logo

ҳуқуқ

РОҲЕ, КИ ОХИРАШ ПАСИ ПАНҶАРА АСТ

Кормандони шуъбаи ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе ҳангоми гузарондани амалиёти гумрукӣ воридот ва муомилоти ғайриқонунии маводи дорувориро ошкор ва пешгирӣ намуданд.
 
Бино ба иттилои Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрванд И. Г. бо супориши директори филиали ширкати «Курамакс ЛТД» - и Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати намояндаи тиҷоратӣ фаъолият намуда, ба қонуншиканӣ даст задааст. Номбурда маводи дорувории бесифатро аз кормандони ҶДММ «Файзалӣ С» ва Баҳриддин ном шахс, сокини шаҳри Истаравшан, бар ивази маблағи қарзӣ қабул намуда, онҳоро бар хилофи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар соҳаи фаъолияти фармасевтӣ амалкунанда, дар анбори иҷорагирифтааш, воқеъ дар кӯчаи И. Нарзиқулов 3 - и шаҳри Душанбе, ҷойгир намудааст. Баъдан, бо мақсади амалӣ гардондани нақшаи ҷинояткоронаи пешакӣ тарҳрезишуда, мунтазам аз анбор як қисми маводи дорувории ба талаботи стандартҳои муқарраршуда ҷавобгӯ набударо дар дорухонаҳои шаҳри Душанбе ва вилояти Хатлон ба фурӯш гузоштааст.
Ҳангоми гузарондани чорабиниҳои оперативӣ - ҷустуҷӯӣ аз анбори муваққатии И. Г. ҳабҳои тамғаи «Мифепристон-25 мг», Мизопростол», «Спазмалгон», хокаҳои тамғаи «Фарамакс», капсулаҳои тамғаи «Тангкат Али Платинум», «Сила Императора», «Эссенсиале форте Н», сӯзандоруи якграмма, система барои гузарондани маҳлули инфизионӣ ва маҳлули антисептикӣ дар ҳаҷмҳои гуногун ёфта гирифта шуданд.
Мувофиқи хулосаи ташхиси Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтии Ҷумҳурии Тоҷикистон маводи дорувории мусодирашуда ба ҳаёт ва саломатии истеъмолкунандагон зарар дошта, барои истифодаи онҳо иҷозат дода намешавад. Тибқи хулосаҳо нигоҳ доштани маводи доруворию маҳсулоти тиббӣ дар ҷойҳое, ки системаи ҳавотозакунӣ, рафҳои нигаҳдории қабатӣ, кондитсионер ва яхдон вуҷуд надоранд, манъ аст. Маблағи умумии маводи мусодирашуда 25 ҳазору 873 сомониро ташкил медиҳад.
Аз рӯи ин ҳодиса нисбат ба И. Г. ва дигар қонуншиканон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, аз рӯи тобеияти тафтишотӣ ба прокуратураи шаҳри Душанбе ирсол  шудааст.
Бо роҳи латма задан ба саломатии садҳо нафар аҳолӣ даромади муфт ба даст овардан, амали носавоб аст. Мутаассифона, баъзе шахсони худкома манфиатҳои шахсии худро аз манфиатҳои ҷомеа боло мегузоранд ва роҳеро интихоб мекунанд, ки охираш паси панҷара аст. Дар робита ба ин ҳодиса, хадамоти гумрук шаҳрвандонро ба зиракӣ ва эҳтиёткорӣ даъват мекунад, то фирефтаи маҳсулоти зараровар ва ғайриқонунӣ нагарданд.
Д. РӮЗИЕВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.10.2016    №: 201    Мутолиа карданд: 3055
27.09.2021


Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Қосим-Жомарт Токаев

СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ ВА РУШДИ ВАО

Лавров дар бораи ҳамоҳанг набудани ризоияти абарқудратҳо оид ба принсипҳои тартиботи ҷаҳонӣ сухан гуфт

Ҷаҳон дар як сатр

23.09.2021


Муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Мавритания барқарор шуданд

ЛИГАИ ОЛӢ

Машқҳои «Миссияи сулҳи СҲШ - 2021» дар вилояти Оренбург

Ҷаҳон дар як сатр

21.09.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - “Тоҷикон” ба Хуҷанд расид

Навидҳои фарҳанг

17.09.2021


Токаев аз кишварҳои СААД хост, ки дар таҳкими марзи Тоҷикистон ёрӣ расонанд

Ҷаҳон дар як сатр

СЕ МЕДАЛ - ТУҲФАИ ҶАШНӢ

16.09.2021


Ҷаласаи муштараки ШВКХ, ШВМ ва ККША СААД

ПАҲЛАВОНИ ТОҶИК - СОҲИБИ ШОҲҶОИЗА

СОЗИШНОМАИ БМТ БО БОНКИ МАРКАЗИИ РОССИЯ

ТОҶИКОБОД. НИЁЗМАНДОН ДАСТГИРӢ ЁФТАНД

ҶИУ-ҶИТСУ

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО НИКОЛ ПАШИНЯН

15.09.2021


Лоиҳаи Қонун «Дар бораи фаъолияти инжинирингӣ» баррасӣ гашт

ЛИГАИ ҚАҲРАМОНҲО

Рӯйдодҳои илмӣ

ХУҶАНД. БОЗ ЧАНД ИНШООТИ НАВИ ҶАШНӢ ДАР ХИЗМАТИ СОКИНОН

14.09.2021


Нахустин вохӯрии сарварони кишварҳои узви СҲШ ва СААД оид ба вазъи Афғонистон дар Душанбе

МАКТАБИ СИЁСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ КОРШИНОСОНУ МУҲАҚҚИҚОНИ ДОХИЛУ ХОРИҶРО БА ҲАМ МЕОРАД

“МАРҲАБО БА 20-СОЛАГИИ СҲШ”

I БОЗИҲОИ КИШВАРҲОИ ИДМ

ЛАХШ. ИММУНИЗАТСИЯ БО МАРОМ ИДОМА ДОРАД

13.09.2021


Маҷаллаи «Diplomatisches Magazin» дастовардҳои Тоҷикистонро муаррифӣ намуд

Дар Афғонистон ҷанг бо «Толибон» дубора авҷ гирифт

Ҷаҳон дар як сатр

ГӮШТИИ МИЛЛӢ

«ФАРҲАНГИ ДОРО»-И ДОРО

«ЧОРСӮ» ДАР КӮЛОБ МАКТАБ СОХТ

СУДҲОИ ИҚТИСОДӢ САМАРАИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ДАВЛАТИАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед