logo

туризм

ПАРКИ МИЛЛӢ. ЧАРО ДАР ИН БОРА КАМ МЕГӮЕМ?

Парки миллии Тоҷикистон, ки  аз мавзеъҳои бузурги табиӣ дар қаламрави Осиёи Миёна  ба шумор рафта, масоҳати умумиаш 2, 6 миллион гектарро ташкил медиҳад, аз минтақаҳои муҳими сайёҳии кишвар ба шумор меравад. Аз замони таъсис ёфтани ин минтақаи муҳими сайёҳӣ 24 сол сипарӣ шуда бошад ҳам, мутаассифона, ин мавзеъ хеле кам муаррифӣ гардидааст. Хусусан корҳои тарғиботӣ ҳанӯз ба қадри  кофӣ роҳандозӣ нашудаанд. Баъди ба рӯйхати Юнеско ворид гардидани парк  интизор мерафт, ки шумораи сайёҳон дар ин мавзеъ бештар мегардад, вале чунин нашуд. Бино ба иттилои дастрасшуда  соли гузашта аз ин минтақа 346 сайёҳ дидан намудаанд. Албатта, ин нисбат ба солҳои қаблӣ зиёдтар аст, вале ин нишондод ҳанӯз қонеъкунанда нест.
- Албатта, барои муаррифии бештар сомонаи  паркро таъсис дода, буклетҳои гуногун нашр намудем, аммо инфрасохтори парк ҳанӯз боқувват нест ва мо наметавонем сайёҳони зиёдро қабул намоем. Техникаи зарурӣ низ вуҷуд надоранд, - мегӯяд сардори муассиса Шодӣ Саидҷонов.
Ба хотири рафъи мушкилоти мавҷуда соли 2004 «Барномаи давлатии рушди ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда  барои солҳои 2005 – 2015» қабул гардид. Ин муддат дар доираи амалӣ гардидани барнома дар ин минтақа низ корҳои зиёд анҷом пазируфт. Аз ҷумла, дар ноҳияҳои Сангвор, Лахш идораҳои мудирияти парк таъсис ёфтанд, мониторинги ҳайвоноти ваҳшӣ амалӣ шуда,  23 дастурамал оид ба гузарондани мониторинги гавазни бухороӣ, бабри барфӣ, ғизол, кабки дарӣ, бузи пармашох, мурғи даштӣ ва дигар ҳайвоноти нодир, ки шомили рӯйихати «Китоби сурхи Тоҷикистон» - анд, тартиб дода шуд. Парваришгоҳҳои гавазни бухороӣ ва мурғи тазаври тоҷикӣ  фаъол гардид. Кормандон бо асбобҳои нави техникӣ таъмин гардиданд. Аммо то ҳоло  дар парк мушкилоти зиёде мавҷуд аст, ки садди роҳи рушди он шудааст. Ин, пеш аз ҳама, нарасидани мутахассисони баландихтисос, мавҷуд набудани заминаи моддӣ - техникӣ ва маблағи зарурӣ мебошад.
Ба гуфтаи Убайд Акрамов, муовини раиси Муассисаи давлатии ҳудудҳои махсус муҳофизатшавандаи Агентии хоҷагии ҷангал,
Парки миллии Тоҷикистон, ҳамзамон, метавонад яке аз лабораторияҳои табиӣ  барои гузарондани таҳқиқотҳои илмӣ гардад. Хусусан барои биологҳо мавзеи хеле мусоид ба шумор меравад. Аз ҷониби дигар ҳамаи арзишҳои дар парк мавҷуда то ҳол пурра омӯхта нашудаанд.
- Дар ин мавзеъ маълумоте мавҷуд аст, ки на танҳо хусусияти минтақавӣ, балки  умумиҷаҳонӣ доранд. Вале, мутаассифона,  гузарондани таҳқиқотҳои илмӣ оид ба амалӣ намудани нақша ва муаррифӣ намудани ин мавзеъ аз ҷониби вазорату идораҳои дахлдор на ҳамеша дастгирӣ меёбад. Аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зист, ки мақомоти ваколатдор оид ба ҳифзу нигоҳдории иншоотҳои табиӣ ба шумор меравад, барои муаррифӣ намудани парк дастгирии ҷиддӣ ба назар намерасад. Бо дастгирии баъзе ташкилотҳои хориҷӣ, ки дар қаламрави Помир фаъолият доранд, ташкили банер, буклетҳо ва баъзе навиштаҷоти дигар барои муаррифии парк анҷом ёфтанд, аммо ин ҳама ҳанӯз хеле кам аст, - мегӯяд Убайд Акрамов.
Дар Ҷумҳурии Қазоқистон вақте кӯли Иссиқкӯл шомили мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО гардид, аз ҷониби тамоми идораҳои дахлдор дастгирии ҷиддӣ ёфт ва дар муддати кӯтоҳ ба минтақаи азими сайёҳӣ табдил ёфт. Аз рӯи маълумот  ҳамасола ба ин мавзеъ 4 - 5 миллион сайёҳ ташриф меоранд ва аз ин ҳисоб ба иқтисодиёти кишвар маблағи зиёд ворид мегардад. Пас чаро мо чунин накунем?
Парки миллии Тоҷикистон, ки бо бузургӣ ва  ёдгориҳои  таърихӣ, анвои гуногуни набототу  ҳайвоноти нодираш дар қаламрави Осиёи  Миёна беназир аст, бояд бештар муаррифӣ гардад, то ба мавзеи бузурги сайёҳӣ табдил ёбад.
Фарзонаи Файзалӣ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.06.2016    №: 122-123    Мутолиа карданд: 11490
23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

15.07.2021


347 шаҳрванди Афғонистон дар Тоҷикистон паноҳ бурд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ТОКИО – 2020

Сухане чанд дар бораи СҲШ

Ҷаҳон дар як сатр

14.07.2021


Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Покистон

Аз нишастҳои матбуотӣ

ХАТЛОН. МУБОРИЗА БО COVID-19 ПУРЗӮР МЕГАРДАД

КРИШТИАНУ РОНАЛДУ СОҲИБИ "БУТСИИ ТИЛЛОӢ" ГАРДИД

СММ: «Аз даҳ як ҳиссаи аҳолии ҷаҳон нимгуруснаанд»

Ҷаҳон дар як сатр

13.07.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Суҳбати телефонии Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон

ХОНАНДАГОНИ ДУШАНБЕ АЗ БЕҲТАРИНҲО ЭЪТИРОФ ШУДАНД

«Толибон» шарти оташбасро дар Афғонистон зикр карданд

Ҷаҳон дар як сатр

12.07.2021


ВОДИИ РАШТ

12 ИЮЛ - ДАВРИ ИЛОВАГИИ ИМТИҲОНҲОИ ММТ

Вазири корҳои хориҷии Чин дар бораи муносибот бо Россия сухан гуфт

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед