logo

мулоқотҳо

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО МАРИАМ ШЕРМАН

14 июл дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иҷрокунандаи вазифаи директори минтақавии Бонки ҷаҳонӣ оид ба Осиёи Марказӣ хонум Мариам Шерманро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташрифи ҳайати баландпояи бонки мазкурро ба Тоҷикистон иқдоми муҳим дар таҳкими ҳамкории ҷонибҳо арзёбӣ карда, ба фаъолияти имрӯзаи Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон баҳои баланд дод.
Ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ дар соҳаҳои гуногуни рушд, пеш аз ҳама, дар соҳаҳои энергетика, инфрасохтор, кишоварзӣ, дастгирии Буҷети давлатӣ, соҳаҳои иҷтимоӣ ва дигар соҳаҳои афзалиятнок дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, доираи бештару фарохтарро фаро мегирад.
Зимни вохӯрӣ оғози татбиқи лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи CASA - 1000, ки дар якҷоягӣ бо Бонки ҷаҳонӣ амалӣ мегардад, намунаи олии ҳамкории судманди дуҷониба арзёбӣ гардида, изҳори умед карда шуд, ки бо ёрии Бонки ҷаҳонӣ дар оянда татбиқи лоиҳаҳои бахши энергетикӣ, сохтмони иқтидорҳои истеҳсолкунанда ва хатҳои интиқоли барқ, рушди нақлиёт ва инфрасохтори роҳ, аз ҷумла роҳи оҳан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тақвият бахшида мешавад.
Дар мулоқот масъалаҳои тадқиқоти асосноккунии иқтисодию техникии барқарорсозии НБО - и Норак, дарёфт намудани маблағҳои иловагӣ барои лоиҳаи таҷдиду барқарорсозии неругоҳи Норак, лоиҳаҳои барқарорсозӣ ва соҳилмустаҳкамкунии дарёҳо баррасӣ гардиданд.
Ҷонибҳо ҳамчунин доир ба тақвияти ҳамгироии муштарак дар самти кам кардани таъсири омилҳои берунӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон дар шароити шиддат гирифтани буҳрони ҷаҳонии иқтисодию молиявӣ ва расондани ёрӣ ба кишвари мо дар бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ табодули назар карда, мулоқоти имрӯзаро барои муҳокимаи масъалаҳои вобаста ба вазъ ва дурнамои ҳамкории мутақобила муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ намуданд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.07.2016    №: 137    Мутолиа карданд: 8750
12.08.2022


ИҚДОМИ НАВБАТИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ

11.08.2022


СОҲИБКОРОНИ КРАСНОЯРСК: "МЕВАҲОИ ТОҶИКИСТОН ЛАЗИЗТАРАНД!"

Вазирони мудофиаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон қарордод имзо карданд

ШАҲРИНАВ. ТАТБИҚИ ДАСТУРҲОИ САРВАРИ ДАВЛАТ РУШДИ НОҲИЯРО ТАҚВИЯТ МЕБАХШАД

10.08.2022


Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Гурҷистон доир мегардад

09.08.2022


ИФТИТОҲИ КОНСУЛГАРИИ ФАХРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАТУМИ

ВАРЗИШ

08.08.2022


“Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол”

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАРЗИШ

05.08.2022


Тоҷикистон ҷонибдори тамомияти арзии Чин мебошад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОШКЕНТ. ЯК АНҶУМАНИ МУҲИМ

04.08.2022


Ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо таъкид шуд

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. БЕШ АЗ 10 ДАВЛАТИ ҶАҲОН ХОСТОРИ УЗВИЯТАНД

ВАРЗИШ

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ НАМОИШИ “ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

03.08.2022


Таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои арабии Халиҷ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН - САРЗАМИНИ ОБҲОИ ШИФОБАХШ

02.08.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ММТ. ИМКОНИЯТИ ДУБОРА БА ДОВТАЛАБОН

01.08.2022


Пули 760-метра сохта мешавад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

«РОҒУН». ЧАРО БУЗУРГТАРИН СОХТМОНИ АСР ДАР ОСОРИ АҲЛИ ҚАЛАМ КАМ ИНЪИКОС МЕШАВАД?

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ ҶОПОН ДАР ТОҶИКИСТОН

ВАРЗИШ

29.07.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

27.07.2022


Ҷаласаи вазирони кишоварзии СҲШ

Мулоқотҳои сатҳи ИДМ дар Нур-Султон дар шакли ҳузурӣ баргузор мегарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДА. ТАҲКИМИ ЗАРФИЯТҲО ДАР ПЕШГИРӢ ВА РАФЪИ ПАЙОМАДҲОИ ЭҲТИМОЛӢ

ОЛИМПИАДАИ ҶАҲОНӢ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед