logo

мулоқотҳо

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ЛИЛИЯ БУРУНЧУК

12 август дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон директори кишварии Бонки ҷаҳонӣ оид ба Осиёи Марказӣ хонум Лилия Бурунчукро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот вазъ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ дар соҳаҳои энергетика, инфрасохтор, кишоварзӣ, дастгирии буҷети давлатӣ, иҷтимоӣ ва дигар бахшҳои афзалиятнок мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вохӯрии имрӯзаро иқдоми муҳим дар таҳкими ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ арзёбӣ намуда, изҳор дошт, ки ҳар як лоиҳаи якҷоя бо бонк татбиқшаванда боз як пешрафти дигар дар рушди иқтисодии Тоҷикистон ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми он мебошад.
Дар давоми 23 соли шарикӣ Бонки ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон зиёда аз як миллиард доллари амрикоӣ қарзҳои имтиёзнок, грантҳо ва ёрии техникӣ пешниҳод намуда, айни замон дар кишвари мо лоиҳаҳои фаъоли бонк ба маблағи зиёда аз 350 миллион доллар дар бахшҳои гуногуни иқтисодӣ ва иҷтимоӣ амалӣ шуда истодаанд.
Дар мулоқот доир ба саҳмгузории муштарак дар бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиат дар шаҳру ноҳияҳои гуногуни мамлакат, кам кардани хатари таъсири буҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ ба иқтисодиёти рушдёбандаи Тоҷикистон, идомаи маблағгузории таҷдиду барқарорсозии НБО Норак, рушди соҳаи нақлиёт ва инфрасохтори роҳ ва тақвияти ҳамкорӣ дар доираи Стратегияи панҷсолаи ҳамкории Бонки ҷаҳонӣ ва Тоҷикистон табодули афкори судманд сурат гирифт.
Ҷонибҳо ҳамчунин масоили зиёд намудани ҳаҷми маблағгузориҳои Бонки ҷаҳониро ба иқтисодиёти Тоҷикистон дар намуди маблағҳои имтиёзноки грантӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.08.2016    №: 163    Мутолиа карданд: 10568
12.08.2022


ИҚДОМИ НАВБАТИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ

11.08.2022


СОҲИБКОРОНИ КРАСНОЯРСК: "МЕВАҲОИ ТОҶИКИСТОН ЛАЗИЗТАРАНД!"

Вазирони мудофиаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон қарордод имзо карданд

ШАҲРИНАВ. ТАТБИҚИ ДАСТУРҲОИ САРВАРИ ДАВЛАТ РУШДИ НОҲИЯРО ТАҚВИЯТ МЕБАХШАД

10.08.2022


Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Гурҷистон доир мегардад

09.08.2022


ИФТИТОҲИ КОНСУЛГАРИИ ФАХРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАТУМИ

ВАРЗИШ

08.08.2022


“Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол”

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАРЗИШ

05.08.2022


Тоҷикистон ҷонибдори тамомияти арзии Чин мебошад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОШКЕНТ. ЯК АНҶУМАНИ МУҲИМ

04.08.2022


Ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо таъкид шуд

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. БЕШ АЗ 10 ДАВЛАТИ ҶАҲОН ХОСТОРИ УЗВИЯТАНД

ВАРЗИШ

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ НАМОИШИ “ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

03.08.2022


Таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои арабии Халиҷ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН - САРЗАМИНИ ОБҲОИ ШИФОБАХШ

02.08.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ММТ. ИМКОНИЯТИ ДУБОРА БА ДОВТАЛАБОН

01.08.2022


Пули 760-метра сохта мешавад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

«РОҒУН». ЧАРО БУЗУРГТАРИН СОХТМОНИ АСР ДАР ОСОРИ АҲЛИ ҚАЛАМ КАМ ИНЪИКОС МЕШАВАД?

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ ҶОПОН ДАР ТОҶИКИСТОН

ВАРЗИШ

29.07.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

27.07.2022


Ҷаласаи вазирони кишоварзии СҲШ

Мулоқотҳои сатҳи ИДМ дар Нур-Султон дар шакли ҳузурӣ баргузор мегарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДА. ТАҲКИМИ ЗАРФИЯТҲО ДАР ПЕШГИРӢ ВА РАФЪИ ПАЙОМАДҲОИ ЭҲТИМОЛӢ

ОЛИМПИАДАИ ҶАҲОНӢ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед