logo

ҳуқуқ

ПУРСИШ ВА ПОСУХ

Ба саволҳо  Айналишо АЙНАЛИШОЕВ, муовини сардори Раёсати адлияи ВМКБ ва Фарҳод ТОИРОВ, роҳбари бахши муносибат ва ҳимояи Ташкилоти ҷамъиятии Ассотсиатсияи миллии занони соҳибкори Тоҷикистон, ҷавоб доданд. Зимнан, агар хонандагони гиромӣ пурсише доранд, метавонанд бо телефони 238 - 54 - 16 ба мо муроҷиат намоянд.

 
- Дар бораи пардохти нафақаи иҷтимоӣ ба шаҳрвандон роҳбарони корхонаву идораҳо маълумоти муфассал ва қонеъкунанда намедиҳанд. Бигӯед, ки барои гирифтани нафақаи иҷтимоӣ  киҳо ҳуқуқ доранд?
С.  Ёрмамадова,  сокини ноҳияи Рӯшон
 
-  Мувофиқи моддаи 109 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи  таъмини нафақаи  шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон” нафақаи иҷтимоӣ ба шахсони зерин пардохта мешавад:   шаҳрвандоне, ки  ба  гирифтани нафақаҳои меҳнатӣ  ҳуқуқ надоранд ва дар ягон ҷой кор намекунанд; агар шаҳрванд маъюби гурӯҳи 1, 2 бошад; агар шаҳрванд маъюби гурӯҳи 3 бошад (мардон  баъди расидан ба синни 63, занон  баъди расидан ба синни 60); кӯдакон  дар сурати маҳрум гаштан аз саробон; кӯдакони маъюб то расидан ба 16 - солагӣ.
* * *
- Ман соҳибмулки манзили истиқоматӣ мебошам. То хусусигардонии манзили истиқоматӣ корхонаи коммуналии маҳаллӣ аз мо барои хизматрасониҳои гуногун маблағи муайян меситонд. Ҳоло, пас аз хусусигардонӣ ман маблағи андоз, обу канализатсия, партов ва ғайраро худам пардохт мекунам. Аммо аз Корхонаи маҳаллии коммуналӣ аз ман боз пардохти ҳаққи манзил талаб мекунанд. Оё ман уҳдадорам, ки ҳаққи манзилро низ пардохт намоям?
А., нафакахӯри хизмати дохилӣ, шаҳри Қӯрғонтеппа

- Қонунгузории манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаи 11) шаҳрвандонро вазифадор кардааст, ки дар мавриди соҳибӣ ва истифодабарии манзили истиқоматӣ талаботро оид ба вазъи санитарии манзил риоя намоянд.  Агар шумо барои риоя кардани чунин талаботи қонун ва дар ҳолати хуби санитарӣ нигоҳ доштани хонаатон бо ягон ташкилот шартномаи хизматрасонии пулакӣ баста бошед, он гоҳ баъди қабули иҷрои чунин хизматрасонӣ шумо бояд ҳаққи онро пардохт кунед. Чунки мутобиқи талаботи моддаи 330 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон уҳдадорӣ бояд тибқи шарт ва тартиби муқарраршуда иҷро шавад. Агар байни шумо ва дилхоҳ ташкилот оид ба иҷрои хизматрасонии пулакӣ шартнома баста нашуда бошад, талаб кардани пардохти ҳақ нодуруст мебошад.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.10.2016    №: 214    Мутолиа карданд: 2350
27.09.2021


Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Қосим-Жомарт Токаев

СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ ВА РУШДИ ВАО

Лавров дар бораи ҳамоҳанг набудани ризоияти абарқудратҳо оид ба принсипҳои тартиботи ҷаҳонӣ сухан гуфт

Ҷаҳон дар як сатр

23.09.2021


Муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Мавритания барқарор шуданд

ЛИГАИ ОЛӢ

Машқҳои «Миссияи сулҳи СҲШ - 2021» дар вилояти Оренбург

Ҷаҳон дар як сатр

21.09.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - “Тоҷикон” ба Хуҷанд расид

Навидҳои фарҳанг

17.09.2021


Токаев аз кишварҳои СААД хост, ки дар таҳкими марзи Тоҷикистон ёрӣ расонанд

Ҷаҳон дар як сатр

СЕ МЕДАЛ - ТУҲФАИ ҶАШНӢ

16.09.2021


Ҷаласаи муштараки ШВКХ, ШВМ ва ККША СААД

ПАҲЛАВОНИ ТОҶИК - СОҲИБИ ШОҲҶОИЗА

СОЗИШНОМАИ БМТ БО БОНКИ МАРКАЗИИ РОССИЯ

ТОҶИКОБОД. НИЁЗМАНДОН ДАСТГИРӢ ЁФТАНД

ҶИУ-ҶИТСУ

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО НИКОЛ ПАШИНЯН

15.09.2021


Лоиҳаи Қонун «Дар бораи фаъолияти инжинирингӣ» баррасӣ гашт

ЛИГАИ ҚАҲРАМОНҲО

Рӯйдодҳои илмӣ

ХУҶАНД. БОЗ ЧАНД ИНШООТИ НАВИ ҶАШНӢ ДАР ХИЗМАТИ СОКИНОН

14.09.2021


Нахустин вохӯрии сарварони кишварҳои узви СҲШ ва СААД оид ба вазъи Афғонистон дар Душанбе

МАКТАБИ СИЁСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ КОРШИНОСОНУ МУҲАҚҚИҚОНИ ДОХИЛУ ХОРИҶРО БА ҲАМ МЕОРАД

“МАРҲАБО БА 20-СОЛАГИИ СҲШ”

I БОЗИҲОИ КИШВАРҲОИ ИДМ

ЛАХШ. ИММУНИЗАТСИЯ БО МАРОМ ИДОМА ДОРАД

13.09.2021


Маҷаллаи «Diplomatisches Magazin» дастовардҳои Тоҷикистонро муаррифӣ намуд

Дар Афғонистон ҷанг бо «Толибон» дубора авҷ гирифт

Ҷаҳон дар як сатр

ГӮШТИИ МИЛЛӢ

«ФАРҲАНГИ ДОРО»-И ДОРО

«ЧОРСӮ» ДАР КӮЛОБ МАКТАБ СОХТ

СУДҲОИ ИҚТИСОДӢ САМАРАИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ДАВЛАТИАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед