logo

ҳуқуқ

ҚОЧОҚ. ИН ДАФЪА МАҲСУЛОТИ ХӮРОКВОРӢ

Кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд якҷо бо масъулони прокуратураи вилоят ҳангоми гузарондани амалиёти вижаи гумрукӣ ҳолати ғайриқонунӣ ворид намудани маҳсулоти хӯроквориро дар маҳаллаи Раззоқи шаҳри Хуҷанд ошкор намуданд.
Бино ба иттилои Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз манзили истиқоматии шаҳрванд Р. М. ва аз воситаи нақлиёти тамғаи «МАН»,  рақами қайди давлатиаш 14 82 ЕН 02, таҳти идораи шаҳрванд М. И. 3312 килограмм маҳсулоти хӯрокворӣ, аз ҷумла занбӯруғҳои гуногун, консерваҳои моҳигӣ, уксус, шири хушк, қанди сафед, равғани зайтун, нахӯди сабз, шоколад, хамираи помидор, макарони «Смак», ҳалвои «Долино», карамели «Рошен» дарёфт ва мусодира шуд. Ин маҳсулот ба сокини 25 - солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафоров Ҷ. Х. тааллуқ дошта, номбурда онҳоро бидуни назорати гумрукӣ аз Ҷумҳурии Қирғизистон ба Тоҷикистон ворид намудааст.
Тибқи хулосаи филиали Суғдии Маркази ҷумҳуриявии экспертизаҳои судӣ ва криминалистии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши умумии маводи хӯрокворӣ аз рӯи намуд ва миқдорашон 225 ҳазору 392 сомониро ташкил медиҳад. Аз рӯи ҳолати мазкур нисбат ба шаҳрванд Ҷ. Х. бо моддаи 289, қисми 1 - и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва ба Прокуратураи вилояти Суғд ирсол шуд.
Зимни гузарондани амалиёти дигари гумрукӣ кормандони ҳамин раёсат аз ҳавлии шаҳрванд Д. Н., воқеъ дар деҳоти Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба миқдори зиёд маводи хӯроквориро дарёфт ва мусодира карданд. Дар натиҷаи санҷиш маълум гашт, ки қанди навъи «Кармелкино», «Дюшес», «Бим - Бом» - и истеҳсоли Украина, консерваҳои гӯштии Қазоқистон, равғани зайтуни Туркия, нахӯди сабзи «Агростар», «Экостар» ва «Экос» - и Ҷумҳурии Молдова, консерваҳои «Сайра», ҷуворимаккаи ширини Ҷумҳурии Мардумии Чин, шпроти навъи «Голд» - и Латвия, шоколади «Вечер», қиёми шири «Варёнка» ва консерваи гӯсфандии истеҳсоли Федератсияи Русия ба сокини 35 - солаи  шаҳри Хуҷанд А. А. тааллуқ доштааст. Номбурда ин молҳоро ба воситаи нақлиёти тамғаи «Мерседес бенс Спринтер» аз Ҷумҳурии Қирғизистон бо роҳҳои ғайрирасмии ҳудуди деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бидуни назорати гумрукӣ ба Тоҷикистон ворид намудааст.
Тибқи хулосаи филиали Суғдии Маркази ҷумҳуриявии экспертизаҳои судӣ ва криминалистии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши умумии моли мусодирашуда 207 ҳазору 183 сомониро ташкил медиҳад. Нисбат ба шаҳрванд А. А. низ бо моддаи 289, қисми 1 - и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, аз рӯи тобеияти тафтишотӣ ба прокуратураи вилояти Суғд фиристода шуд.
Д. РӮЗИЕВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.11.2016    №: 217    Мутолиа карданд: 2095
27.09.2021


Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Қосим-Жомарт Токаев

СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ ВА РУШДИ ВАО

Лавров дар бораи ҳамоҳанг набудани ризоияти абарқудратҳо оид ба принсипҳои тартиботи ҷаҳонӣ сухан гуфт

Ҷаҳон дар як сатр

23.09.2021


Муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Мавритания барқарор шуданд

ЛИГАИ ОЛӢ

Машқҳои «Миссияи сулҳи СҲШ - 2021» дар вилояти Оренбург

Ҷаҳон дар як сатр

21.09.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - “Тоҷикон” ба Хуҷанд расид

Навидҳои фарҳанг

17.09.2021


Токаев аз кишварҳои СААД хост, ки дар таҳкими марзи Тоҷикистон ёрӣ расонанд

Ҷаҳон дар як сатр

СЕ МЕДАЛ - ТУҲФАИ ҶАШНӢ

16.09.2021


Ҷаласаи муштараки ШВКХ, ШВМ ва ККША СААД

ПАҲЛАВОНИ ТОҶИК - СОҲИБИ ШОҲҶОИЗА

СОЗИШНОМАИ БМТ БО БОНКИ МАРКАЗИИ РОССИЯ

ТОҶИКОБОД. НИЁЗМАНДОН ДАСТГИРӢ ЁФТАНД

ҶИУ-ҶИТСУ

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО НИКОЛ ПАШИНЯН

15.09.2021


Лоиҳаи Қонун «Дар бораи фаъолияти инжинирингӣ» баррасӣ гашт

ЛИГАИ ҚАҲРАМОНҲО

Рӯйдодҳои илмӣ

ХУҶАНД. БОЗ ЧАНД ИНШООТИ НАВИ ҶАШНӢ ДАР ХИЗМАТИ СОКИНОН

14.09.2021


Нахустин вохӯрии сарварони кишварҳои узви СҲШ ва СААД оид ба вазъи Афғонистон дар Душанбе

МАКТАБИ СИЁСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ КОРШИНОСОНУ МУҲАҚҚИҚОНИ ДОХИЛУ ХОРИҶРО БА ҲАМ МЕОРАД

“МАРҲАБО БА 20-СОЛАГИИ СҲШ”

I БОЗИҲОИ КИШВАРҲОИ ИДМ

ЛАХШ. ИММУНИЗАТСИЯ БО МАРОМ ИДОМА ДОРАД

13.09.2021


Маҷаллаи «Diplomatisches Magazin» дастовардҳои Тоҷикистонро муаррифӣ намуд

Дар Афғонистон ҷанг бо «Толибон» дубора авҷ гирифт

Ҷаҳон дар як сатр

ГӮШТИИ МИЛЛӢ

«ФАРҲАНГИ ДОРО»-И ДОРО

«ЧОРСӮ» ДАР КӮЛОБ МАКТАБ СОХТ

СУДҲОИ ИҚТИСОДӢ САМАРАИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ДАВЛАТИАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед