logo

ҳуқуқ

ХАТАРҲОИ ҶАҲОНӢ. ҲИФЗИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ ТАВАҶҶУҲИ БЕШТАР МЕХОҲАД

Дар доираи татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон айни замон дар мамлакат барномаҳои вижае амал мекунанд, ки меҳвари асосии онҳоро комолоти насли наврас, баланд бардоштани маърифати илмиву фарҳангӣ ва ҳуқуқӣ ташкил медиҳанд. Роҳбарияти олии кишвар дар шароити ҳассоси ҷаҳони муосир талошҳое ба харҷ медиҳанд, ки ҷавонони имрӯзи мо дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву меҳанпарастӣ ба воя расанд ва бо истифода аз шароитҳои мусоиди таълиму тадрис донишҳои замонавиро азбар намоянд.
 
Ҳанӯз соли 2011 ба манзури тарбияи арзишҳои ахлоқиву маънавӣ дар ниҳоди насли наврас Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» таҳия ва қабул гардид, ки то кунун бино ба арзёбии ҷомеашиносон натиҷаҳои мусбат ба бор овардааст. Ҳарчанд дар роҳи татбиқи ин санади меъ-ёрии ҳуқуқӣ то кунун камбудиҳо ҷой дошта, бархе волидон моҳияти аслии онро нодида мегиранд, дар маҷмӯъ як такони тоза дар роҳи расидан ба камолоти насли ояндасози кишвар гардид.
Бояд гуфт, ки дар шароити феълӣ яке аз хатарҳои таҳдидкунанда ба ҳаёти осоиштаи башарӣ ин терроризму ифротгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир аст, ки то кунун ҷони ҳазорҳо сокини сайёраро рабудааст. Мутаассифона, бо вуҷуди муборизаҳои дастаҷамъонаву ҳамоҳангшуда алайҳи ин зуҳуроти номатлубу хатарзо ҳанӯз ҳам таҳдидҳои воқеии терроризм аз миён нарафтааст. Ин ҳақиқат низ пӯшида нест, ки терроризм ва эктремизми сиёсӣ дар шароити авҷ гирифтани рақобатҳои геосиёсӣ гоҳҳо ба сифати абзори бозиҳои абарқудратҳо истифода мешавад, ки мисоли онро метавон дар ҳаводиси кишварҳои Ховари Миёна мушоҳида кард. Аз ин рӯ, дар пасманзари ҳодисаҳои нангини террористиву ҷиноятҳои фаромиллӣ, ки рӯзгори миллатҳои алоҳидаро тира сохтааст, мебояд зиракии сиёсӣ, шинохт ва ҳифзи арзишҳои миллиро беш аз ҳар вақти дигар тақвият дод. Ин ба он хотир аст, ки гурӯҳҳои ифротиву бозингарони саҳнаи сиёсии ҷаҳони муосир натавонанд фазои сулҳу амният ва хушу осудаи моро рахна созанд.
Боиси таассуф аст, ки то кунун бархе аз ҷавонону шаҳрвандони гумроҳи мо низ қурбони дасисаҳои гурӯҳҳои ифротӣ шуда, ноогоҳона ба сафи ҷангиёни ситезаҷӯ, бахусус «Давлати исломӣ» пайвастаанд, ки ба ҷуз оқибати ҳалокатбор чизи дигареро дар пай нахоҳад дошт. Хушбахтона, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз чанд соли пеш аз нуфузи «Давлати исломӣ» ва тавсеаи фаъолияти дигар ҷараёнҳои ифротӣ ин хатарҳоро дарк ва ҷавонони дар донишгоҳҳои исломии хориҷи кишвар таҳсилкунандаро ба Ватан бозгардонд, ки як иқдоми санҷидашуда дар роҳи пешгирӣ аз гароиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрави динӣ шинохта мешавад. Айни замон низ сохторҳои марбутаи давлатӣ ба манзури ҷилавгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба чунин гурӯҳҳо тадбирҳои судмандеро ҳам аз лиҳози қонунгузорӣ ва ҳам корҳои тарғиботӣ рӯйи даст гирифтаанд, ки натиҷаи он ба вуҷуд омадани як рӯҳияи зиддитеррористиву экстремистӣ дар ҷомеа мебошад. Ҷойи таъкид аст, ки дар пасманзари талошҳои давлату Ҳукумат дар ин самт мо ҷавонон низ бояд масъулият эҳсос намуда, дар ҳифзи арзишҳои миллӣ ва неъмати бароямон ҳадяшудаи сулҳу суботи кишвар иқдом намоем.
Ганҷинаи МИРЗО,
донишҷӯйи соли дуюми бахши рӯзноманигории коллеҷи фарҳангии ҷумҳуриявӣ ба номи П. Буйдоқов


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.10.2016    №: 213    Мутолиа карданд: 2356
23.09.2021


Муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Мавритания барқарор шуданд

ЛИГАИ ОЛӢ

Машқҳои «Миссияи сулҳи СҲШ - 2021» дар вилояти Оренбург

Ҷаҳон дар як сатр

21.09.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - “Тоҷикон” ба Хуҷанд расид

Навидҳои фарҳанг

17.09.2021


Токаев аз кишварҳои СААД хост, ки дар таҳкими марзи Тоҷикистон ёрӣ расонанд

Ҷаҳон дар як сатр

СЕ МЕДАЛ - ТУҲФАИ ҶАШНӢ

16.09.2021


Ҷаласаи муштараки ШВКХ, ШВМ ва ККША СААД

ПАҲЛАВОНИ ТОҶИК - СОҲИБИ ШОҲҶОИЗА

СОЗИШНОМАИ БМТ БО БОНКИ МАРКАЗИИ РОССИЯ

ТОҶИКОБОД. НИЁЗМАНДОН ДАСТГИРӢ ЁФТАНД

ҶИУ-ҶИТСУ

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО НИКОЛ ПАШИНЯН

15.09.2021


Лоиҳаи Қонун «Дар бораи фаъолияти инжинирингӣ» баррасӣ гашт

ЛИГАИ ҚАҲРАМОНҲО

Рӯйдодҳои илмӣ

ХУҶАНД. БОЗ ЧАНД ИНШООТИ НАВИ ҶАШНӢ ДАР ХИЗМАТИ СОКИНОН

14.09.2021


Нахустин вохӯрии сарварони кишварҳои узви СҲШ ва СААД оид ба вазъи Афғонистон дар Душанбе

МАКТАБИ СИЁСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ КОРШИНОСОНУ МУҲАҚҚИҚОНИ ДОХИЛУ ХОРИҶРО БА ҲАМ МЕОРАД

“МАРҲАБО БА 20-СОЛАГИИ СҲШ”

I БОЗИҲОИ КИШВАРҲОИ ИДМ

ЛАХШ. ИММУНИЗАТСИЯ БО МАРОМ ИДОМА ДОРАД

13.09.2021


Маҷаллаи «Diplomatisches Magazin» дастовардҳои Тоҷикистонро муаррифӣ намуд

Дар Афғонистон ҷанг бо «Толибон» дубора авҷ гирифт

Ҷаҳон дар як сатр

ГӮШТИИ МИЛЛӢ

«ФАРҲАНГИ ДОРО»-И ДОРО

«ЧОРСӮ» ДАР КӮЛОБ МАКТАБ СОХТ

СУДҲОИ ИҚТИСОДӢ САМАРАИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ДАВЛАТИАНД

ТАНТАНАИ ҶАШНИ МИЛЛӢ ДАР МУРҒОБ

08.09.2021


Маҷлиси намояндагон Қонуни авфро қабул кард

Задухӯрдҳои шадид дар водии Панҷшери Афғонистон идома доранд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед