӣ хизмат мекунад. Аз рӯйи таҳқиқоти олимони бостоншинос Ховалинг яке аз марказҳои савдо ва фарҳанги Бухорои Шарқӣ буда, шоҳроҳи бузурги Абрешим аз он мегузашт. Дар натиҷаи ҳафриётҳои бостоншиносӣ дар деҳаҳои Кӯлдара ва Севодара, ки мутаносибан 30 ва 15 км аз маркази шаҳракаи Ховалинг қарор доранд, бошишгоҳҳои одамони қадим ёфт шудаанд. Асбобу олоти меҳнати асри санг, ки дар натиҷаи ковишҳои ҳафриётӣ  аз ин деҳаҳо  ва дигар мавзеъҳо ёфт шудаанд, дар осорхонаи таърихию кишваршиносии ноҳия ҳифзу нигоҳдорӣ мешаванд. 

Чун мо гурӯҳи рӯзноманигорон дар идомаи боздид аз мавзеъҳои сайёҳии вилояти Хатлон ба ин ноҳия сафар доштем, табиати дилрабои Ховалинг  аз назарҳо дур намонд. Гузашта аз ин, шукӯҳи оромгоҳи бузургворон - Султон Увайси Қаранӣ, Хоҷа Айюби Ансорӣ, Авлиёи Зелолак, ёдгориҳои табиии Чилчанор, чашмаҳои Казаған, Сурхсақова (мавзее, ки қаҳрамони халқи тоҷик – Восеъ гулхан афрӯхта, мардумро алайҳи зулму бераҳмии манғитиён ба шӯриш даъват намудааст), Зардпарвин, Санги Рама, Шӯр, Крӯшак, Замбӯрак, Ҷӯрак, Ҳикмат, Мағфират, Раҳмат, Мурод, Шифо, ки ба чандин дардҳо давоанд, манзараҳову боғистонҳои Дашти Мешу Уштурчаро (дар ин мазеъҳо баҳор назар ба Ховалинг қариб як моҳ дер меояд), гулҳавзҳои ҳудуди деҳаи Доробию Шехмезон, ёдгориҳои таърихию фарҳангии зодгоҳи Восеи қаҳрамон – Дараи Мухтор, бошишгоҳҳои одамони асри  санг дар деҳаҳои Кӯлдара, Хонақои Севодара, сангтӯдаҳо, ёдгориҳои бостонии шаҳри Мунк, маъбади  Буддои деҳаи Чепол (Чепивол), Қалъаи Бегим ба ҳар бинанда таассуроти рангин мебахшанд.
- Ховалинг метавонад маркази сайёҳии вилояти Хатлон гардад, зеро ба шарофати ҳамсоягӣ бо Кӯлоб, Балҷувон, Муъминобод ва Тавилдара дар наздикии он мавзеъҳои  Чилдухтарон, Сари Хосор ва дигар ёдгориҳои таърихиву табиӣ ҷойгиранд, - мегӯяд Амир Сайид, директори осорхонаи мардумӣ – кишваршиносии ноҳия.
Ба гуфтаи вай,  дар асоси захираҳои фаровони сайёҳии ноҳия метавон ба самти Кӯлдара, оромгоҳи Султон Увайси Қаранӣ, Шугнов, Сангтӯда, Маъбади буддоии деҳаи Чепол ва дигар мавзеъҳо то ҳафт хатсайри сайёҳӣ таъсис дод. Албатта, ин  маблағузориҳои иловагӣ, мутахассисони соҳибтахассусу ботаҷриба ва вақту кӯшиши зиёдро тақозо менамояд. Вале  чун Ховалинг аз замонҳои пеш бо таърихи боғановат, табиати дилфиреб, сокинони меҳмоннавозу ҳунарманд, пос доштани анъанаҳои қадимӣ диққати садҳову ҳазорҳо сайёҳони дохиливу хориҷиро ҷалб намудааст, ба рушди соҳаи сайёҳии он, чун манбаи даромади бештар бояд таваҷҷуҳ зоҳир гардад.
Ховалинг воқеан ҳам макони диданиву истироҳатӣ ва фарҳангиву таърихист. Вале, ҳанӯз ҳам инфрасохтори сайёҳӣ, аз қабили кемпинг (меҳмонхонаи хурд), марказҳои хизматрасонӣ ва иншооти ёрирасон  намерасанд.
Ҳабибулло Ҳикматуллоев, мудири шуъбаи иқтисоди ноҳияи Ховалинг иброз дошт, ки бо мақсади рушди соҳаи сайёҳӣ дар Муассисаи давлатии осорхона – мамнӯъгоҳи ба номи  Восеъ бо дастгирии Вазорати рушди  иқтисод ва савдо ва мақомоти маҳаллӣ вақтҳои наздик осоишгоҳи табобатӣ бунёд меёбад. Бино аз чойхона, табобатгоҳ ва дигар иншооти ёрирасон иборат хоҳад буд. Айни ҳол, дар ин ҷо меҳмонхонаи замонавӣ мавриди истифода қарор дорад, ки дар он барои сайёҳону меҳмонон шароитҳои зарурӣ муҳайёанд.
Бино ба гуфтаи Дилшод Шеров, мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия, аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ноҳия ҷиҳати рушди соҳаи сайёҳӣ диққати маҳсус зоҳир мешавад. Ин буд, ки бо дастгирии мақомоти маҳаллӣ таъмири роҳ то  оромгоҳҳои бузургворон, сохтмони се меҳмонхонаи замонавӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ дар ҳоли анҷомёбӣ қарор доранд. Ин иқдом маҳз ба рушди навъҳои гуногуни сайёҳӣ, ки ноҳия ба он иқтидору имконоти воқеӣ дорад, равона шудаанд.

Ш. ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.04.2015    №: 73    Мутолиа карданд: 11709
23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

15.07.2021


347 шаҳрванди Афғонистон дар Тоҷикистон паноҳ бурд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ТОКИО – 2020

Сухане чанд дар бораи СҲШ

Ҷаҳон дар як сатр

14.07.2021


Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Покистон

Аз нишастҳои матбуотӣ

ХАТЛОН. МУБОРИЗА БО COVID-19 ПУРЗӮР МЕГАРДАД

КРИШТИАНУ РОНАЛДУ СОҲИБИ "БУТСИИ ТИЛЛОӢ" ГАРДИД

СММ: «Аз даҳ як ҳиссаи аҳолии ҷаҳон нимгуруснаанд»

Ҷаҳон дар як сатр

13.07.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Суҳбати телефонии Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон

ХОНАНДАГОНИ ДУШАНБЕ АЗ БЕҲТАРИНҲО ЭЪТИРОФ ШУДАНД

«Толибон» шарти оташбасро дар Афғонистон зикр карданд

Ҷаҳон дар як сатр

12.07.2021


ВОДИИ РАШТ

12 ИЮЛ - ДАВРИ ИЛОВАГИИ ИМТИҲОНҲОИ ММТ

Вазири корҳои хориҷии Чин дар бораи муносибот бо Россия сухан гуфт

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед