logo

мулоқотҳо

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН АБДУЛАЗИЗ КОМИЛОВРО БА ҲУЗУР ПАЗИРУФТ

29 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулазиз Комиловро, ки бо сафари корӣ дар шаҳри Душанбе қарор дорад, ба ҳузур пазируфт.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо дар фазои қобили қабул ҳолат ва дурнамои тамоми маҷмӯи муносиботи Тоҷикистону Ӯзбекистон ва роҳҳои минбаъдаи тавсеаи онро баррасӣ карданд. Ҷонибҳо қаноатмандии хешро аз тамоюли мусбати давраи охир дар муносиботи мутақобилаи ду кишвар, аз ҷумла афзоиши ҳаҷми мубодилаи мол, фаъолгардонии кори Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, инчунин муҳимияти дастгирии машваратҳои доимии сиёсӣ ва муколама дар сатҳҳои олӣ ва баланд изҳор намуданд.
Эҳтиёҷи воқеии кунунӣ ба фаъолгардонии амалии ҳамкории таркибии фарҳангию гуманитарӣ миёни ду кишвар таъкид гардид. Ҷонибҳо мушкилоти муҳими минтақавӣ ва байналмилалиро баррасӣ намуда, диққати заруриро ба муҳимияти таъмини амнияти минтақавӣ чун шарти асосии суботи иҷтимоӣ - сиёсӣ дар Осиёи Марказӣ равона карданд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо бори дигар тасдиқ карданд, ки соҳаҳо барои кӯшишҳои муштарак кам нестанд ва сохторҳои дахлдори ду кишварро зарур аст, ки бо мақсади ба хатти нави рушд баровардани тамоми маҷмӯи робитаҳои байнидавлатӣ ба таври муназзам кор баранд. Дар ин робита, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хусусияти афзалиятноки муносиботи Тоҷикистону Ӯзбекистонро дар сиёсати берунии Тоҷикистон таъкид намуд.
Муҳимияти ҳифз ва таҳкими ҳусни ҳамҷаворӣ ва робитаҳои мутақобилан судманди ду кишвар, ки дар асоси арзишҳои умумии рӯҳонӣ ва анъанаҳои ғании дӯстӣ бунёд ёфтаанд ва эҳтироми мутақобила, ки аз қаъри таърих реша мегиранд, таъкид шуд. Дар ин замина, ҳамчун масъалаи муҳими аввалиндараҷа баланд бардоштани сатҳи шарикии иқтисодӣ ва тиҷорат ҳамчун омили муҳими фароҳам овардани заминаҳои мусоид барои пешбурди созандаи тамоми маҷмӯи муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон таъкид гардид. Ҳамзамон, соҳаҳои обу энергетика ва нақлиёту логистикӣ, инчунин масъалаҳои рафту омади дуҷонибаи шаҳрвандон ҳамчун самти тақозои ҳамгироии фаъоли созанда таъкид шуд.
Дар хотимаи суҳбат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳбарияти Ӯзбекистони ҳамсоя дар рушди модели Ӯзбекистон муваффақият ва ба мардуми бародари он сулҳ, субот ва шукуфоии минбаъда таманно намуд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.09.2016    №: 195    Мутолиа карданд: 10738
12.08.2022


ИҚДОМИ НАВБАТИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ

11.08.2022


СОҲИБКОРОНИ КРАСНОЯРСК: "МЕВАҲОИ ТОҶИКИСТОН ЛАЗИЗТАРАНД!"

Вазирони мудофиаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон қарордод имзо карданд

ШАҲРИНАВ. ТАТБИҚИ ДАСТУРҲОИ САРВАРИ ДАВЛАТ РУШДИ НОҲИЯРО ТАҚВИЯТ МЕБАХШАД

10.08.2022


Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Гурҷистон доир мегардад

09.08.2022


ИФТИТОҲИ КОНСУЛГАРИИ ФАХРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАТУМИ

ВАРЗИШ

08.08.2022


“Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол”

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАРЗИШ

05.08.2022


Тоҷикистон ҷонибдори тамомияти арзии Чин мебошад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОШКЕНТ. ЯК АНҶУМАНИ МУҲИМ

04.08.2022


Ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо таъкид шуд

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. БЕШ АЗ 10 ДАВЛАТИ ҶАҲОН ХОСТОРИ УЗВИЯТАНД

ВАРЗИШ

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ НАМОИШИ “ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

03.08.2022


Таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои арабии Халиҷ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН - САРЗАМИНИ ОБҲОИ ШИФОБАХШ

02.08.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ММТ. ИМКОНИЯТИ ДУБОРА БА ДОВТАЛАБОН

01.08.2022


Пули 760-метра сохта мешавад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

«РОҒУН». ЧАРО БУЗУРГТАРИН СОХТМОНИ АСР ДАР ОСОРИ АҲЛИ ҚАЛАМ КАМ ИНЪИКОС МЕШАВАД?

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ ҶОПОН ДАР ТОҶИКИСТОН

ВАРЗИШ

29.07.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

27.07.2022


Ҷаласаи вазирони кишоварзии СҲШ

Мулоқотҳои сатҳи ИДМ дар Нур-Султон дар шакли ҳузурӣ баргузор мегарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДА. ТАҲКИМИ ЗАРФИЯТҲО ДАР ПЕШГИРӢ ВА РАФЪИ ПАЙОМАДҲОИ ЭҲТИМОЛӢ

ОЛИМПИАДАИ ҶАҲОНӢ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед