logo

ҳуқуқ

МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯ. ДАР ПЕШГИРИИ ОН БОЯД ДАСТАҶАМЪОНА АМАЛ КАРД

Кормандони Шуъбаи пешгирии коррупсияи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар асоси «Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 - 2020» пайваста бо доираҳои гуногуни сокинони пойтахти мамлакат дидору вохӯриҳо барпо намуда, оид ба оқибатҳои нангини порахӯриву ришваситонӣ ва зарари он ба рушди ҷомеа суҳбату мулоқоти судманд доир мекунанд.
Дар ин замина, чанде пеш онҳо дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 24, бо иштироки тамоми роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии маорифи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, мулоқот анҷом доданд. Дар ин вохӯрӣ таваҷҷуҳи асосӣ ба тақвияти роҳҳои муборизаи муштарак алайҳи ин падидаи номатлуб равона гардида, аз даст доштани бархе кормандони соҳаи маориф изҳори нигаронӣ шуд.
Зимни вохӯрӣ бо аҳли маорифи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе таъкид гардид, ки коррупсия зуҳуроти номатлуби ҷомеа буда, ба рушди бонизоми соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат халал ворид месозад, обрӯву эътибори давлатро дар арсаи байналмилалӣ коста мегардонад. Дар ҳамин ҳол, бо изҳори таассуф зикр шуд, ки дар соҳаи маорифи кишвар ҳоло ҳам нафароне ҳастанд, ки ҳангоми иҷрои вазифа даст ба ҷиноятҳои коррупсионӣ зада, шаъну шарафи худро дар байни мардум паст мезананд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар асоси таҳлилҳои бадастомада, дар миёни кормандони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зерсохторҳои он ҳамоно дар рафти имтиҳонҳои дохилшавӣ ба муассисаҳои олӣ, ҳатто ба мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ҷиноятҳои коррупсионӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки боиси ташвиши аҳли ҷомеа гардидааст. Аз ин рӯ, дар вохӯрӣ таъкид ба амал омад, ки кормандони ин соҳа бояд худро аз амалҳои коррупсионӣ канор гиранд, зеро онҳо тарбияткунандагони насли наврас ва ё неруи зеҳнӣ дар ҷомеа ҳастанд. Дар акси ҳол даст задан ба ҷиноятҳои коррупсионӣ аз сӯи кормандони соҳаи маориф ба рӯҳияи наврасону ҷавонон таъсири манфӣ мегузорад.
Иштирокчиёни вохӯрӣ ба ин назар буданд, ки мубориза бар зидди ҷиноятҳои коррупсионӣ ва аз байн бурдани ин зуҳуроти номатлуб танҳо кори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия набуда, балки кори дастаҷамъӣ ва амали муштараки шаҳрвандон аст. Зеро ин ҳақиқат пайдост, ки авҷи амалҳои коррупсионӣ ба пешрафти иқтисоди мамлакат халал ворид сохта, сатҳи камбизоатиро дар ҷомеа меафзояд.
Кормандони Шуъбаи пешгирии коррупсияи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар анҷоми мулоқот бо аҳли маорифи ноҳияи Фирдавсӣ аз ҳамагон даъват ба амал оварданд, ки дар ҳамкорӣ бо кормандони агентӣ ҷиҳати пешгирии раванди коррупсионӣ, бевосита дар ошкор намудани ҳуқуқвайронкуниҳои характери коррупсионидошта фаъолона иштирок намоянд. Дар ҷилавгирӣ аз ин зуҳуроти номатлуб ва ба вуҷуд овардани фазои зиддикоррупсионӣ дар байни омма саҳми назаррас гузоранд.
Зимнан бояд қайд намуд, ки бо назардошти муҳимияти масъала почтаи электронӣ ва телефонҳои боварии Раёсати агентӣ дар шаҳри Душанбе ба таври доимӣ фаъоланд. Ин тасмим имкон медиҳад, ки ҳамарӯза кормандони Шуъбаи пешгирии коррупсияи Раёсати агентӣ иттиллои шаҳрвандон оид ба ошкор намудани амалҳои коррупсиониро қабул намуда, перомуни онҳо чораҳои таъҷилӣ ва судбахши қонунӣ андешанд.
Самандар СУНАТЗОДА,
сардори Шуъбаи пешгирии коррупсияи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ
ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.10.2016    №: 202    Мутолиа карданд: 3675
27.09.2021


Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Қосим-Жомарт Токаев

СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ ВА РУШДИ ВАО

Лавров дар бораи ҳамоҳанг набудани ризоияти абарқудратҳо оид ба принсипҳои тартиботи ҷаҳонӣ сухан гуфт

Ҷаҳон дар як сатр

23.09.2021


Муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Мавритания барқарор шуданд

ЛИГАИ ОЛӢ

Машқҳои «Миссияи сулҳи СҲШ - 2021» дар вилояти Оренбург

Ҷаҳон дар як сатр

21.09.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - “Тоҷикон” ба Хуҷанд расид

Навидҳои фарҳанг

17.09.2021


Токаев аз кишварҳои СААД хост, ки дар таҳкими марзи Тоҷикистон ёрӣ расонанд

Ҷаҳон дар як сатр

СЕ МЕДАЛ - ТУҲФАИ ҶАШНӢ

16.09.2021


Ҷаласаи муштараки ШВКХ, ШВМ ва ККША СААД

ПАҲЛАВОНИ ТОҶИК - СОҲИБИ ШОҲҶОИЗА

СОЗИШНОМАИ БМТ БО БОНКИ МАРКАЗИИ РОССИЯ

ТОҶИКОБОД. НИЁЗМАНДОН ДАСТГИРӢ ЁФТАНД

ҶИУ-ҶИТСУ

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО НИКОЛ ПАШИНЯН

15.09.2021


Лоиҳаи Қонун «Дар бораи фаъолияти инжинирингӣ» баррасӣ гашт

ЛИГАИ ҚАҲРАМОНҲО

Рӯйдодҳои илмӣ

ХУҶАНД. БОЗ ЧАНД ИНШООТИ НАВИ ҶАШНӢ ДАР ХИЗМАТИ СОКИНОН

14.09.2021


Нахустин вохӯрии сарварони кишварҳои узви СҲШ ва СААД оид ба вазъи Афғонистон дар Душанбе

МАКТАБИ СИЁСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ КОРШИНОСОНУ МУҲАҚҚИҚОНИ ДОХИЛУ ХОРИҶРО БА ҲАМ МЕОРАД

“МАРҲАБО БА 20-СОЛАГИИ СҲШ”

I БОЗИҲОИ КИШВАРҲОИ ИДМ

ЛАХШ. ИММУНИЗАТСИЯ БО МАРОМ ИДОМА ДОРАД

13.09.2021


Маҷаллаи «Diplomatisches Magazin» дастовардҳои Тоҷикистонро муаррифӣ намуд

Дар Афғонистон ҷанг бо «Толибон» дубора авҷ гирифт

Ҷаҳон дар як сатр

ГӮШТИИ МИЛЛӢ

«ФАРҲАНГИ ДОРО»-И ДОРО

«ЧОРСӮ» ДАР КӮЛОБ МАКТАБ СОХТ

СУДҲОИ ИҚТИСОДӢ САМАРАИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ДАВЛАТИАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед