logo

мулоқотҳо

ТАШРИФИ ҲАЙАТИ БОНКИ АВРУПОИИ ТАҶДИД ВА РУШД

1 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат ҳайати Шӯрои директорони иҷроияи Бонки аврупоии таҷдид ва рушдро ба ҳузур пазируфта, аз сатҳи ҳамкории Тоҷикистон бо ин ташкилоти молиявӣ изҳори қаноат кард ва ташрифи ҳайати бонуфузи бонкро омили муҳими таҳкими робитаҳо маънидод намуд.

Ҷонибҳо аз таъсири манфии буҳронҳои сиёсиву молиявӣ ба иқтисодиёти кишварҳо изҳори нигаронӣ карда, доир ба дарёфти роҳҳои ҳалли ин мушкилот табодули афкор намуданд.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаи густариши робитаҳо дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти кишвар, аз ҷумла энергетика, рушди соҳибкорӣ, низоми бонкӣ ва инфрасохтори шаҳрӣ, низ баррасӣ гардид.
Изҳори умед карда шуд, ки ҷалби бештари сармояи ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ ба низоми молиявии кишвар такони ҷиддӣ бахшида, дар солимгардии низоми бонкӣ ва рушди иқтисодиёт нақши мусбат хоҳад бозид.
Иштироки Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар татбиқи лоиҳаҳои дорои аҳамияти минтақавӣ зарур шумурда шуда, амалӣ кардани лоиҳаи CАSА - 1000 намунаи олии ин ҳамкорӣ маънидод гардид.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 2.07.2016    №: 130    Мутолиа карданд: 8688
12.08.2022


ИҚДОМИ НАВБАТИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ

11.08.2022


СОҲИБКОРОНИ КРАСНОЯРСК: "МЕВАҲОИ ТОҶИКИСТОН ЛАЗИЗТАРАНД!"

Вазирони мудофиаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон қарордод имзо карданд

ШАҲРИНАВ. ТАТБИҚИ ДАСТУРҲОИ САРВАРИ ДАВЛАТ РУШДИ НОҲИЯРО ТАҚВИЯТ МЕБАХШАД

10.08.2022


Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Гурҷистон доир мегардад

09.08.2022


ИФТИТОҲИ КОНСУЛГАРИИ ФАХРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАТУМИ

ВАРЗИШ

08.08.2022


“Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол”

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАРЗИШ

05.08.2022


Тоҷикистон ҷонибдори тамомияти арзии Чин мебошад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОШКЕНТ. ЯК АНҶУМАНИ МУҲИМ

04.08.2022


Ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо таъкид шуд

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. БЕШ АЗ 10 ДАВЛАТИ ҶАҲОН ХОСТОРИ УЗВИЯТАНД

ВАРЗИШ

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ НАМОИШИ “ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

03.08.2022


Таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои арабии Халиҷ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН - САРЗАМИНИ ОБҲОИ ШИФОБАХШ

02.08.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ММТ. ИМКОНИЯТИ ДУБОРА БА ДОВТАЛАБОН

01.08.2022


Пули 760-метра сохта мешавад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

«РОҒУН». ЧАРО БУЗУРГТАРИН СОХТМОНИ АСР ДАР ОСОРИ АҲЛИ ҚАЛАМ КАМ ИНЪИКОС МЕШАВАД?

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ ҶОПОН ДАР ТОҶИКИСТОН

ВАРЗИШ

29.07.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

27.07.2022


Ҷаласаи вазирони кишоварзии СҲШ

Мулоқотҳои сатҳи ИДМ дар Нур-Султон дар шакли ҳузурӣ баргузор мегарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДА. ТАҲКИМИ ЗАРФИЯТҲО ДАР ПЕШГИРӢ ВА РАФЪИ ПАЙОМАДҲОИ ЭҲТИМОЛӢ

ОЛИМПИАДАИ ҶАҲОНӢ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед