logo

мулоқотҳо

МУЛОҚОТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БО ГУБЕРНАТОРИ ВИЛОЯТИ НИЖЕГОРОД

19 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат губернатори вилояти Нижегороди Федератсияи Русия Валерий Шантсевро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот вазъ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Русия, аз ҷумла робитаҳои байни минтақаҳои ду кишвар дар соҳаҳои афзалиятнок, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
- Мо ба рушди марҳила ба марҳилаи ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия изҳори ҳавасмандӣ менамоем,- таъкид кард Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва афзуд, ки ҳамёрии кишварҳои моро муносибатҳои неки стратегии дуҷониба ва минтақавӣ таҳким мебахшанд.
Зикр гардид, ки Федератсияи Русия дар савдои хориҷии Тоҷикистон пешсаф буда, ба сегонаи кишварҳои бузурге шомил аст, ки ҳаҷми гардиши мол байни Тоҷикистон ва онҳо нисбатан афзун мебошад.
Дар мулоқот, инчунин, доир ба рушди ҳамкорӣ бо вилояти Нижегороди Федератсияи Русия дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, илму маориф ва туризм табодули афкори судманд сурат гирифт. Дар ҳамин замина ҷалби ташкилоту корхонаҳои саноатии вилояти Нижегород барои фаъолият дар Минатақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон, ташкили содироти бештари меваю сабзавоти хушсифати Тоҷикистон ба шаҳру вилоятҳои Русия ва афзун намудани шумораи бурсияҳои таҳсил барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои олии таълимии Федератсияи Русия аз самтҳои муҳими ҳамкории дуҷониба арзёбӣ гардид.
Ҷонибҳо, ҳамчунин, доир ба тақвияти муносибатҳо дар самти муҳоҷирати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Федератсияи Русия ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони кории тоҷик табодули афкор намуданд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.07.2016    №: 140    Мутолиа карданд: 9092
12.08.2022


ИҚДОМИ НАВБАТИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ

11.08.2022


СОҲИБКОРОНИ КРАСНОЯРСК: "МЕВАҲОИ ТОҶИКИСТОН ЛАЗИЗТАРАНД!"

Вазирони мудофиаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон қарордод имзо карданд

ШАҲРИНАВ. ТАТБИҚИ ДАСТУРҲОИ САРВАРИ ДАВЛАТ РУШДИ НОҲИЯРО ТАҚВИЯТ МЕБАХШАД

10.08.2022


Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Гурҷистон доир мегардад

09.08.2022


ИФТИТОҲИ КОНСУЛГАРИИ ФАХРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАТУМИ

ВАРЗИШ

08.08.2022


“Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол”

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАРЗИШ

05.08.2022


Тоҷикистон ҷонибдори тамомияти арзии Чин мебошад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОШКЕНТ. ЯК АНҶУМАНИ МУҲИМ

04.08.2022


Ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо таъкид шуд

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. БЕШ АЗ 10 ДАВЛАТИ ҶАҲОН ХОСТОРИ УЗВИЯТАНД

ВАРЗИШ

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ НАМОИШИ “ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

03.08.2022


Таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои арабии Халиҷ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН - САРЗАМИНИ ОБҲОИ ШИФОБАХШ

02.08.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ММТ. ИМКОНИЯТИ ДУБОРА БА ДОВТАЛАБОН

01.08.2022


Пули 760-метра сохта мешавад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

«РОҒУН». ЧАРО БУЗУРГТАРИН СОХТМОНИ АСР ДАР ОСОРИ АҲЛИ ҚАЛАМ КАМ ИНЪИКОС МЕШАВАД?

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ ҶОПОН ДАР ТОҶИКИСТОН

ВАРЗИШ

29.07.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

27.07.2022


Ҷаласаи вазирони кишоварзии СҲШ

Мулоқотҳои сатҳи ИДМ дар Нур-Султон дар шакли ҳузурӣ баргузор мегарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДА. ТАҲКИМИ ЗАРФИЯТҲО ДАР ПЕШГИРӢ ВА РАФЪИ ПАЙОМАДҲОИ ЭҲТИМОЛӢ

ОЛИМПИАДАИ ҶАҲОНӢ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед