logo

ҳуқуқ

САНАДИ ОЛИИ ҲУҚУҚӢ. МЕЪЁРҲОИ ОН АЗ ЗАМИРИ ХАЛҚ БАРХОСТААСТ

Таърихи мамолики гуногуни ҷаҳон  борҳо исбот намудааст, ки раванди бунёди давлату давлатдорӣ мушкил ва хеле  пуртазод  буда, ҳар як марҳалаи инкишофи он хусусиятҳои хоси худро дорад. Ин марҳалаҳо метаво-нанд дар фазои сулҳу субот ва ё баръакс муташанниҷу ноором ҷараён гирифта, хатарҳои  бузургро дар роҳи мавҷудияти минбаъдаи давлат эҷод намоянд. Маҳз, бинобар омилҳои дувумӣ бисёр миллатҳо аз давлатдории миллии худ бенасиб гашта, фарҳангу забони худро ба нестӣ додаанд ва дар маҷрои пурталотуми таърих симои  миллиашонро гум карданд. Зеро натавонистанд имконияти таърихиеро, ки баҳри пойдории онҳо фароҳам оварда  буд, мақсаднок истифода  баранд.
Аз нуҳ сентябри соли 1991, вақте ки кишварамон соҳибистиқлол гашт ва ҳамчун субъекти комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ шинохта шуд,  марҳалаи шукуфоии Тоҷикистон оғоз ёфт. Барои дар сатҳи ҳуқуқӣ ба расмият даровардани соҳибистиқлолӣ давлатро зарур буд, ки  Конститутсияи миллии худро қабул намояд. Зеро давлати соҳибистиқлол наметавонист ҳаёти  сиёсии худро тавассути Қонуни асосии пешина  идора намояд. Аз ҷониби дигар муносибатҳои нави сиёсии ҷомеа тақозо мекарданд, то дар мамлакат Конститутсияи нав қабул гардад. Бо ин мақсад комиссияи вижа оид ба тайёр  кардани лоиҳаи Конститутсия ташкил шуда, назо-рат ва сарварии он бевосита ба уҳдаи Раиси Шӯрои Олии кишвар Эмомалӣ Раҳмон гузошта шуд.
Ҳамин тавр, лоиҳаи Конститутсия, ки бо ҷалби ҳуқуқшиносони шинохта, олимон ва мутахассисони варзи-даи соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа таҳия гардид, бо роҳи  раъйпурсии умумихалкӣ қабул гашт. Ба ҷонибдории он аз 94,4 дарсади иштироккунандагон 87,59 дарсад раъй дода, моҳиятан роҳи тараққиёти ояндаи худро муайян карданд. Акнун Конститутсияро ба биное шабоҳат додан мумкин буд, ки аз рӯи он  сохтмонро оғоз кардан лозим меомад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон иброз доштанд, ки: «Халқи тоҷик, бо вуҷуди вазъи душвори сиёсиву иқтисодӣ ва  нобасомониву мушкилиҳои солҳои аввали истиқлолият, бо камоли масъулияти шаҳрвандӣ, дарки қарзи ватандорӣ ва такя ба арзишу  муқаддасоти таърихиву  фарҳангии худ, нахустин Кон-ститутсияи давлати соҳибистиқлоли худро қабул карда, орзую ормонҳои чандинасраи ниёгони хешро амалӣ намуд».
Воқеан, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади олии ҳуқуқиест, ки  дар он таҳкурсии ҳуқуқии давлат гузошта шуда, шакл, моҳият, мазмун, ҳадаф ва вазифаҳо муайян карда шудаанд. Бо назардошти талаботи рӯзафзуни ҳаёт ва бо мақсади тезондани ҷараёни демократисозии ҷомеа, инчунин бо тақозои меъёрҳои пешрафтаи ҷаҳон ва зарурияти таъсис  додани парламенти касбии доимоамалкунанда, арзиши олӣ эъти-роф шудани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳамзамон бо мақсади ба даст овардани  созиши миллӣ ба Конститутсия се маротиба тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд. Ҳоло Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фарогири тамоми арзишҳои байналмилалӣ ва мутобиқ ба анъанаву суннатҳои мардуми тоҷик буда, ҳамаи меъёрҳои он ифодакунандаи мақсад, вазифа, ҳадаф ва орзуи деринаи халқамон ба ҳисоб мераванд. Меъёрҳои он ба ташаккули соҳаҳои ҳуқуқӣ ва такмили  қонунгузории кишвар мусоидат намуда, дар низоми соҳаҳои ҳуқуқ ва қонунгузорӣ мавқеи назаррас доранд.
Хайбар ЗАЙДУЛЛОЗОДА,
прокурори ноҳияи Рӯшон, мушовири адлияи дараҷаи 3


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.10.2016    №: 216    Мутолиа карданд: 2060
27.09.2021


СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ ВА РУШДИ ВАО

Лавров дар бораи ҳамоҳанг набудани ризоияти абарқудратҳо оид ба принсипҳои тартиботи ҷаҳонӣ сухан гуфт

Ҷаҳон дар як сатр

23.09.2021


Муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Мавритания барқарор шуданд

ЛИГАИ ОЛӢ

Машқҳои «Миссияи сулҳи СҲШ - 2021» дар вилояти Оренбург

Ҷаҳон дар як сатр

21.09.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - “Тоҷикон” ба Хуҷанд расид

Навидҳои фарҳанг

17.09.2021


Токаев аз кишварҳои СААД хост, ки дар таҳкими марзи Тоҷикистон ёрӣ расонанд

Ҷаҳон дар як сатр

СЕ МЕДАЛ - ТУҲФАИ ҶАШНӢ

16.09.2021


Ҷаласаи муштараки ШВКХ, ШВМ ва ККША СААД

ПАҲЛАВОНИ ТОҶИК - СОҲИБИ ШОҲҶОИЗА

СОЗИШНОМАИ БМТ БО БОНКИ МАРКАЗИИ РОССИЯ

ТОҶИКОБОД. НИЁЗМАНДОН ДАСТГИРӢ ЁФТАНД

ҶИУ-ҶИТСУ

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО НИКОЛ ПАШИНЯН

15.09.2021


Лоиҳаи Қонун «Дар бораи фаъолияти инжинирингӣ» баррасӣ гашт

ЛИГАИ ҚАҲРАМОНҲО

Рӯйдодҳои илмӣ

ХУҶАНД. БОЗ ЧАНД ИНШООТИ НАВИ ҶАШНӢ ДАР ХИЗМАТИ СОКИНОН

14.09.2021


Нахустин вохӯрии сарварони кишварҳои узви СҲШ ва СААД оид ба вазъи Афғонистон дар Душанбе

МАКТАБИ СИЁСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ КОРШИНОСОНУ МУҲАҚҚИҚОНИ ДОХИЛУ ХОРИҶРО БА ҲАМ МЕОРАД

“МАРҲАБО БА 20-СОЛАГИИ СҲШ”

I БОЗИҲОИ КИШВАРҲОИ ИДМ

ЛАХШ. ИММУНИЗАТСИЯ БО МАРОМ ИДОМА ДОРАД

13.09.2021


Маҷаллаи «Diplomatisches Magazin» дастовардҳои Тоҷикистонро муаррифӣ намуд

Дар Афғонистон ҷанг бо «Толибон» дубора авҷ гирифт

Ҷаҳон дар як сатр

ГӮШТИИ МИЛЛӢ

«ФАРҲАНГИ ДОРО»-И ДОРО

«ЧОРСӮ» ДАР КӮЛОБ МАКТАБ СОХТ

СУДҲОИ ИҚТИСОДӢ САМАРАИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ДАВЛАТИАНД

ТАНТАНАИ ҶАШНИ МИЛЛӢ ДАР МУРҒОБ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед