logo

ҳуқуқ

САНАДИ ОЛӢ. СУХАН ДАР БОРАИ КОНСТИТУТСИЯ ВА НИЗОМИ НАВИ ДАВЛАТДОРӢ МЕРАВАД

Низоми нави давлатдорӣ, ки дар заминаи Истиқлолияти давлатӣ ба миён омад, ҳанӯз дар солҳои 1992 ҷомеаи моро дар пешорӯи тағйирот ва гардишҳои куллӣ қарор дод. Дар ин росто, пеш аз ҳама, зарурати эҷод ва қабули асноди танзимкунандаи муносибатҳои ҷомеа, бахусус Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар меҳвари асосӣ қарор гирифт.
Бо гузашти 22 сол аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷриба нишон дод, ки маҳз ин санади олӣ асосҳои ҳуқуқии рушди муносибатҳои ҷамъиятиро фароҳам оварда, дахлнопазирӣ ва якпорчагии кишвар, манфиатҳои миллӣ, ҳадафҳои сиёсати дохиливу хориҷиро муайян сохт. Ҷой додани принсипҳои демократӣ, арзишҳои умумибашарӣ, аз ҷумла арзиши олӣ эътироф намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эътироф гардидани халқ, гуногунандешӣ, таҷзияи ҳокимият ба шохаҳо, эътирофи гуногуншаклии моликият ва дигар меъёрҳои ҷавобгӯ ба низоми ҳуқуқии ҷаҳони муосир дар Конститутсия буд, ки он аз сӯи коршиносони байналмилалӣ, бахусус ҳуқуқшиносони Федератсияи Русияву Амрико ва кишварҳои Аврупо ба сифати яке аз конститутсияҳои демократиасос шинохта шуд. Зимнан, ин санади олӣ дар қатори панҷ конститутсияи беҳтарини давлатҳои узви Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо эътироф шудааст.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи эҷоди қонуну санадҳои моҳиятан миллӣ ва созгор ба паймонҳои байналмилалӣ буда, таъмини ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, сарфи назар аз миллату маҳал, нажоду забон, мазҳабу эътиқодро кафолат додааст. Гузашта аз ин, эътирофи гуногунандешии сиёсӣ ва бо ин роҳ таъмини иштироки васеи доираҳои гуногуни ҷомеа дар идора намудани корҳои давлатӣ, ки дар моддаи ҳаштуми он дарҷ гардидааст, аз ҷумлаи меъёри конститутсиониест, ки мардум онро хуш пазируфтанд.
Тавре маълум аст, дар Конститутсия мавқеи асосиро ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ташкил медиҳад. Бахшидани аз се як ҳиссаи Конститутсия (аз моддаи 14 то 47) ба ин масъала баёнгари мазмуну моҳияти ҷомеаи шаҳрвандӣ буда, пуштибонии амиқи давлат аз манофеи шаҳрвандонро бозгӯ менамояд. Олимони соҳаи ҳуқуқшиносӣ эътироф мекунанд, ки тағйиру иловаҳое, ки 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсия ворид гардиданд, ин ҷараёнро такмилу пурратар сохтанд. Дар баробари ин, Конститутсия ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муайян кардаанд, ки шаҳрванд ба ғайр аз ҳуқуқу озодиҳо, инчунин дорои масъулият ва уҳдадориҳо низ мебошад, ки он ҳамчун меъёрҳои конститутсионӣ бояд мавриди иҷро қарор гирад.
Дар татбиқи меъёрҳои конститутсия, бахсус таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ки ҷавҳари аслии низоми демократист, нақши мақомоти судӣ назаррас аст. Ин дар ҳолест, Конститутсия барои ислоҳоти системаи судии мамлакат, ки дар саргаҳи ҳалли одилонаи баҳсу мунозираҳо ва барқарор намудани ҳуқуқҳои поймолшудаи шаҳрвандон қарор дорад, заминаи мусоид фароҳам оварда, ҳокимияти судӣ дар баробари ҳокимияти иҷроия ва қонунгузор яке аз рукнҳои мустақили ҳокимияти давлатӣ муайян гардид.
Дар моддаи 84-и Конститутсия  омадааст, ки «Ҳокимияти суди мустақил буда, аз номи давлат ва аз тарафи судҳо амалӣ мегардад. Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиатҳои давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонуну адолатро ҳифз менамояд». Аз ин нукта бармеояд, ки дар ниҳоят суд қодир аст, адолати иҷтимоиро ба амал барорад.
Феълан мақомоти судии кишвар ҷиҳати таъмини адолати томи иҷтимоӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои аъзои ҷомеа, муассисаю корхонаҳо ва ташкилоту созмонҳо ба пешрафтҳо мушарраф шудаанд. Талошҳо дар ин самт идома доранд, зеро эъмори ҷомеаи воқеан демократӣ, пешрафти муносибатҳои нави бозорӣ ба фаъолияти ҳокимияти судии мустақил, беғаразу устувор ва босалоҳият алоқаманд аст.
Раҳмиддин РАҲИМЗОДА,
Абдулҳамиди ИСКАНДАРЗОД,
судяҳои Суди ноҳияи Синои
шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.11.2016    №: 217    Мутолиа карданд: 2145
27.09.2021


Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Қосим-Жомарт Токаев

СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ ВА РУШДИ ВАО

Лавров дар бораи ҳамоҳанг набудани ризоияти абарқудратҳо оид ба принсипҳои тартиботи ҷаҳонӣ сухан гуфт

Ҷаҳон дар як сатр

23.09.2021


Муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Мавритания барқарор шуданд

ЛИГАИ ОЛӢ

Машқҳои «Миссияи сулҳи СҲШ - 2021» дар вилояти Оренбург

Ҷаҳон дар як сатр

21.09.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - “Тоҷикон” ба Хуҷанд расид

Навидҳои фарҳанг

17.09.2021


Токаев аз кишварҳои СААД хост, ки дар таҳкими марзи Тоҷикистон ёрӣ расонанд

Ҷаҳон дар як сатр

СЕ МЕДАЛ - ТУҲФАИ ҶАШНӢ

16.09.2021


Ҷаласаи муштараки ШВКХ, ШВМ ва ККША СААД

ПАҲЛАВОНИ ТОҶИК - СОҲИБИ ШОҲҶОИЗА

СОЗИШНОМАИ БМТ БО БОНКИ МАРКАЗИИ РОССИЯ

ТОҶИКОБОД. НИЁЗМАНДОН ДАСТГИРӢ ЁФТАНД

ҶИУ-ҶИТСУ

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО НИКОЛ ПАШИНЯН

15.09.2021


Лоиҳаи Қонун «Дар бораи фаъолияти инжинирингӣ» баррасӣ гашт

ЛИГАИ ҚАҲРАМОНҲО

Рӯйдодҳои илмӣ

ХУҶАНД. БОЗ ЧАНД ИНШООТИ НАВИ ҶАШНӢ ДАР ХИЗМАТИ СОКИНОН

14.09.2021


Нахустин вохӯрии сарварони кишварҳои узви СҲШ ва СААД оид ба вазъи Афғонистон дар Душанбе

МАКТАБИ СИЁСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ КОРШИНОСОНУ МУҲАҚҚИҚОНИ ДОХИЛУ ХОРИҶРО БА ҲАМ МЕОРАД

“МАРҲАБО БА 20-СОЛАГИИ СҲШ”

I БОЗИҲОИ КИШВАРҲОИ ИДМ

ЛАХШ. ИММУНИЗАТСИЯ БО МАРОМ ИДОМА ДОРАД

13.09.2021


Маҷаллаи «Diplomatisches Magazin» дастовардҳои Тоҷикистонро муаррифӣ намуд

Дар Афғонистон ҷанг бо «Толибон» дубора авҷ гирифт

Ҷаҳон дар як сатр

ГӮШТИИ МИЛЛӢ

«ФАРҲАНГИ ДОРО»-И ДОРО

«ЧОРСӮ» ДАР КӮЛОБ МАКТАБ СОХТ

СУДҲОИ ИҚТИСОДӢ САМАРАИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ДАВЛАТИАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед