logo

ҳуқуқ

ҲУҚУҚИ КӮДАК. ЗАНҲО ДАР ИН БОРА БЕШТАР МУРОҶИАТ МЕКУНАНД

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баробарҳуқуқии зану мард, интихоби ҳамсар, барпо кардани оила ва бекор кардани ақди никоҳро кафолат додааст. Дар ин замина, ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои занон ва баланд бардоштани мақоми онҳо дар ҷомеа тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Масалан, бо Қарори Ҳукумати кишвар, аз 2 июли соли 2013, Консепсияи мақсадноки миллии илмию тадқиқотӣ оид ба масъалаҳои рушди инсон, таъмини минбаъдаи принсипҳои демократӣ ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ барои солҳои 2013 - 2028 тасдиқ шудааст, ки дар он ба омӯзиши ҳаёту фаъолияти занон таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардидааст.
 
- Яке аз масъалаҳои муҳими ҳифзи ҳуқуқи занон шиканҷаву таъбиз нисбат ба онҳост. Тоҷикистон ҳанӯз соли 1993 Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи рафъи тамоми шаклҳои шиканҷа нисбат ба занонро ба тасвиб расонда, иштироки ин қишри ҷомеаро дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ таъмин намуд, - изҳор дошт Гулҷаҳон Умарова, сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои занон ва кӯдакони дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Бино ба гуфтаи ӯ, бо вуҷуди андешидани чораҳои зарурӣ, ҳанӯз ҳам аз оҷизиву дастнигарӣ ва беҳунариву камдонишии занҳо суистифода мешавад ва Зан – Модар ба қишри осебпазири ҷомеа табдил меёбад. Аксари занони муроҷиаткунанда барои ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои худ не, балки бештар барои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои фарзандонашон талош мекунанд. Зан сарчашмаи раҳму шафқат аст, саломативу беҳбуди рӯзгори худро ба гарав гузошта, ба кӯдаконаш сарпаноҳ ва ризқу рӯзӣ меҷӯяд.
Таҳлили муроҷиатҳои занон вобаста ба муносибатҳои оилавӣ, ки дар дастгоҳи марказии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба қайд гирифта шудаанд, нишон медиҳад, ки занон асосан баъд аз бекор шудани ақди никоҳ ба мушкилиҳои вобаста ба ҳуқуқи муошират бо фарзанд, таъмин шудан бо манзили зист, рӯёндани алимент барои нигоҳубини фарзанди ноболиғ дучор мешаванд.
- Аз садҳо оилае, ки ҳар сол ақди никоҳашон бекор карда мешавад, ба ҳисоби миёна ду нафар фарзанди ноболиғ мувоҷеҳи нигоҳубини яктарафа мегардад. Дар аксар маврид фарзандон бо модарашон мемонанд ва ин эҳтимолияти поймол шудани ҳуқуқу озодиҳои зан ва кӯдакро зиёд мегардонад. Масалан, чанде пеш ба мо шаҳрванд Г. Н. барои писараш, ки муддате дар муассисаи ислоҳоти меҳнатӣ будааст ва пас аз адои ҷазо дар мактаб ба таҳқири ҳамсабақонаш гирифтор шудааст, муроҷиат кард. Мо бо розигии тарафайн барои идомаи таҳсили кӯдак дар мактаби ғоибона шароит фароҳам овардем. Ё худ, Ш. А., маъюби гурӯҳи 1, бо духтари ноболиғаш дар Маркази минтақавии хизмати иҷтимоӣ ба нафақахӯрон ва маъюбони шаҳри Душанбе чанд сол аст, ки зиндагӣ мекунад. Ҳол он ки ин марказ барои будубоши кӯдакон пешбинӣ нашудааст. Шумораи ин гуна занҳои ҷавон кам нест. Бинобар ин, ташкили манзилҳои иҷтимоӣ барои чунин модарон мувофиқи мақсад мебошад, - тазаккур дод Гулҷаҳон Умарова.
Азҳампошии оилаҳо танҳо боиси вайрон шудани зиндагии ду тан нагашта, балки ҷабри бештарро фарзандон мекашанд. Аз ҷумла, дур мондан аз таълиму тарбия, худкушӣ, ҷинояткорӣ ва як қатор муаммоҳои дигар гоҳо аз қарори нодурусти падару модар сар мезананд.
Аз ин рӯ бар замми чораву тадбирҳои андешидаи Ҳукумати кишвар, риоя шудани ҳуқуқу озодиҳои бонувон аз худи онҳо низ вобастагии калон дорад. Зеро замони муосир тақозо менамояд, ки духтарони тоҷик ба ҷуз огоҳӣ доштан аз суннату анъанаҳои оиладорӣ, инчунин соҳиби касбу ҳунар ва маърифати техникиву ҳуқуқӣ бошанд.
Бузургмеҳри БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.10.2016    №: 209    Мутолиа карданд: 2890
23.09.2021


Муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Мавритания барқарор шуданд

ЛИГАИ ОЛӢ

Машқҳои «Миссияи сулҳи СҲШ - 2021» дар вилояти Оренбург

Ҷаҳон дар як сатр

21.09.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - “Тоҷикон” ба Хуҷанд расид

Навидҳои фарҳанг

17.09.2021


Токаев аз кишварҳои СААД хост, ки дар таҳкими марзи Тоҷикистон ёрӣ расонанд

Ҷаҳон дар як сатр

СЕ МЕДАЛ - ТУҲФАИ ҶАШНӢ

16.09.2021


Ҷаласаи муштараки ШВКХ, ШВМ ва ККША СААД

ПАҲЛАВОНИ ТОҶИК - СОҲИБИ ШОҲҶОИЗА

СОЗИШНОМАИ БМТ БО БОНКИ МАРКАЗИИ РОССИЯ

ТОҶИКОБОД. НИЁЗМАНДОН ДАСТГИРӢ ЁФТАНД

ҶИУ-ҶИТСУ

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО НИКОЛ ПАШИНЯН

15.09.2021


Лоиҳаи Қонун «Дар бораи фаъолияти инжинирингӣ» баррасӣ гашт

ЛИГАИ ҚАҲРАМОНҲО

Рӯйдодҳои илмӣ

ХУҶАНД. БОЗ ЧАНД ИНШООТИ НАВИ ҶАШНӢ ДАР ХИЗМАТИ СОКИНОН

14.09.2021


Нахустин вохӯрии сарварони кишварҳои узви СҲШ ва СААД оид ба вазъи Афғонистон дар Душанбе

МАКТАБИ СИЁСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ КОРШИНОСОНУ МУҲАҚҚИҚОНИ ДОХИЛУ ХОРИҶРО БА ҲАМ МЕОРАД

“МАРҲАБО БА 20-СОЛАГИИ СҲШ”

I БОЗИҲОИ КИШВАРҲОИ ИДМ

ЛАХШ. ИММУНИЗАТСИЯ БО МАРОМ ИДОМА ДОРАД

13.09.2021


Маҷаллаи «Diplomatisches Magazin» дастовардҳои Тоҷикистонро муаррифӣ намуд

Дар Афғонистон ҷанг бо «Толибон» дубора авҷ гирифт

Ҷаҳон дар як сатр

ГӮШТИИ МИЛЛӢ

«ФАРҲАНГИ ДОРО»-И ДОРО

«ЧОРСӮ» ДАР КӮЛОБ МАКТАБ СОХТ

СУДҲОИ ИҚТИСОДӢ САМАРАИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ДАВЛАТИАНД

ТАНТАНАИ ҶАШНИ МИЛЛӢ ДАР МУРҒОБ

08.09.2021


Маҷлиси намояндагон Қонуни авфро қабул кард

Задухӯрдҳои шадид дар водии Панҷшери Афғонистон идома доранд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед