logo

ҳуқуқ

ФАРЗАНД. НАБОЯД БЕТАФОВУТ БОШЕМ

Баъд аз ташкили Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони Вазорати корҳои дохилӣ ва фаъолияти шабонарӯзии воҳидҳои он дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ кор дар ин самт пурзӯр гардида, ҳамасола зиёда аз ду ҳазор чорабинӣ, вохӯрӣ, суҳбат ва рейдҳои гуногун, бо номҳои шартии «Наврас», «Оворагард», «Талбанда» гузаронда мешаванд. Хадамоти мазкур асосан бо ду қишри муҳиму ояндасози ҷомеа – наврасон ва ҷавонон сарукор дорад.
- Пештар агар масъалаҳои худкушӣ, ғарқшавӣ, оворагардӣ,  дуздӣ ва ба ин монанд ҳуқуқвайронкуниву ҷинояткориҳо мавриди таваҷҷуҳ қарор доштанд, ҳоло муаммои муҳиму ҳалталаби дигар - гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротию террористӣ бештар боиси нигаронӣ гардидааст, - тазаккур дод Давлат Назаров, сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Тибқи маълумоти расмии вазорат аз 3293 ҷавон, ки дар хориҷи кишвар, аз ҷумла Мисри Араб, Арабистони Саудӣ, Туркия ва ҷумҳуриҳои исломии Эрону Покистон, таълимоти динӣ мегирифтанд, 2800 нафарашон ба Ватан баргардонда шуданд. Инчунин, бо саъю талош ва фаъолияти босамари ниҳодҳои дахлдори вазорат 80 нафар ҷавони аз ҳаждаҳ то сисола, ки дар муҳорибаҳои мусаллаҳона, бавижа зидди сохти конститутсионии Сурия меҷангиданд, ба Ватан баргаштанд.
Дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ 565 ҳолати ба ҷиноят даст задани ноболиғон ба қайд гирифта шудааст. Шумораи умумии ҳуқуқвайронкунандагон 490 нафар буда, мутаассифона, 21 нафари онҳоро духтарон ташкил медиҳанд. Аз шумораи умумии ҷиноятҳои содиршуда 95 ҷиноят муштарак бо ҷавонону калонсолон (гурӯҳҳои муташаккил) ба вуқӯъ пайвастааст.  
Полковник Давлат Назаров ҳамчун ҷинояткор ташаккул ёфтани иддае аз ҷавононро ба муҳит ва муносибати хунукназаронаи атрофиён рабт дод: «Ҳангоми рейду чорабиниҳои хадамот борҳо шоҳид шудаем, ки баъзе аз падару модарон нисбат ба сарнавишт ва ояндаи фарзандони худ то чӣ ҳад бетафовут ҳастанд. Ҳатто хушбин набудани худро нисбат ба хонишу таҳсил ва ҳунаромӯзии фарзандонашон рӯирост иқрор мешаванд. Бехабар аз он ки ин бефарқиву лоқайдии волидон аз назари психологӣ ба рӯҳияи ноболиғону ҷавонон зарбаи сахт мешавад».
Равоншинос Лола Шоҳимардонзода низ нақши муҳими падару модарро дар ташаккули шахсияти наврасон таъкид намуда, чунин гуфт: «Агар амалҳои нек, ба монанди хубу аъло хондан, муваффақият дар ин ё он самти таълиму тарбияи кӯдак аз тарафи волидон ҳавасманд нагарданд, дар натиҷа ӯ дилшикаставу рӯҳафтода мешавад. Беэътиноии онҳо фарзандро аз таҳсилу тадрис дур намуда, шояд ба дарди танҳоиву бечорагӣ гирифтор намояд. Зеро инсон аз замони тифлӣ ба рӯҳбардорӣ, таскин ва таърифу тавсифи воқеӣ ва баъзан навозишкоронаи атрофиён ниёзмандии шадид дорад. Ва, баръакс, амалҳои ношоиставу ноҷои наврасону ҷавонон пешгирӣ карда нашаванд, онҳо дар вақташ ба роҳи дуруст раҳнамун нагарданд, ҳатман ба ҷиноятҳои дигар даст мезананд».
Таассуфовар аст, ки аз 565 навраси ҷиноятсодирнамуда, 400 нафар бо таҳсили ҳатмии нуҳсола ва шуғли мувофиқи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ноболиғон пешбинишуда фаро гирифта нашудаанд. Дар вазъи кунунии ҷомеаи мо, ки таваҷҷуҳ ба мактабу маориф дучанд афзудааст, аз таҳсил дур мондани ҷавонон ҳолати нигаронкунанда мебошад. Ҳол он ки бо таҳсили ҳатмӣ фаро гирифта нашудани фарзанд ҷавобгарии қонунии падару модарро талаб мекунад. Аксари падару модарон барғалат таълиму тарбияи фарзандро ҳавола ба дӯши мактабу омӯзгор кардаанд. Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва моддаи 90 - и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбат ба 11 338 падару модар санад тартиб дода шуда, парванда ба суд ирсол гардид. Барои иҷро накардани вазифа ва уҳдадориҳои худ аз волидон ва шахсони онҳоро ивазкунанда 616 848 сомонӣ ҷарима ситонда шуд. Аксари волидон пас аз пардохт намудани маблағи ҷарима ба хулоса меоянд, ки ба ивази нисфи маблағи ҷарима метавонистанд сару либос ва лавозимоти хониши фарзандашонро таъмин кунанд.
Таъкид шуд, ки дар ҳамкорӣ бо муассисаи давлатии «Телевизиони кӯдакону наврасон – «Баҳористон», ТВ «Варзиш» барномаҳои ҷолиби мувофиқ ба ҷаҳонбинии кӯдакону наврасон намоиш дода шаванд, то ки онҳо аз нахустсабақҳои ҳуқуқиву ахлоқӣ ва зебоишиносӣ бархӯрдор гарданд.
Бузургмеҳри БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.10.2016    №: 210    Мутолиа карданд: 2678
23.09.2021


Муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Мавритания барқарор шуданд

ЛИГАИ ОЛӢ

Машқҳои «Миссияи сулҳи СҲШ - 2021» дар вилояти Оренбург

Ҷаҳон дар як сатр

21.09.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - “Тоҷикон” ба Хуҷанд расид

Навидҳои фарҳанг

17.09.2021


Токаев аз кишварҳои СААД хост, ки дар таҳкими марзи Тоҷикистон ёрӣ расонанд

Ҷаҳон дар як сатр

СЕ МЕДАЛ - ТУҲФАИ ҶАШНӢ

16.09.2021


Ҷаласаи муштараки ШВКХ, ШВМ ва ККША СААД

ПАҲЛАВОНИ ТОҶИК - СОҲИБИ ШОҲҶОИЗА

СОЗИШНОМАИ БМТ БО БОНКИ МАРКАЗИИ РОССИЯ

ТОҶИКОБОД. НИЁЗМАНДОН ДАСТГИРӢ ЁФТАНД

ҶИУ-ҶИТСУ

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО НИКОЛ ПАШИНЯН

15.09.2021


Лоиҳаи Қонун «Дар бораи фаъолияти инжинирингӣ» баррасӣ гашт

ЛИГАИ ҚАҲРАМОНҲО

Рӯйдодҳои илмӣ

ХУҶАНД. БОЗ ЧАНД ИНШООТИ НАВИ ҶАШНӢ ДАР ХИЗМАТИ СОКИНОН

14.09.2021


Нахустин вохӯрии сарварони кишварҳои узви СҲШ ва СААД оид ба вазъи Афғонистон дар Душанбе

МАКТАБИ СИЁСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ КОРШИНОСОНУ МУҲАҚҚИҚОНИ ДОХИЛУ ХОРИҶРО БА ҲАМ МЕОРАД

“МАРҲАБО БА 20-СОЛАГИИ СҲШ”

I БОЗИҲОИ КИШВАРҲОИ ИДМ

ЛАХШ. ИММУНИЗАТСИЯ БО МАРОМ ИДОМА ДОРАД

13.09.2021


Маҷаллаи «Diplomatisches Magazin» дастовардҳои Тоҷикистонро муаррифӣ намуд

Дар Афғонистон ҷанг бо «Толибон» дубора авҷ гирифт

Ҷаҳон дар як сатр

ГӮШТИИ МИЛЛӢ

«ФАРҲАНГИ ДОРО»-И ДОРО

«ЧОРСӮ» ДАР КӮЛОБ МАКТАБ СОХТ

СУДҲОИ ИҚТИСОДӢ САМАРАИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ДАВЛАТИАНД

ТАНТАНАИ ҶАШНИ МИЛЛӢ ДАР МУРҒОБ

08.09.2021


Маҷлиси намояндагон Қонуни авфро қабул кард

Задухӯрдҳои шадид дар водии Панҷшери Афғонистон идома доранд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед