logo

ҳуқуқ

ШОҲСУТУН ВА ШИНОСНОМАИ ДАВЛАТ

Ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд бевосита, мазмуни қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии маҳаллиро муайян карда ва ба воситаи ҳокимияти судӣ таъмин мегарданд. Ин меъёр дар моддаи 14 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст.
Бевосита амалӣ шудани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мазмуни онро дорад, ки ҳамаи шахсони мансабдор ва мақомоти давлатӣ бояд онҳоро эҳтиром, риоя ва ҳифз намоянд. Мақомоти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия, маҳаллӣ ва худидоракунии маҳаллӣ дар фаъолияти худ бояд, пеш аз ҳама, ҳуқуқу озодиҳои инсонро ба назар гиранд. Фаъолияти онҳо набояд дар ягон маврид ҳуқуқу озодиҳои инсонро халалдор ё маҳдуд созад. Агар ҳуқуқу озодиҳои инсон бевосита амалӣ ва риоя нашаванд, онҳо ба воситаи ҳокимияти судӣ аз роҳи татбиқи чораҳои маҷбуркунӣ таъмин карда мешаванд.
Чунин муқаррарот феълан мавриди амал қарор дошта, шаҳрвандон бо истифода аз ҳуқуқҳои конститутсионии худ оид ба ҳолати қонуншиканӣ ва ё поймол шудани ҳуқуқҳояшон ба суд муроҷиат мекунанд. Чунончи, дар зарфи нуҳ моҳи соли ҷорӣ дар Суди ноҳияи Шаҳритузи вилояти Хатлон 250 арзу шикоят ва муроҷиати сокинон сабт гардида, перомуни онҳо чораҳои қонунӣ андешида, ҳамзамон тавсияҳои зарурӣ дода шуд. Дар ин давра ба суди ноҳия 109 парвандаи ҷиноятӣ, 94 парвандаи гаржданӣ, 408 парвандаи оилавӣ ва 726 парвандаи маъмурӣ ворид гардида, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Таҷрибаи судӣ ва баррасии арзу шикояти мардум ба суд нишон медиҳад, ки дар баъзе ҳолатҳо шаҳрвандон талаботи қонунҳои амалкунандаро намедонанд ва ё риоя намекунанд. Ҳол он ки дар ҷомеаи шаҳрвандӣ меъёри асосии муайянкунандаи доира ва ҳудуди ҳар гуна озодӣ қонун аст. Маҳз қонун омили асосии татбиқи принсипҳои озодӣ, адолат ва баробарӣ мебошад. Аз ин рӯ, ҳар фарди ҷомеа масъул аст, ки барои ба даст овардани ин арзишҳои олӣ танҳо дар доираи талаботи муайяннамудаи қонун рафтор намояд. Ин нукта низ набояд фаромӯш шавад, ки қонун дар баробари кафолати озодӣ меъёри маҳдудкунанда низ дорад ва он дар моддаи 14  Конститутсия ба гунаи зайл дарҷ шудааст: «Маҳдуд кардани ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрванд танҳо бо мақсади таъмини ҳуқуқ ва озодии дигарон, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимояи сохти конститутсионӣ ва тамомияти арзии ҷумҳурӣ раво дониста мешавад».
Тавре маълум аст, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба гуфтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Шоҳсутун ва шиносномаи давлат» мебошад, бо назардошти ирода ва манфиатҳои аксари мутлақи мардуми кишвар ва роҳи рушди ояндаи давлат пазируфта шудааст. Таърих низ гувоҳ хоҳад буд, ки маҳз ин ҳуҷҷати олии ҳуқуқӣ сохти давлатдорӣ ва низоми ҳаёти ҷомеаи нави Тоҷикистонро муайян намуда, ба сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар мамлакат асоси боэътимод гузошт.
Аз ин рӯ, ба хотири ҳифзи сулҳу суботи ҷомеа, таъмини рушди бонизоми кишвар ҳар яки моро зарур аст, ки ба арзишҳои конститутсионӣ эҳтиром гузорем, омӯзишу риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқиро, ки аз Констутитсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфтаанд дар меҳвари кору фаъолият ва зиндагии хеш қарор диҳем. Зеро таҷриба нишон медиҳад, ки давлату миллати қонунсолор устувору бегазанд ва гузашта аз ин соҳиби мақому ҷойгоҳи шоиста аст.
Холмурод ЗУҲУРИЁН, 
раиси суди  ноҳияи Шаҳритуз


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.11.2016    №: 218    Мутолиа карданд: 2280
23.09.2021


Муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Мавритания барқарор шуданд

ЛИГАИ ОЛӢ

Машқҳои «Миссияи сулҳи СҲШ - 2021» дар вилояти Оренбург

Ҷаҳон дар як сатр

21.09.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - “Тоҷикон” ба Хуҷанд расид

Навидҳои фарҳанг

17.09.2021


Токаев аз кишварҳои СААД хост, ки дар таҳкими марзи Тоҷикистон ёрӣ расонанд

Ҷаҳон дар як сатр

СЕ МЕДАЛ - ТУҲФАИ ҶАШНӢ

16.09.2021


Ҷаласаи муштараки ШВКХ, ШВМ ва ККША СААД

ПАҲЛАВОНИ ТОҶИК - СОҲИБИ ШОҲҶОИЗА

СОЗИШНОМАИ БМТ БО БОНКИ МАРКАЗИИ РОССИЯ

ТОҶИКОБОД. НИЁЗМАНДОН ДАСТГИРӢ ЁФТАНД

ҶИУ-ҶИТСУ

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО НИКОЛ ПАШИНЯН

15.09.2021


Лоиҳаи Қонун «Дар бораи фаъолияти инжинирингӣ» баррасӣ гашт

ЛИГАИ ҚАҲРАМОНҲО

Рӯйдодҳои илмӣ

ХУҶАНД. БОЗ ЧАНД ИНШООТИ НАВИ ҶАШНӢ ДАР ХИЗМАТИ СОКИНОН

14.09.2021


Нахустин вохӯрии сарварони кишварҳои узви СҲШ ва СААД оид ба вазъи Афғонистон дар Душанбе

МАКТАБИ СИЁСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ КОРШИНОСОНУ МУҲАҚҚИҚОНИ ДОХИЛУ ХОРИҶРО БА ҲАМ МЕОРАД

“МАРҲАБО БА 20-СОЛАГИИ СҲШ”

I БОЗИҲОИ КИШВАРҲОИ ИДМ

ЛАХШ. ИММУНИЗАТСИЯ БО МАРОМ ИДОМА ДОРАД

13.09.2021


Маҷаллаи «Diplomatisches Magazin» дастовардҳои Тоҷикистонро муаррифӣ намуд

Дар Афғонистон ҷанг бо «Толибон» дубора авҷ гирифт

Ҷаҳон дар як сатр

ГӮШТИИ МИЛЛӢ

«ФАРҲАНГИ ДОРО»-И ДОРО

«ЧОРСӮ» ДАР КӮЛОБ МАКТАБ СОХТ

СУДҲОИ ИҚТИСОДӢ САМАРАИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ДАВЛАТИАНД

ТАНТАНАИ ҶАШНИ МИЛЛӢ ДАР МУРҒОБ

08.09.2021


Маҷлиси намояндагон Қонуни авфро қабул кард

Задухӯрдҳои шадид дар водии Панҷшери Афғонистон идома доранд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед