logo

ҳуқуқ

СӢ СОЛ БА ЗИНДОН. Ё ОҚИБАТИ ҶИНОЯТ – ҶАЗО

Ин ҳодиса ҳамаро такон дода буд. Наздик ба як сол пеш дар шаҳри Душанбе фоҷиаи қатли кормандони комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино, аз ҷониби як шаҳрванд, мардумро ба даҳшат овард.  
 
7 ноябри соли 2015, кормандони комиссариати ҳарбии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, дар ҳайати сардори шуъбаи 4-ум, майор Пӯлод Мирзоев, ёрдамчии калони шуъбаи 2-юм, лейтенанти калон Темурхон Эгамбердиев, прапоршик Ҳамзаалӣ Насибов ва ронандаи комиссариати ҳарбӣ Рустам Саъдуллоев ҳангоми адои вазифаи хизматии хеш, баҳри таъмин намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 567 аз 14 сентябри соли 2015 “Дар бораи даъват намудани шаҳрвандони ҷинси марди ба синни 18 расида, ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон” барои ҳозир намудани даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ аз ҳудуди бинои комиссариати ҳарбии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, воқеъ дар кӯчаи Мушфиқӣ - 105 баромада, ба самти кӯчаи Тургенев - 16 ҳаракат намуданд. Онҳо пас аз тақсими даъватномаҳо ба суроғаи шаҳрвандон дар роҳ Умедҷони Амрохон ва хеши ӯ Шариф Раҳматовро мебинанд. Бо мақсади фаҳмидани он ки оё онҳо хизмати ҳарбиро адо кардаанд ё не, наздашон рафта, шахсияташонро мепурсанд. Маълум мешавад, ки хизмат накардаанд. Умедҷон ва Шариф бар хилофи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” амал карда, бо мақсади саркашӣ аз адои хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, ба талаби қонунии кормандони комиссариати ҳарбӣ итоат накарданд. Баръакс, муноқиша намуда, муқовимати рӯирост нишон доданд ва нахуст Шариф Раҳматов бо мушт зарбае ба рӯи Рустам Саъдуллоев зада, ба самти номаълум ғайб зад.
Умедҷони Амрохон бошад, бо истифода аз корде, ки бо худ дошт, ба узвҳои ҳаётан муҳими Ҳамзаалӣ Насибов чанд маротиба зарбаҳои бетартибона зад. Дар ин лаҳза Пӯлод Мирзоев бо мақсади наҷот додани Ҳамзаалӣ ба назди онҳо омад. Умедҷон, ки дигар чашмаш аз хун пур шуда буд, бори дигар бо корд ба узви ҳаётан муҳими бадани Пӯлод Мирзоев зарба зад. Дар натиҷаи хунравии шадид  Пӯлод Мирзоев дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расид. Ташхиси тиббӣ низ қатли иҷбории хизматчии ҳарбиро муайян кард.
Ҳамзаалӣ Насибов дар натиҷаи ҳаракатҳои қасдонаю ҷинояткоронаи Умедҷони Амрохон дар қафаси синааш ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, ба яке аз беморхонаҳои ноҳияи Сино интиқол дода шуд.  Мутаассифона, пас аз чанд муддат ӯ ҳам аз дунё даргузашт.
Умедҷони Амрохон аз куштори ду нафар корманди комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино қонеъ нагашта, ҳаракатҳои ҷинояткоронаи хешро идома медиҳад. Боз ҳам ба кормандони ҳамин комиссариат, яъне ба Рустам Саъдуллоев ва Темурхон Эгамбердиев, ки ин лаҳза кӯшиши ба автомашина бор кардани ҷасади хунолуди Пӯлод Мирзоевро доштанд, ҳамлаи ногаҳонӣ намуда, сараввал бо корд ба узвҳои Рустам Саъдуллоев зада, баъд Темурхон Эгамбердиевро низ сахт захмӣ карда, аз ҷойи ҳодиса фирор кард, вале ба зудӣ дастгир шуд.
Суди шаҳри Душанбе Умедҷони Амрохонро бо моддаҳои 104 қисми 2 бандҳои “а, б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 25 (бисту панҷ) сол, бо моддаи 32 қисми 3-104 қисми 2 банди “а, б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста, ба муҳлати 18 сол аз озодӣ маҳрум сохт.
Дар асоси моддаи 67 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Умедҷони Амрохон ҷазои ниҳоӣ барои маҷмуи ҷиноятҳо бо роҳи қисман зам кардани ҷазоҳо 30 сол маҳрум сохтан аз озодӣ бо адо намудани 5 соли аввали ҷазо дар маҳбас ва адои боқимондаи ҷазо дар колонияҳои ислоҳии низомаш сахт, таъйин карда шуд. Дар ҳамин ҳол, бо ҳукми суд ба дигар шарикони ин нафари тирароҳ ҷазоҳои сазовори қонунӣ таъйин карда шуд. 
Тоир МӮСОБЕКЗОДА, судяи суди шаҳри Душанбе,
Ҷамила АБДУЛХАЙРЗОДА, корманди дастгоҳи суди шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.10.2016    №: 212    Мутолиа карданд: 2437
23.09.2021


Муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Мавритания барқарор шуданд

ЛИГАИ ОЛӢ

Машқҳои «Миссияи сулҳи СҲШ - 2021» дар вилояти Оренбург

Ҷаҳон дар як сатр

21.09.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - “Тоҷикон” ба Хуҷанд расид

Навидҳои фарҳанг

17.09.2021


Токаев аз кишварҳои СААД хост, ки дар таҳкими марзи Тоҷикистон ёрӣ расонанд

Ҷаҳон дар як сатр

СЕ МЕДАЛ - ТУҲФАИ ҶАШНӢ

16.09.2021


Ҷаласаи муштараки ШВКХ, ШВМ ва ККША СААД

ПАҲЛАВОНИ ТОҶИК - СОҲИБИ ШОҲҶОИЗА

СОЗИШНОМАИ БМТ БО БОНКИ МАРКАЗИИ РОССИЯ

ТОҶИКОБОД. НИЁЗМАНДОН ДАСТГИРӢ ЁФТАНД

ҶИУ-ҶИТСУ

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО НИКОЛ ПАШИНЯН

15.09.2021


Лоиҳаи Қонун «Дар бораи фаъолияти инжинирингӣ» баррасӣ гашт

ЛИГАИ ҚАҲРАМОНҲО

Рӯйдодҳои илмӣ

ХУҶАНД. БОЗ ЧАНД ИНШООТИ НАВИ ҶАШНӢ ДАР ХИЗМАТИ СОКИНОН

14.09.2021


Нахустин вохӯрии сарварони кишварҳои узви СҲШ ва СААД оид ба вазъи Афғонистон дар Душанбе

МАКТАБИ СИЁСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ КОРШИНОСОНУ МУҲАҚҚИҚОНИ ДОХИЛУ ХОРИҶРО БА ҲАМ МЕОРАД

“МАРҲАБО БА 20-СОЛАГИИ СҲШ”

I БОЗИҲОИ КИШВАРҲОИ ИДМ

ЛАХШ. ИММУНИЗАТСИЯ БО МАРОМ ИДОМА ДОРАД

13.09.2021


Маҷаллаи «Diplomatisches Magazin» дастовардҳои Тоҷикистонро муаррифӣ намуд

Дар Афғонистон ҷанг бо «Толибон» дубора авҷ гирифт

Ҷаҳон дар як сатр

ГӮШТИИ МИЛЛӢ

«ФАРҲАНГИ ДОРО»-И ДОРО

«ЧОРСӮ» ДАР КӮЛОБ МАКТАБ СОХТ

СУДҲОИ ИҚТИСОДӢ САМАРАИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ДАВЛАТИАНД

ТАНТАНАИ ҶАШНИ МИЛЛӢ ДАР МУРҒОБ

08.09.2021


Маҷлиси намояндагон Қонуни авфро қабул кард

Задухӯрдҳои шадид дар водии Панҷшери Афғонистон идома доранд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед