logo

мулоқотҳо

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО СЕРЖ САРГСЯН

Бегоҳии 13 октябри соли равон дар шаҳри Ереван  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Арманистон Серж Саргсян вохӯрд.
Дар мулоқот маҷмӯи масъалаҳои муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Арманистон бар-расӣ гардиданд.
Аз сатҳу сифати ҳамкориҳои ду давлат дар доираи Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Давлатҳои Му-стақил, Созмони амнияту ҳамкории Аврупо ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, ҳар ду ҷониб омодагию ҳавасмандии худро барои густариши  бештари  муносибатҳои байнидавлатӣ таъкид карданд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ҷониби Арманистон барои дастгирии узвияти Тоҷикистон дар Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ ва расондани ёрӣ дар кори таҳкими сарҳади ҷанубии  Тоҷикистон дар доираи  Соз-мони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ изҳори сипосу миннатдорӣ намуд.
Ҷонибҳо ба рушду тавсеаи бештари ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ мароқ зоҳир карда, дар ин замина фаъолгардонии  кори Комиссияи байниҳукуматӣ  оид ба ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистон ва Арма-нистонро  махсус таъкид намуданд.
Муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистон ва Арманистон дар заминаи беш аз 30 санади ҳамкорӣ, ки  соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, кишоварзӣ, сохтмон, ҳифзи муҳити зист, илму маориф, тандурустӣ ва фарҳангро  фаро  меги-ранд,  роҳандозӣ шуда, дар мувофиқаи ҷонибҳо боз наздик ба 10 санади нави ҳамкорӣ қарор дорад, ки ҳамкории ду давлатро дар самти рафту омади шаҳрвандон, соҳаҳои маорифу тандурустӣ, сиёсати ҷавонон ва робитаҳои  байни ниҳодҳои илмӣ пешбинӣ менамоянд.
Дар мулоқот, ҳамчунин маҷмӯи масъалаҳои марбут ба авзои кунунии минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла вазъи Афғонистон, ҳифзи сарҳади байнидавлатӣ, мубориза бар зидди терроризму экстремизм ва қочоқи маводи мух-аддир баррасӣ шуданд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.10.2016    №: 205    Мутолиа карданд: 9641
12.08.2022


ИҚДОМИ НАВБАТИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ

11.08.2022


СОҲИБКОРОНИ КРАСНОЯРСК: "МЕВАҲОИ ТОҶИКИСТОН ЛАЗИЗТАРАНД!"

Вазирони мудофиаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон қарордод имзо карданд

ШАҲРИНАВ. ТАТБИҚИ ДАСТУРҲОИ САРВАРИ ДАВЛАТ РУШДИ НОҲИЯРО ТАҚВИЯТ МЕБАХШАД

10.08.2022


Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Гурҷистон доир мегардад

09.08.2022


ИФТИТОҲИ КОНСУЛГАРИИ ФАХРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАТУМИ

ВАРЗИШ

08.08.2022


“Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол”

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАРЗИШ

05.08.2022


Тоҷикистон ҷонибдори тамомияти арзии Чин мебошад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОШКЕНТ. ЯК АНҶУМАНИ МУҲИМ

04.08.2022


Ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо таъкид шуд

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. БЕШ АЗ 10 ДАВЛАТИ ҶАҲОН ХОСТОРИ УЗВИЯТАНД

ВАРЗИШ

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ НАМОИШИ “ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

03.08.2022


Таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои арабии Халиҷ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН - САРЗАМИНИ ОБҲОИ ШИФОБАХШ

02.08.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ММТ. ИМКОНИЯТИ ДУБОРА БА ДОВТАЛАБОН

01.08.2022


Пули 760-метра сохта мешавад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

«РОҒУН». ЧАРО БУЗУРГТАРИН СОХТМОНИ АСР ДАР ОСОРИ АҲЛИ ҚАЛАМ КАМ ИНЪИКОС МЕШАВАД?

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ ҶОПОН ДАР ТОҶИКИСТОН

ВАРЗИШ

29.07.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

27.07.2022


Ҷаласаи вазирони кишоварзии СҲШ

Мулоқотҳои сатҳи ИДМ дар Нур-Султон дар шакли ҳузурӣ баргузор мегарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДА. ТАҲКИМИ ЗАРФИЯТҲО ДАР ПЕШГИРӢ ВА РАФЪИ ПАЙОМАДҲОИ ЭҲТИМОЛӢ

ОЛИМПИАДАИ ҶАҲОНӢ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед