logo

туризм

САЙЁҲӢ АКНУН ДАР НОРАК ҲАМ РУШД МЕЁБАД

Айни ҳол дар шаҳри Норак сайёҳии қаиқронӣ, варзишӣ ва кӯҳнавардӣ рушд кардааст. Дар фасли тобистон сайёҳони зиёд на танҳо аз минтақаҳои гуногуни кишвар, балки аз  мамолики ИДМ ва дигар давлатҳои хориҷӣ аз мавзеъҳои гуногуни шаҳр дидан менамоянд.

Тибқи маълумоти бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Норак теъдоди туристону меҳмонон ҳамасола зиёд шуда истодаанд. Чунончи агар соли 2014 185 сайёҳи хориҷӣ ба шаҳр ташриф оварда бошад, дар соли 2015 ин нишондод ба 320 нафар расид. Ғайр аз ин, мувофиқи ҳисоботҳои оморӣ, бо мақсади саёҳати коргузорӣ ва гузарондани машқҳои варзишӣ ҳамасола шумораи зиёди сайёҳон вориди шаҳр мешаванд.
Феълан дар шаҳр инфрасохтори аввалиндараҷа, ба монанди меҳмонхонаҳо, осорхонаи шаҳрӣ, комплексҳои варзишӣ, майдонҳои истироҳатӣ ва тарабхонаҳо мавҷуд мебошанд. Ҷойгиршавии ҷуғрофӣ, ёдгориҳои таърихӣ, манзараҳои зебои кӯҳӣ, оромгоҳҳои бузургон метавонанд дар рушди минбаъдаи соҳаи сайёҳии шаҳр мусоидат намоянд.
Дар доираи «Барномаи  рушди туризм дар ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010 -  2014» дар соҳилҳои дарёи Вахш ба анҷом расондани сохтмонҳои хусусӣ дар назар аст. Ҳамчунин, бунёди осоишгоҳи замонавӣ бо маром идома дорад. Яке аз хусусиятҳои хосу фарқкунандаи Норак  аз дигар минтақаҳо дар он зоҳир мегардад, ки дар ҳудуди он неругоҳи азими НБО – и Норак ҷойгир аст. Сарбанди он  300 метрро ташкил дода, дар олам яке аз баландтаринҳо ба ҳисоб меравад. Ғунҷоиши обанбори неругоҳ 10,5 миллиард мукаабро ташкил дода, дарозии он 70 км аст. Обанбор мавзеи писандидаи шиноварон ва ҳаводорони обҳои мусаффо буда, барои сайди моҳӣ мавзеи мувофиқ мебошад. Дар ҳудуди баҳри Норак ташкили сайри қаиқронӣ ва дар заминаи он ташкили мусобиқаҳои гуногуни ҷумҳуриявию байналмилалӣ ба мақсад мувофиқ хоҳад буд. Бо мақсади инкишофи сайёҳии варзишӣ – кӯҳнавардӣ низ аз ҷониби масъулони шаҳр як қатор тадбирҳои муассир андешида мешаванд.
Бо назардошти шароити кунунӣ ва талаботи сайёҳон инфрасохтори  аввалиндараҷа  дар маркази шаҳр ду меҳмонхонаи замонавӣ бо тамоми  шароити зарурӣ сохта ба истифода дода шудааст, ки дар як шабонарӯз метавонад то 160 нафар қабул намояд. Барои боз ҳам беҳтар гардондани  хизматрасонии соҳа ва қабули бештари меҳмонону сайёҳон то соли 2019 сохтмони меҳмонхонаи нави ҷавобгӯй ба стандартҳои байналмилалӣ ба итмом мерасад.  
Рушди сайёҳӣ барои паст кардани сатҳи бекорӣ  ва ғанӣ гардондани буҷети шаҳр замина ва имконоти  муфидро фароҳам меоварад. Бинобар ин, масъулон бояд ба рушди ҳамаҷиҳатаи туризм ва ҷалби мутахассисони соҳибтахассусу ботаҷриба таваҷҷуҳи хос зоҳир намоянд.

Ш. ҚУРБОН, «Ҷумҳурият» 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 5.05.2016    №: 86    Мутолиа карданд: 11490
23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

15.07.2021


347 шаҳрванди Афғонистон дар Тоҷикистон паноҳ бурд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ТОКИО – 2020

Сухане чанд дар бораи СҲШ

Ҷаҳон дар як сатр

14.07.2021


Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Покистон

Аз нишастҳои матбуотӣ

ХАТЛОН. МУБОРИЗА БО COVID-19 ПУРЗӮР МЕГАРДАД

КРИШТИАНУ РОНАЛДУ СОҲИБИ "БУТСИИ ТИЛЛОӢ" ГАРДИД

СММ: «Аз даҳ як ҳиссаи аҳолии ҷаҳон нимгуруснаанд»

Ҷаҳон дар як сатр

13.07.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Суҳбати телефонии Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон

ХОНАНДАГОНИ ДУШАНБЕ АЗ БЕҲТАРИНҲО ЭЪТИРОФ ШУДАНД

«Толибон» шарти оташбасро дар Афғонистон зикр карданд

Ҷаҳон дар як сатр

12.07.2021


ВОДИИ РАШТ

12 ИЮЛ - ДАВРИ ИЛОВАГИИ ИМТИҲОНҲОИ ММТ

Вазири корҳои хориҷии Чин дар бораи муносибот бо Россия сухан гуфт

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед