logo

ҳуқуқ

ИСРОФКОРӢ. ТАНЗИМ ҲАНӮЗ ҲАМ НИЗОМ МЕХОҲАД

Дар моддаи 12 - и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» омадааст: «Маъракаҳои гусел ва пешвози ҳоҷиён дар доираи оила гузаронда мешаванд. Ташкили маъракаҳои ҳоҷиталабон ва ҳоҷиошӣ қатъиян манъ аст».
Мутаасссифона, баъзеҳо қонуни мазкурро сарфи назар карда, баъди бозгашт аз хонаи Худо ва соҳиб шудан ба номи ҳоҷӣ боз ба исрофкорӣ даст мезананд, ки хилофи талаботи қонунҳои амалкунанда ва шариат мебошад. Баъзе аз онҳо мавъиза карда, мардумро ба сарфакорӣ даъват месозанд, вале худ пойбанди хароҷоти зиёданд.
Гурӯҳҳои таъсисдодаи Раёсати танзими Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ дар ҳайати панҷнафарӣ бар пояи фармони раиси кумита «Оид ба пешвози ҳоҷиён ва пешгирии маъракаҳои ҳоҷиошӣ» дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ санҷиш гузаронданд.
Бино ба иттилои Нигина Ризоева, сармутахассиси Раёсати танзими Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар маҷмӯъ нисбати 43 нафаре, ки қонуни танзимро нодида гирифтанд, дар ҷойи ҳодиса протоколи ҳуқуқвайронкунӣ тартиб дода, ба суд ирсол карда шуд. Ҳамчунин, 100 ҳолати баргузор намудани маъракаи серхароҷот пешгирӣ гардид. Тибқи муқаррарот, ҷаримаи риоя накардани ин банди қонун 4 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Сокинони вилояти Суғд дар барпо кардани маъракаҳои бодабдаба камтар мушкилот дошта бошанд ҳам, дар пешвози онҳо дар фурудгоҳ аз теъдоди зиёди нақлиёт истифода мекунанд. Барои пешвози ҳар ҳоҷӣ ба роҳ баромадани аз 7 то 10 мошин ва теъдоди зиёди пешвозгирон, истифодаи гурӯҳҳои ҳунарӣ бо карнаю сурнай, поймол кардани гулу буттаҳои бо муҳаббат парваридаи гулпарварон боиси нигаронии масъулони фурудгоҳ гардидааст. Ҳамчунин, зикр гардид, ки чунин мушкилот дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе низ ба назар мерасад.
Бо садои карнаю сурнай ва мошинҳои зиёди гаронбаҳо пешвоз гирифтани баъзе ҳоҷиён падидаи навест, ки боиси нигаронии зиёд  гардидааст. Ташкили қатори мошинҳо дар пешвози ҳоҷиён ва гурӯҳ- гурӯҳ ба роҳ баромадан ба ҳаракати дигар воситаҳои нақлиёт халал мерасонад.
Гурӯҳи кории Раёсати танзим дар деҳаи Қушайи Ҷамоати деҳоти Ваҳдати ноҳияи Лахш маъракаи ҳоҷиошии Азиз Музаффаровро ошкор кард. Ӯ омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 16 - и ноҳия буда, баъди бозгашт аз хонаи Худо барои ҳайати омӯзгорони мактаб ва ҳамдеҳагон дастархони зиёд ороста, зиёфати калон додааст.
Мутаассифона, баъзе шаҳр-вандон бо ҳар роҳу восита ба  чашми масъулони танзим хок пошида, дар хонаи хешу табор ва фарзандоне, ки дар дигар деҳа ва ноҳия зиндагӣ мекунанд, маърака барпо намуданд, ки ин ҳол низ аз назари гурӯҳи кории раёсати танзим дур намонд.
- Зимни санҷишҳо дар чанд ноҳия мушоҳида кардем, ки баъзе ҳоҷиён шароити хуби зист, ҳатто дарвозаи дуруст надоранд, илова бар ин, кӯчаҳояшон таъмирталабанду маъракаҳояшон серхарҷу бодабдаба. Барои пешвози ҳоҷӣ ҳатто бештар аз 100 метр пойандоз густурда, болои сараш пул низ мепартофтаанд.
Ҳарчанд давоми 9 соли амали Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бештари зиёдаравиҳо ба танзим дароварда шудаанд, мушоҳида мешавад, ки баъзе сокинон моҳияти қонуни мазкурро ба пуррагӣ дарк накардаанд, - гуфт Нигина Ризоева.
Ёдовар мешавем, ки имсол аз Ҷумҳурии Тоҷикистон тақрибан 6 ҳазор нафар ба зиёрати хонаи Худо мушарраф шудаанд.
Лашкар ШАРИФЗОДА,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.10.2016    №: 209    Мутолиа карданд: 2965
23.09.2021


Муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Мавритания барқарор шуданд

ЛИГАИ ОЛӢ

Машқҳои «Миссияи сулҳи СҲШ - 2021» дар вилояти Оренбург

Ҷаҳон дар як сатр

21.09.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - “Тоҷикон” ба Хуҷанд расид

Навидҳои фарҳанг

17.09.2021


Токаев аз кишварҳои СААД хост, ки дар таҳкими марзи Тоҷикистон ёрӣ расонанд

Ҷаҳон дар як сатр

СЕ МЕДАЛ - ТУҲФАИ ҶАШНӢ

16.09.2021


Ҷаласаи муштараки ШВКХ, ШВМ ва ККША СААД

ПАҲЛАВОНИ ТОҶИК - СОҲИБИ ШОҲҶОИЗА

СОЗИШНОМАИ БМТ БО БОНКИ МАРКАЗИИ РОССИЯ

ТОҶИКОБОД. НИЁЗМАНДОН ДАСТГИРӢ ЁФТАНД

ҶИУ-ҶИТСУ

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО НИКОЛ ПАШИНЯН

15.09.2021


Лоиҳаи Қонун «Дар бораи фаъолияти инжинирингӣ» баррасӣ гашт

ЛИГАИ ҚАҲРАМОНҲО

Рӯйдодҳои илмӣ

ХУҶАНД. БОЗ ЧАНД ИНШООТИ НАВИ ҶАШНӢ ДАР ХИЗМАТИ СОКИНОН

14.09.2021


Нахустин вохӯрии сарварони кишварҳои узви СҲШ ва СААД оид ба вазъи Афғонистон дар Душанбе

МАКТАБИ СИЁСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ КОРШИНОСОНУ МУҲАҚҚИҚОНИ ДОХИЛУ ХОРИҶРО БА ҲАМ МЕОРАД

“МАРҲАБО БА 20-СОЛАГИИ СҲШ”

I БОЗИҲОИ КИШВАРҲОИ ИДМ

ЛАХШ. ИММУНИЗАТСИЯ БО МАРОМ ИДОМА ДОРАД

13.09.2021


Маҷаллаи «Diplomatisches Magazin» дастовардҳои Тоҷикистонро муаррифӣ намуд

Дар Афғонистон ҷанг бо «Толибон» дубора авҷ гирифт

Ҷаҳон дар як сатр

ГӮШТИИ МИЛЛӢ

«ФАРҲАНГИ ДОРО»-И ДОРО

«ЧОРСӮ» ДАР КӮЛОБ МАКТАБ СОХТ

СУДҲОИ ИҚТИСОДӢ САМАРАИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ДАВЛАТИАНД

ТАНТАНАИ ҶАШНИ МИЛЛӢ ДАР МУРҒОБ

08.09.2021


Маҷлиси намояндагон Қонуни авфро қабул кард

Задухӯрдҳои шадид дар водии Панҷшери Афғонистон идома доранд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед