logo

мулоқотҳо

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО СУҲАЙЛ АЛ – МАЗРУӢ

Имрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазири энергетикаи Амороти Муттаҳидаи Араб Суҳайл ал - Мазруиро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар мулоқот вазъ ва дурнамои ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Амороти Муттаҳидаи Араб баррасӣ шуда, соҳаҳои энергетика, нақлиёту коммуникатсия, саноати кӯҳӣ, тиҷорату сармоягузорӣ ва кишоварзӣ аз самтҳои афзалиятнок ва муҳиму ояндадори ҳамкориҳо арзёбӣ гардиданд.
Таъкид шуд, ки ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодии дуҷониба дар ҳоли ҳозир қаноатбахш набуда, фаъолияти Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва техникии Тоҷикистону Амороти Муттаҳидаи Араб низ беҳбудиро талаб менамояд.
Дар вохӯрӣ доир ба ҷалби сармоягузории Амороти Муттаҳидаи Араб ба соҳаҳои гидроэнергетика, саноати кӯҳӣ, кишоварзӣ, тандурустӣ ва боркашонии Тоҷикистон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардида, ташкили робитаи мустақими доираи соҳибкорону тоҷирони ду давлат, таъсиси корхонаҳои муштараки коркарди маъданҳои кӯҳӣ, ба роҳ мондани содироти меваю сабзавоти тару тоза ва дигар маҳсулоти хушсифати кишоварзии Тоҷикистон ба Амороти Муттаҳидаи Араб ва тақвияти муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои меҳнат ва шуғли аҳолӣ зарур шумурда шуд.
Бо таассуф таъкид гашт, ки то имрӯз иқтидор ва имконияти бузурги рушди ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб ба пуррагӣ истифода нашуда, таҳкими пояи қарордодиву ҳуқуқии муносибатҳои дуҷонибаро тақозо менамоянд.
Ҷонибҳо ҳамзамон доир ба зарурати таъсиси Бунёди муштараки сармоягузорӣ, Шӯрои тиҷоратии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб, инчунин таъсиси намояндагии яке аз бонкҳои тиҷоратии ин кишвар дар Тоҷикистон табодули афкор намуданд.
Гуфтугӯйи судманд доир ба дигар масоили мавриди таваҷҷуҳи тарафҳо низ анҷом дода шуд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.10.2016    №: 210    Мутолиа карданд: 9214
12.08.2022


ИҚДОМИ НАВБАТИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ

11.08.2022


СОҲИБКОРОНИ КРАСНОЯРСК: "МЕВАҲОИ ТОҶИКИСТОН ЛАЗИЗТАРАНД!"

Вазирони мудофиаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон қарордод имзо карданд

ШАҲРИНАВ. ТАТБИҚИ ДАСТУРҲОИ САРВАРИ ДАВЛАТ РУШДИ НОҲИЯРО ТАҚВИЯТ МЕБАХШАД

10.08.2022


Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Гурҷистон доир мегардад

09.08.2022


ИФТИТОҲИ КОНСУЛГАРИИ ФАХРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАТУМИ

ВАРЗИШ

08.08.2022


“Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол”

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАРЗИШ

05.08.2022


Тоҷикистон ҷонибдори тамомияти арзии Чин мебошад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОШКЕНТ. ЯК АНҶУМАНИ МУҲИМ

04.08.2022


Ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо таъкид шуд

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. БЕШ АЗ 10 ДАВЛАТИ ҶАҲОН ХОСТОРИ УЗВИЯТАНД

ВАРЗИШ

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ НАМОИШИ “ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

03.08.2022


Таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои арабии Халиҷ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН - САРЗАМИНИ ОБҲОИ ШИФОБАХШ

02.08.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ММТ. ИМКОНИЯТИ ДУБОРА БА ДОВТАЛАБОН

01.08.2022


Пули 760-метра сохта мешавад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

«РОҒУН». ЧАРО БУЗУРГТАРИН СОХТМОНИ АСР ДАР ОСОРИ АҲЛИ ҚАЛАМ КАМ ИНЪИКОС МЕШАВАД?

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ ҶОПОН ДАР ТОҶИКИСТОН

ВАРЗИШ

29.07.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

27.07.2022


Ҷаласаи вазирони кишоварзии СҲШ

Мулоқотҳои сатҳи ИДМ дар Нур-Султон дар шакли ҳузурӣ баргузор мегарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДА. ТАҲКИМИ ЗАРФИЯТҲО ДАР ПЕШГИРӢ ВА РАФЪИ ПАЙОМАДҲОИ ЭҲТИМОЛӢ

ОЛИМПИАДАИ ҶАҲОНӢ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед