logo

ҳуқуқ

ХАБАРНИГОРИ ФАВРӢ. ҚОНУНШИКАНИҲОРО ОШКОР МЕКУНАД

Дар сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ»  таъсис дода шудааст, ки шаҳрвандон метавонанд хабар ва наворҳои видеоиро вобаста ба ҷинояту  ҷинояткорӣ, ҳуқуқвайронкунию қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулода, сӯхтор, садамаҳои нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.
Дар давоми фаъолияти наздик ба як моҳи ин гӯша бистуҳашт нафар аз манотиқи гуногуни мамлакат ва Федератсияи Русия ба мақомоти корҳои дохилӣ муроҷиат намудааст, ки дар раёсатҳои дахлдор мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Аз ҷумла, намояндаи шабакаи «Телевизиони Тоҷикистон» дар Федератсияи Русия Хуршед Саидаҳмадов хабари дар «Фейсбук» пахшгардидаро таҳти унвони «Вақте ки полисҳои худӣ ҳамчун фаришта ба назар мерасанд» ба ин гӯша ирсол намудааст, ки  аз хизмати кормандони милитсияи ШВКД дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ (муҳофизони майдони Исмоили Сомонии пойтахт)  маълумоти интиқодӣ дарҷ ёфтааст.
Вобаста ба ин ҳодиса роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ вокуниши фаврӣ нишон дод. Дар натиҷа, нисбат ба кормандири взвод оид ба муҳофизати иншооти давлатии ШВКД дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ капитани милитсия  Искандар  Убайдов ҷазои интизомӣ дар намуди «Танбеҳ» татбиқ гардида, милитсионерони взводи мазкур - командири шуъбача, прапоршики калони милитсия Сафар Гадоев ва сержанти калони милитсия Авлиёқул Нормаҳмадов аз сафи мақомоти корҳои дохилӣ озод карда шуданд. Ҳамчунин, вобаста ба муроҷиати шаҳрванд Шоира Умарова оид ба ҳуқуқвайронкунӣ ва муносибати дағалонаи ронандаи автомашинаи тамғаи Мерседес - Бенс бо рақами қайди давлатии 1318 ТТ 05 Аминҷони Самад санҷиш гузаронда шуда, нисбат ба ӯ ҷазо дар намуди панҷ рӯз манъи идораи воситаи нақлиёт татбиқ  гашт. Ба илова, кормандони РБДА ВКД бо ронандаи автомашинаи мазкур барои такрор накардани муносибати дағалона бо мусофирон суҳбат гузаронда, ӯро дар асоси моддаи 324 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашиданд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ, вазорат барои ҷалби бештари шаҳрвандон ба гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» ва муайян намудани беҳтарин хабарнигор озмун эълон намудааст. Дар он кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, ҳифзи ҳуқуқ, ниҳодҳои қудратӣ, хизматчиёни ҳарбӣ, намояндагони воситаҳои ахбори омма ва шаҳрвандон (новобаста аз шаҳрвандӣ) иштирок карда метавонанд. 
Маводи ирсолнамудаи «Хабарнигори фаврӣ» аз тарафи комиссияи Вазорати корҳои дохилӣ баррасӣ гардида, ғолибон бо туҳфаҳо ва маблағҳои пулӣ мукофотонида мешаванд. «Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, ИМО IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон vkd.tj@mail.ru  истифода намуда, наворҳои худро ба се забон - тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ пешниҳод намояд. 
Д. РӮЗИЕВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.10.2016    №: 207    Мутолиа карданд: 2989
27.09.2021


Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Қосим-Жомарт Токаев

СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ ВА РУШДИ ВАО

Лавров дар бораи ҳамоҳанг набудани ризоияти абарқудратҳо оид ба принсипҳои тартиботи ҷаҳонӣ сухан гуфт

Ҷаҳон дар як сатр

23.09.2021


Муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Мавритания барқарор шуданд

ЛИГАИ ОЛӢ

Машқҳои «Миссияи сулҳи СҲШ - 2021» дар вилояти Оренбург

Ҷаҳон дар як сатр

21.09.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - “Тоҷикон” ба Хуҷанд расид

Навидҳои фарҳанг

17.09.2021


Токаев аз кишварҳои СААД хост, ки дар таҳкими марзи Тоҷикистон ёрӣ расонанд

Ҷаҳон дар як сатр

СЕ МЕДАЛ - ТУҲФАИ ҶАШНӢ

16.09.2021


Ҷаласаи муштараки ШВКХ, ШВМ ва ККША СААД

ПАҲЛАВОНИ ТОҶИК - СОҲИБИ ШОҲҶОИЗА

СОЗИШНОМАИ БМТ БО БОНКИ МАРКАЗИИ РОССИЯ

ТОҶИКОБОД. НИЁЗМАНДОН ДАСТГИРӢ ЁФТАНД

ҶИУ-ҶИТСУ

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО НИКОЛ ПАШИНЯН

15.09.2021


Лоиҳаи Қонун «Дар бораи фаъолияти инжинирингӣ» баррасӣ гашт

ЛИГАИ ҚАҲРАМОНҲО

Рӯйдодҳои илмӣ

ХУҶАНД. БОЗ ЧАНД ИНШООТИ НАВИ ҶАШНӢ ДАР ХИЗМАТИ СОКИНОН

14.09.2021


Нахустин вохӯрии сарварони кишварҳои узви СҲШ ва СААД оид ба вазъи Афғонистон дар Душанбе

МАКТАБИ СИЁСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ КОРШИНОСОНУ МУҲАҚҚИҚОНИ ДОХИЛУ ХОРИҶРО БА ҲАМ МЕОРАД

“МАРҲАБО БА 20-СОЛАГИИ СҲШ”

I БОЗИҲОИ КИШВАРҲОИ ИДМ

ЛАХШ. ИММУНИЗАТСИЯ БО МАРОМ ИДОМА ДОРАД

13.09.2021


Маҷаллаи «Diplomatisches Magazin» дастовардҳои Тоҷикистонро муаррифӣ намуд

Дар Афғонистон ҷанг бо «Толибон» дубора авҷ гирифт

Ҷаҳон дар як сатр

ГӮШТИИ МИЛЛӢ

«ФАРҲАНГИ ДОРО»-И ДОРО

«ЧОРСӮ» ДАР КӮЛОБ МАКТАБ СОХТ

СУДҲОИ ИҚТИСОДӢ САМАРАИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ДАВЛАТИАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед