logo

ҳуқуқ

ЯК ТАШАББУС. АЗ БОБИ ҲАМОИШИ ОММАВӢ ЗИДДИ ИФРОТГАРОИВУ ТЕРРОРИЗМ

Мазҳаби бузурги ҳанафӣ, ғояҳои гуногунҷанбаи ирфониву инсонгароёнаи ин мазҳаб, тарғибу ташвиқи дурусти он ҷавонони моро метавонад аз ифротгароӣ, даҳшатафканӣ ва гаравидан ба гурӯҳҳои тундрав эмин нигаҳ дорад.
Ин нуктаро  Давлат Назаров, муовини сардори хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонони ВКД, полковники милитсия,  дар вохӯрии кормандони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тоҷирон ва масъулони бозори «Ҷал-Ҷам»  таъкид намуд. Дар ин мулоқоти судманд, ки дар як гӯшаи бозор сурат гирифт, зиёда аз 200 нафар иштирок дошт.
Бино ба гуфтаи ӯ, бештари нафарони фиребхӯрда аз ҷаҳолат ва нодонии худ ба доми хоҷагон ва мубаллиғони ифротӣ гирифтор шудаанд.
Низоъҳои мусаллаҳона аз ҷанги шаҳрвандии Яман оғоз гардида, минбаъд дар қаламрави Ироқу Сурия доман паҳн карданд. Пайдост, ки аз ду ҷониб ҷангиён ва масъулони тахассусӣ меистоданд. Шахсони фиребхӯрда барои корҳои дувумдараҷа ва хусусияти оммавӣ додан ба бедодиҳои гурӯҳи «Давлати исломӣ» ҷалб мешуданд. Мақсади асосии сарпарастони ин созмон расидан ба манфиатҳои геосиёсию иқтисодӣ буда, ба маргу зист ва сарнавишти шахсони ба ном «ҷиҳодӣ» парвое надоранд.
Давлат Назаров ин гуфтаҳои худро дар мисоли саргузашти нангини шаҳрванд Ш. Г. шарҳ дода, чунин гуфт: «Зане, ки аз гуфтани номаш худдорӣ мекунем, ҳамроҳи ҳамсар ва духтари дувоздаҳсолаю писарчаи даҳсолааш тариқи вилояти Краснодари Федератсияи Русия ба Туркия ва баъдан ба Сурия рафта, ба гурӯҳи «Давлати исломӣ» шомил шудаанд. Баъди марги муфоҷои шавҳараш се маротибаи дигар иҷборан ба никоҳи ҳабашҳои арабистонӣ дароварда мешавад. Хору залил ва беқадру беобрӯ мегардад. Шабе ҳангоми ба қисмати дигари минтақаи ҷангзада интиқол ёфтан, гурехта, бо машаққати чандрӯза худро ба сарҳади Туркия расонд ва ба Тоҷикистон оварда шуд.  То ҳанӯз ӯ намедонад, ки қисмати ду фарзандаш чӣ шуда бошад. Вақте ба шаҳри Душанбе, ба хонаашон овардем, гулу гиёҳ, дару девор ва хоку гарди ҳавлиро мебӯиду мебӯсид. Аз чашмонаш паёпай ашк рехта, шукрона мекард, ки аз арсаи даҳшатбори марг ба дидори Ватан ва хешу пайвандонаш бори дигар расид».
Дар ҳамоиши оммавӣ, инчунин сардори гурӯҳи «Пешоҳангон» Аслиддин Хушбахтов ширкат варзид. Ин гурӯҳ аз ихтиёриён ташкил ёфта, онҳо дар минтақаҳои тоҷикнишин, бавижа Русия вохӯриву корҳои фаҳмондадиҳоро дар байни муҳоҷирон васеъ ба роҳ мондаанд.
- Маълум аст, ки дар заминаи шиддат гирифтани муносибати давлатҳои абарқудрат ҳуҷуми мубаллиғон ва эмиссарҳои ифротии динӣ дар байни шаҳрвандони Русия ва муҳоҷирони меҳнатӣ пурзӯр шуда истодааст. Масъалаи ба доми фиреби онҳо афтодани шаҳрвандони мо боиси нигаронии ҷиддист. Зеро тибқи маълумоти оморӣ бештар ҷавонони кишварҳои тараққикунандаи Осиёи Марказӣ ҳадафи ҳамла ва даъвати гурӯҳҳои экстремистӣ қарор мегиранд, - тазаккур дод Аслиддин Хушбахтов.
Иштирокчиёни ҳамоиш ба хулосае омаданд, ки корҳои бештари фаҳмондадиҳӣ, пешгирии падидаҳои ифротӣ, гузарондани вохӯрию мулоқот, аз як гиребон сар баровардани тамоми қишрҳои ҷомеа, бавижа гурӯҳи рӯҳониён садди ин мушкилоти аср шуда метавонад.
Бузургмеҳри БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.10.2016    №: 207    Мутолиа карданд: 2888
27.09.2021


Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Қосим-Жомарт Токаев

СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ ВА РУШДИ ВАО

Лавров дар бораи ҳамоҳанг набудани ризоияти абарқудратҳо оид ба принсипҳои тартиботи ҷаҳонӣ сухан гуфт

Ҷаҳон дар як сатр

23.09.2021


Муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Мавритания барқарор шуданд

ЛИГАИ ОЛӢ

Машқҳои «Миссияи сулҳи СҲШ - 2021» дар вилояти Оренбург

Ҷаҳон дар як сатр

21.09.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - “Тоҷикон” ба Хуҷанд расид

Навидҳои фарҳанг

17.09.2021


Токаев аз кишварҳои СААД хост, ки дар таҳкими марзи Тоҷикистон ёрӣ расонанд

Ҷаҳон дар як сатр

СЕ МЕДАЛ - ТУҲФАИ ҶАШНӢ

16.09.2021


Ҷаласаи муштараки ШВКХ, ШВМ ва ККША СААД

ПАҲЛАВОНИ ТОҶИК - СОҲИБИ ШОҲҶОИЗА

СОЗИШНОМАИ БМТ БО БОНКИ МАРКАЗИИ РОССИЯ

ТОҶИКОБОД. НИЁЗМАНДОН ДАСТГИРӢ ЁФТАНД

ҶИУ-ҶИТСУ

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО НИКОЛ ПАШИНЯН

15.09.2021


Лоиҳаи Қонун «Дар бораи фаъолияти инжинирингӣ» баррасӣ гашт

ЛИГАИ ҚАҲРАМОНҲО

Рӯйдодҳои илмӣ

ХУҶАНД. БОЗ ЧАНД ИНШООТИ НАВИ ҶАШНӢ ДАР ХИЗМАТИ СОКИНОН

14.09.2021


Нахустин вохӯрии сарварони кишварҳои узви СҲШ ва СААД оид ба вазъи Афғонистон дар Душанбе

МАКТАБИ СИЁСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ КОРШИНОСОНУ МУҲАҚҚИҚОНИ ДОХИЛУ ХОРИҶРО БА ҲАМ МЕОРАД

“МАРҲАБО БА 20-СОЛАГИИ СҲШ”

I БОЗИҲОИ КИШВАРҲОИ ИДМ

ЛАХШ. ИММУНИЗАТСИЯ БО МАРОМ ИДОМА ДОРАД

13.09.2021


Маҷаллаи «Diplomatisches Magazin» дастовардҳои Тоҷикистонро муаррифӣ намуд

Дар Афғонистон ҷанг бо «Толибон» дубора авҷ гирифт

Ҷаҳон дар як сатр

ГӮШТИИ МИЛЛӢ

«ФАРҲАНГИ ДОРО»-И ДОРО

«ЧОРСӮ» ДАР КӮЛОБ МАКТАБ СОХТ

СУДҲОИ ИҚТИСОДӢ САМАРАИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ДАВЛАТИАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед