logo

мулоқотҳо

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВАЗИРИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ ТУРКИЯРО БА ҲУЗУР ПАЗИРУФТ

Имрӯз дар Қасри Миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия Мевлют Човушоғлуро ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Туркия ва дигар масоили умдаи рӯз мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст ҷонибдории Тоҷикистонро аз раванди таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дарозмуддати неку дӯстона бо Туркия ва созгории ин мавқеъро бо усули умдаи сиёсати хориҷии Тоҷикистон таъкид намуданд. Ба ҳамкориҳои дуҷонибаву бисёрҷонибаи ду кишвар дар арсаи байналмилалӣ, ки дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва дигар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн роҳандозӣ шудаанд, ишора карда, таъкид гардид, ки дар ин раванд усулҳои пазируфташуда ва халалнопазири дӯстии пойдор, баробарҳуқуқӣ ва эътимоду эҳтироми мутақобила хоси робитаҳои Тоҷикистону Туркия мебошанд.
Ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ қисмати муҳими муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Туркия арзёбӣ гардиданд. Тавре таъкид шуд, имрӯз ҳаҷми мубодилаи мол байни ду кишвар ба зиёда аз 200 миллион доллари амрикоӣ расида, дар қаламрави Тоҷикистон 88 ширкати туркӣ ба қайд гирифта шудааст. Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки талошҳои минбаъдаи муштарак ҷиҳати тавсеаи ҳамкорӣ, аз ҷумла дар самти афзоиши гардиши мол бар нафъи мардумони ду кишвар хоҳанд буд.
Дар мулоқот омодагию ҳавасмандии ҷониби Тоҷикистон барои идомаи шарикӣ дар соҳаи сармоягузорӣ ва таъсиси корхонаҳои муштарак дар бахшҳои истеҳсолии иқтисодиёт таъкид гардида, иштироки Туркия дар татбиқи тарҳҳои марбут ба бунёд ва таҷдиди зерсохторҳои энергетикӣ ва нақлиётию коммуникатсонии Тоҷикистон, ки аҳамияти бузурги минтақавӣ доранд, муҳим арзёбӣ карда шуд. Ҳамчунин, зимни мулоқот масоили фарҳангӣ ва ҳамкорӣ дар дигар соҳаҳои иҷтимоӣ, ки омили муҳими таҳкими дӯстиву рафоқати байни халқҳои ду давлат мебошанд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд .
Дар идомаи суҳбат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати муборизаи дастаҷамъонаро ба муқобили терроризму ифротгароӣ ва дигар хатару таҳдидҳои ба амнияти минтақа ва ҷаҳон таъсири ногувордошта, ки Тоҷикистон ва Туркия дар ҷабҳаҳои пеши мубориза бо онҳо қарор доранд, махсус таъкид намуданд. Муборизаи муштарак алайҳи терроризм ва ифротгароӣ ба хотири таъмини амнияту суботи ҳар ду давлат ва минтақа яке аз соҳаҳои авлавиятноки ҳамкориҳои дуҷониба арзёбӣ шуд.
Бо таъкиди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон терроризм дину маҳзаб, миллату ватан надошта, ҷониби Тоҷикистон дар мубориза бо терроризму экстремизм истифода аз “стандартҳои дугона”- ро қабул надорад. Дар ин замина Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Туркия ҷиҳати андешидани чораҳои муассиру таъхирнопазири боздошту истирдоди шаҳрвандони Тоҷикистон, ки барои даст доштанашон дар аъмоли террористию экстремистӣ мавриди кофтуков қарор дошта, дар қаламрави Туркия паноҳ бурдаанд, даъват ба амал оварданд.
Ҳамчунин, Сарвари давлат зарурати роҳандозии иқдомҳои ҳамоҳангшудаи қатъиро дар самти пешгирии ҳолатҳои тавассути Туркия пайвастани шаҳрвандони Тоҷикистон ба ташкилотҳои террористӣ, бо мақсади иштирок дар задухӯрдҳои минтақаи Ховари Миёна, таъкид намуданд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.10.2016    №: 210    Мутолиа карданд: 9283
12.08.2022


ИҚДОМИ НАВБАТИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ

11.08.2022


СОҲИБКОРОНИ КРАСНОЯРСК: "МЕВАҲОИ ТОҶИКИСТОН ЛАЗИЗТАРАНД!"

Вазирони мудофиаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон қарордод имзо карданд

ШАҲРИНАВ. ТАТБИҚИ ДАСТУРҲОИ САРВАРИ ДАВЛАТ РУШДИ НОҲИЯРО ТАҚВИЯТ МЕБАХШАД

10.08.2022


Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Гурҷистон доир мегардад

09.08.2022


ИФТИТОҲИ КОНСУЛГАРИИ ФАХРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАТУМИ

ВАРЗИШ

08.08.2022


“Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол”

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАРЗИШ

05.08.2022


Тоҷикистон ҷонибдори тамомияти арзии Чин мебошад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОШКЕНТ. ЯК АНҶУМАНИ МУҲИМ

04.08.2022


Ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо таъкид шуд

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. БЕШ АЗ 10 ДАВЛАТИ ҶАҲОН ХОСТОРИ УЗВИЯТАНД

ВАРЗИШ

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ НАМОИШИ “ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

03.08.2022


Таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои арабии Халиҷ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН - САРЗАМИНИ ОБҲОИ ШИФОБАХШ

02.08.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ММТ. ИМКОНИЯТИ ДУБОРА БА ДОВТАЛАБОН

01.08.2022


Пули 760-метра сохта мешавад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

«РОҒУН». ЧАРО БУЗУРГТАРИН СОХТМОНИ АСР ДАР ОСОРИ АҲЛИ ҚАЛАМ КАМ ИНЪИКОС МЕШАВАД?

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ ҶОПОН ДАР ТОҶИКИСТОН

ВАРЗИШ

29.07.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

27.07.2022


Ҷаласаи вазирони кишоварзии СҲШ

Мулоқотҳои сатҳи ИДМ дар Нур-Султон дар шакли ҳузурӣ баргузор мегарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДА. ТАҲКИМИ ЗАРФИЯТҲО ДАР ПЕШГИРӢ ВА РАФЪИ ПАЙОМАДҲОИ ЭҲТИМОЛӢ

ОЛИМПИАДАИ ҶАҲОНӢ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед