logo

ҳуқуқ

МАРЗБОНОНИ ТОҶИК ҶОНИ ҲАЗОРОН НАФАРРО АЗ ХАТАРИ МУХАДДИРОТ ҲИФЗ КАРДАНД

Марзбонони тоҷик дар натиҷаи як амалиёти бобарор аз қоҷоқчиёни мусаллаҳи афғон 15 килограмм маводи мухаддири бангдона, як адад яроқи оташфишони АКМ 47, 56 адад тир ва воситаи алоқа дарёфт ва мусодира карданд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кӯшиши убури ғайриқонунии марз аз ҷониби қочоқчиён шоми 22 октябр дар минтақаи тобеияти дидбонгоҳи сарҳадии «Сипар» - и Отряди сарҳадии «Панҷ» пешгирӣ шуд. Зимни убури ғайриқонунии марзи давлатӣ, ки дар асоси маълумоти фаврӣ муайян шудааст, қоҷоқчиён ба амри марзбонони тоҷик итоат накарданд, ки мунҷар ба даргирии мусаллаҳона гардид. Дар натиҷаи муқовимати хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ марзшиканон ақибнишинӣ карда, ба ҷониби Ҷумҳурии Исломии Афғонистон фирор намуданд.
Ин дар ҳолест, ки танҳо дар 9 моҳи соли ҷорӣ марзбонони тоҷик 22 маротиба бо қочоқчиёни маводи мухаддир вориди даргирӣ шуда, 12 қочоқбарро безарар, 6 нафарро захмӣ ва 15 тани дигарро дастгир карданд. Ба гуфтаи Муҳаммад Улуғхоҷаев, масъули маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадӣ, дар ин давра аз ҷониби ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ дар ҳамдастӣ бо дигар сохторҳои низомиву қудратии кишвар аз қочоқчиён беш аз 803 килограмм маводи мухаддир мусодира шудааст, ки он дар сурати пешгирӣ нашудан, метавонист ба ҷони ҳазорон нафар хатар эҷод кунад. Зимнан, дар натиҷаи ҳушёрӣ ва чусту чолокии сарҳадбонон дар ин давра аз қочоқчиён 23 адад яроқи оташфишон, 747 дона тирҳои қутрашон гуногун, 3 адад норинҷаки дастӣ, 296 килограмм маводи тарканда ёфта гирифта шуд.
Ба иттилои манбаъ, дар зарфи 9 моҳи соли ҷорӣ беш аз 300 нафар вайронкунандагони низоми сарҳадӣ боздошт гардида, 11 маротиба кӯшиши убури ғайриқонунии сарҳади давлатӣ ҷилавгирӣ шуд. Аз қочоқчиёни молҳои ниёзи мардум бошад, 84 тонна сӯзишвории дизелӣ, 30 тонна гази моеъ, 11 тонна ангиштсанг, 15 тонна пиёз ва ғайра дарёфт гардида, аз ин ҳисоб зиёда аз 137 000 сомонӣ ҷарима ба фоидаи давлат ситонда шуд.
Қобили зикр аст, ки дар ин давра бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳафт дидбонгоҳи нави замонавӣ бунёд гардид. Дидбонгоҳҳои сарҳадӣ аз утоқҳои корӣ, хобгоҳи афсарону сарбозон, синфхонаҳои таълимӣ ва компютерӣ, китобхона, хонаи фароғатӣ, ҳаммоми замонавӣ, анборҳои нигоҳдории маводи ғизоӣ ва майдончаҳои варзишӣ иборат мебошанд, ки барои таҳкими фаъолияти марзбонӣ мусоидат менамоянд.
Фирӯз ҶУМЪАЕВ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.10.2016    №: 212    Мутолиа карданд: 2461
27.09.2021


Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Қосим-Жомарт Токаев

СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ ВА РУШДИ ВАО

Лавров дар бораи ҳамоҳанг набудани ризоияти абарқудратҳо оид ба принсипҳои тартиботи ҷаҳонӣ сухан гуфт

Ҷаҳон дар як сатр

23.09.2021


Муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Мавритания барқарор шуданд

ЛИГАИ ОЛӢ

Машқҳои «Миссияи сулҳи СҲШ - 2021» дар вилояти Оренбург

Ҷаҳон дар як сатр

21.09.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - “Тоҷикон” ба Хуҷанд расид

Навидҳои фарҳанг

17.09.2021


Токаев аз кишварҳои СААД хост, ки дар таҳкими марзи Тоҷикистон ёрӣ расонанд

Ҷаҳон дар як сатр

СЕ МЕДАЛ - ТУҲФАИ ҶАШНӢ

16.09.2021


Ҷаласаи муштараки ШВКХ, ШВМ ва ККША СААД

ПАҲЛАВОНИ ТОҶИК - СОҲИБИ ШОҲҶОИЗА

СОЗИШНОМАИ БМТ БО БОНКИ МАРКАЗИИ РОССИЯ

ТОҶИКОБОД. НИЁЗМАНДОН ДАСТГИРӢ ЁФТАНД

ҶИУ-ҶИТСУ

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО НИКОЛ ПАШИНЯН

15.09.2021


Лоиҳаи Қонун «Дар бораи фаъолияти инжинирингӣ» баррасӣ гашт

ЛИГАИ ҚАҲРАМОНҲО

Рӯйдодҳои илмӣ

ХУҶАНД. БОЗ ЧАНД ИНШООТИ НАВИ ҶАШНӢ ДАР ХИЗМАТИ СОКИНОН

14.09.2021


Нахустин вохӯрии сарварони кишварҳои узви СҲШ ва СААД оид ба вазъи Афғонистон дар Душанбе

МАКТАБИ СИЁСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ КОРШИНОСОНУ МУҲАҚҚИҚОНИ ДОХИЛУ ХОРИҶРО БА ҲАМ МЕОРАД

“МАРҲАБО БА 20-СОЛАГИИ СҲШ”

I БОЗИҲОИ КИШВАРҲОИ ИДМ

ЛАХШ. ИММУНИЗАТСИЯ БО МАРОМ ИДОМА ДОРАД

13.09.2021


Маҷаллаи «Diplomatisches Magazin» дастовардҳои Тоҷикистонро муаррифӣ намуд

Дар Афғонистон ҷанг бо «Толибон» дубора авҷ гирифт

Ҷаҳон дар як сатр

ГӮШТИИ МИЛЛӢ

«ФАРҲАНГИ ДОРО»-И ДОРО

«ЧОРСӮ» ДАР КӮЛОБ МАКТАБ СОХТ

СУДҲОИ ИҚТИСОДӢ САМАРАИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ДАВЛАТИАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед