logo

мулоқотҳо

ВЛАДИМИР КОЛОКОЛТСЕВ ДАР ҲУЗУРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Субҳи 24 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазири корҳои дохилии Федератсияи Русия Владимир Колоколтсевро, ки барои иштирок дар ҷаласаи ҳайати мушовараи якҷояи вазоратҳои корҳои дохилии ду кишвар ба Душанбе бо сафари корӣ ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт.

Дар рафти суҳбат масоили вобаста ба ҳолати кунуниву дурнамои ҳамкориҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ва Русия, ҳамчунин дигар ҷанбаҳои мубрами муносибатҳои ду давлат мавриди баррасӣ қарор доштанд.
Президенти кишвар аз ҷониби худ аҳамияти таҳкими минбаъдаи робитаҳои миёни вазоратҳои корҳои дохилии ҳар ду мамлакатро дар заминаи боэътимоди муносибатҳои ҳамшарикии стратегии Тоҷикистон ва Русия зикр намуд.
Ҳамзамон, ба натиҷаҳои самарабахши фаъолияти муштараки ҷонибҳо дар қисмати анҷом додани амалиётҳои фаврӣ ҷиҳати пешгирӣ кардану ошкор намудани ҷиноятҳо, мубориза алайҳи терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар намудҳои ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ишора карда шуд.
Сарвари давлат бо таъкиди як қатор масоили мубраме, ки ҳаллу фаслашон амалҳои минбаъдаи якҷояро тақозо доранд, зарурати идомаи ҳамкориҳои тарафайнро дар самти мубориза алайҳи ҷиноятҳои зикргардида  амри зарур донист.
Бо назардошти  қарорҳои охири Ҳукумати Федератсияи Русия ҷиҳати ислоҳоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар, аз ҷумла ба сохтори Вазорати корҳои дохилӣ ворид намудани хадамоти муҳоҷират, дар рафти суҳбат ба масъалаи муҳоҷирати корӣ низ таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардид. Татбиқи пайгиронаи тавофуқоте, ки миёни ду кишвар дар ин  ҷода ба даст омадаанд, аз ҷумла дар қисмати таҳкими раванди ҳифзи ҳуқуқиву иҷтимоии муҳоҷирони кории Тоҷикистон таъкид гашт.
 Президенти Тоҷикистон нисбат ба ҳодисаи ахири ҳамлаи гурӯҳи ҷиноятӣ ба муҳоҷирони кории тоҷик дар қабристони Хованскии шаҳри Москва, ки дар натиҷа 3 шаҳрванди Тоҷикистон кушта шуда, даҳҳо нафари дигар ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд, изҳори нигаронӣ кард. 
Сарвари давлати Тоҷикистон тазаккур дод, ки ҷиҳати ба ҷавобгарӣ кашидани ташкилкунандагон ва гунаҳгорони аслии ин латукӯби оммавии шаҳрвандони Тоҷикистон тамоми чораҳои зарурӣ андешида шаванд.
Дар фарҷоми суҳбат ҷонибҳо судмандии мулоқоти имрӯзаашонро иброз дошта, изҳори боварӣ намуданд, ки ҳамкориҳои сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи ду кишвари дӯст дар оянда низ густариш хоҳанд ёфт.

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.05.2016    №: 66    Мутолиа карданд: 7607
12.08.2022


ИҚДОМИ НАВБАТИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ

11.08.2022


СОҲИБКОРОНИ КРАСНОЯРСК: "МЕВАҲОИ ТОҶИКИСТОН ЛАЗИЗТАРАНД!"

Вазирони мудофиаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон қарордод имзо карданд

ШАҲРИНАВ. ТАТБИҚИ ДАСТУРҲОИ САРВАРИ ДАВЛАТ РУШДИ НОҲИЯРО ТАҚВИЯТ МЕБАХШАД

10.08.2022


Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Гурҷистон доир мегардад

09.08.2022


ИФТИТОҲИ КОНСУЛГАРИИ ФАХРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАТУМИ

ВАРЗИШ

08.08.2022


“Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол”

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАРЗИШ

05.08.2022


Тоҷикистон ҷонибдори тамомияти арзии Чин мебошад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОШКЕНТ. ЯК АНҶУМАНИ МУҲИМ

04.08.2022


Ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо таъкид шуд

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. БЕШ АЗ 10 ДАВЛАТИ ҶАҲОН ХОСТОРИ УЗВИЯТАНД

ВАРЗИШ

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ НАМОИШИ “ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

03.08.2022


Таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои арабии Халиҷ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН - САРЗАМИНИ ОБҲОИ ШИФОБАХШ

02.08.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ММТ. ИМКОНИЯТИ ДУБОРА БА ДОВТАЛАБОН

01.08.2022


Пули 760-метра сохта мешавад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

«РОҒУН». ЧАРО БУЗУРГТАРИН СОХТМОНИ АСР ДАР ОСОРИ АҲЛИ ҚАЛАМ КАМ ИНЪИКОС МЕШАВАД?

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ ҶОПОН ДАР ТОҶИКИСТОН

ВАРЗИШ

29.07.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

27.07.2022


Ҷаласаи вазирони кишоварзии СҲШ

Мулоқотҳои сатҳи ИДМ дар Нур-Султон дар шакли ҳузурӣ баргузор мегарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДА. ТАҲКИМИ ЗАРФИЯТҲО ДАР ПЕШГИРӢ ВА РАФЪИ ПАЙОМАДҲОИ ЭҲТИМОЛӢ

ОЛИМПИАДАИ ҶАҲОНӢ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед